21 тан аз устодони забон ва адаби форсӣ, "Шоҳнома"-шиносон ва пажӯҳишгарони таъриху фарҳанги Эрон бо навиштани номаи саркушода ба шаҳрдори Салмос дар вилояти Озарбойҷони ғарбӣ ба кандани ҳайкали Абулқосим Фирдавсӣ аз Майдони Фирдавсии ин шаҳр дар ҳафтаи гузашта эътироз карданд.
Ин чеҳраҳои шинохтаи фарҳангӣ, ки дар дохил ва хориҷи Эрон зиндагӣ мекунанд, дар ин нома аз ҷумла навиштаанд, Фирдавсӣ дар ҷойгоҳи як чеҳраи фарҳангӣ чунон пуровоза ва машҳур аст, ки дар чанд шаҳри муҳими кишварҳои дигари аврупоӣ, аз ҷумла Рим, пойтахти Итолиё, майдонҳое ба исми ӯ номгузорӣ шудаанд ва муҷассамаҳои ӯ солҳост, ки дар ин майдонҳо қад афрохтааст. Муаллифони нома гуфтаанд, "мояи шармсорӣ аст, ки дар Эрон, сарзамини Фирдавсӣ, майдон ва ҳайкалу номи ӯро бизудоянд."
Тибқи гузоришҳо, мақомоти ин шаҳр бо барчидани муҷассамаи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ният доранд, номи ин майдонро ба "Майдони инқилоб" тағйир диҳанд. Шаҳрдории Салмос барои меъмории нави "Майдони инқилоб" озмун эълон кардааст, то тарҳи нав барои ин майдон таъйид шавад.
Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ аз бузургтарин шоирони адабиёти форс- тоҷик ва муаллифи "Шоҳнома" - ҳамосаи мардуми эронитабор аст.
Муҷассамаи Абулқосими Фирдавсӣ дар авоили солҳои навади асри гузашта, баъд аз кандани ҳайкали Владимир Ленин, майдони марказии шаҳри (баъдан "Озодӣ" ва ҳоло "Дӯстӣ") Душанберо зеб медод. Вале бо тасмими ҳукумат, ҳайкали Фирдавсӣ чанд сол баъд ҷои худро ба Исмоили Сомонӣ дод ва худ ба гӯшаи шаҳр дар майдони "Дӯстии халқҳо", воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, "кӯч баст".