Фавти се кӯдак бар асари чаппашавии девор дар Душанбе

Ин зан мегӯяд, дар ин ҳодиса ду фарзандашро аз даст дод

Дар пайи чаппа шудани девори атрофи чоҳбун (котлован) дар Душанбе, ки аз ҷониби ширкати "ДСК Тоҷикистон" канда шуда буд, се кӯдак ҷон бохтаанд. Ҳодиса рӯзи 17-уми сентябр дар маҳаллаи Ҳабибулло Назарови пойтахт рӯй дод.

Як корманди ширкати бинокорӣ гуфт, ки девор ба онҳо тааллуқ надорад. Дар Додситонӣ гуфтанд, ки парвандаи ҷиноӣ боз шуда, чанд масъулу кормандони "ДСК Тоҷикистон" дастгир карда шудаанд.

"Назорат кунанд, то..."

Кӯдакони ҷонбохта – Басбигули 4-сола ва Зиёдуллои 10-сола аз як хонавода ва Юсуфи 9-сола аз оилаи дигар буданд, ки дар биноҳои наздик ба маҳалли сохтмон зиндагӣ мекарданд.

Фаришта, модари Басбигулу Зиёдулло, рӯзи 20-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, духтарашро аз зери санги девор бардошт ва аз ҳуш рафт.

"Вақте ба ҳол омадам, маълум гардид, ки писарам низ зери девор монда будааст. Нигоҳ кунанд, то ҷигари модаре ба мисли ман насӯзад, афгор нашавад. Назорат кунанд. Ҳамин қадар сутунҳоро сохтанд. Чӣ мешуд, ки девори боқимондаро низ канда, ками дигар тунука оварда мегузоштанд?" – гуфт ӯ.

Ҷойи ҳодиса

Баъзе аз сокинони маҳалла гуфтанд, девор мутааллиқ ба манзиле буд, ки аз тарафи ширкат тахриб шудааст, вале он боқӣ монда, дар қатори тунукаҳои атрофи чоҳбун (котлован) намудор буд.

Шоҳидони ҳодиса боэҳтиёт нақл мекарданд, ки наздик ба девори чаппашуда техникаи ширкати сохтмонӣ кор мекард. "Як духтар дар ҳамин ҷо бозӣ мекардааст. Ду бача тамошо доштаанд. Девор чаппа шуда, санг ба сари духтар задааст," -- нақл кард яке аз шоҳидон, ки нахост номаш бурда шавад.

Масъулони ширкати "ДСК Тоҷикистон" ба тамосҳо барои шарҳи ҳодиса ҷавоб надоданд. Дар маҳалли сохтмон низ касе барои тавзеҳи мавзуъ ҳозир нашуд. Танҳо як корманди сохтмон гуфт, ки деворе, ки чаппа шудааст, ба ширкати онҳо тааллуқ надорад.

Наворро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Фавти 3 кӯдак бар асари чаппашавии девор дар Душанбе

"Таҳқиқ идома дорад"

Мақомоти Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфтанд, дар пайванд ба ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, чанде аз кормандони "ДСК Тоҷикистон" боздошт шудаанд. Ба иттилои мақомот, айни замон тафтиши парванда идома дорад.

Дар санадҳои расмие, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, ҶДММ "ДСК Тоҷикистон" дар соли 2014 таъсис ёфта, ба кори бинокорӣ машғул аст. Дар ин санад Муқимҷон Маҳкамов раҳбар ва Зоир Боқиев муассиси ширкат муаррифӣ шудаанд. Дар Додситонӣ посух надоданд, ки оё дар миёни боздоштшудаҳо ин ду нафар низ ҳастанд ё не.

Бо рух додани ин ҳодиса баъзе аз сокинони маҳаллаи ба номи Ҳабибулло Назаров аз он нигаронӣ намуданд, ки дар ҷойи зисташон майдони бозии кӯдакона нест. “Як майдони бозии кӯдакон нест дар инҷо. Кӯдакон ба куҷо рафта бозӣ кунанд?" – гуфт Нигина Иброҳимова, яке аз сокинон.

Ин маҳалла ба ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дохил мешавад. Рӯзи 19-уми сентябр дар ҳукумати ноҳия аз шарҳи ҳодиса ва таъмини шароит барои бозии кӯдакон худдорӣ карда, ҳамчунин гуфтанд, "суҳбат дар ин бора ба ваколати мо дохил намешавад".

Маҳалли ҳодиса

Дар гузашта нақзи меъёрҳои бехатарӣ дар сохтмонҳо ва осеб дидани сокинон борҳо мавриди нигаронӣ қарор гирифтааст. Наздикони баъзе аз ҷабрдидаҳо аз он шикоят мекунанд, ки на ҳамаи ҳодисаҳо пурра таҳқиқ ва на ҳамеша масъулон ҷазо мегиранд.

Намояндагони баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи сохтмону меъморӣ дар нишастҳои расмии худ аз нақзи меъёрҳои таъмини бехатарӣ дар сохтмонҳо садо баланд кардаанд, вале ин мушкил то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Тибқи иттилои Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар сохтмонҳои кишвар беш аз 4700 камбуд ёфта, масъулони иншооти сохтмониро наздик ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд.