Фатҳулло Шодиев, падари Меъроҷиддин Шодиев, яке аз сарбозоне, ки ба дасти Толибони Афғонистон асир афтодаааст, мегӯяд, аз он нигарон аст, ки талоши мақомот барои раҳо кардани чаҳор марзбон бенатиҷа анҷомад. Фатҳулло Шодиев рӯзи 7-уми апрел дар Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, худи ӯ дар бораи ин ҳодиса 40 рӯз баъди ба асорат афтодани писараш аз як занги телефонии писараш огоҳ шудааст.
Чаҳор сарбози як нуқтаи марзбонӣ дар ноҳияи Панҷи Тоҷикистон рӯзи 19 декабри соли 2014 барои ҳезумчинӣ ба хати марз рафта, дар он ҷо ба асорат афтоданд. Ба иттилои додситони вилояти Хатлон, инҳо Фарҳод Калонов, соли таваллудаш 1996, Сироҷ Давлатов, соли таваллудаш 1991, Тӯйчибоӣ Нурбоев, соли таваллудаш 1996 ва Меъроҷиддин Шодиев, соли таваллудаш 1994 мебошанд.
Дар фурсати беш аз се моҳ баъди ин ҳодиса ҳанӯз аз сарбозон хабаре нест. Вале дар ин муддат, Додгоҳи низомии вилояти Хатлон Алимуҳаммад Додокалоновро, ки бо фармони ӯ чаҳор сарбози нерӯҳои марзбонӣ ба ҳезумчинӣ рафта, ба дасти Толибон афтодаанд, муҳокима карда, ӯро ба 8.5 соли зиндон маҳкум кард. Исмоил Мирмахсумиён, додраси парванда рӯзи 6 апрел баъди эълони ҳукми Алимуҳаммад Додокалонов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт Додокалонов бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон 391, қисми 3, банди “б”, яъне сӯистифода аз ваколати мансабӣ, ки боис ба дигар оқибати вазнин гаштааст; моддаи 323, яъне сохтакории хизматӣ ва моддаи 234, ғайриқонуни буридани дарахтҳо айбдор шудааст. Ба гуфтаи ӯ, инчунин Умедҷон Сангов, ронандаи қисми низомии 26 10-ноҳияи Панҷ, ки вақти буридани дарахтҳо Алимуҳаммад Додокалонов ва чаҳор сарбозӣ асирафтодаро ҳамроҳӣ мекардааст, тибқи моддаи 234, ғайриқонунӣ буридани дарахтҳо муттаҳам дониста шуда, бо пардохти 28 ҳазор сомонӣ ҷарима аз толорӣ додгоҳ озод шудааст.
Ба гуфтаи падари Меъроҷиддин, касе аз мақомот ба онҳо то имрӯз зиндаву саломат баргардонидани писаронашонро кафолат надодаанд, дар ҳоле, ки масъулияти таъмини амнияти сарбозон дар мӯҳлати адои хизмати онҳо ба дӯши вазорати дифои кишвар аст.
Фатҳулло Шодиев гуфт, писараш дар як сӯҳбати телефонӣ баъди 40 рӯзи ин ҳодиса гуфтааст, онҳо ҳама дар хонае ин ҳама рӯз маҳкаманд ва ҳар рӯз садои тир шунида мешавад. Ба гуфтаи писараш, эҳсоси онҳо ин аст, ки дар наздикии хонае, ки онҳо нигоҳдорӣ мешаванд, ҷангиён тамрин мекунанд. Ба гуфтаи Меҳроҷиддин Шодиев, ҳамроҳи онҳо дар асорат як сарбози хориҷӣ ҳам ҳаст, ки қариб ду сол дар онҷо нигаҳдорӣ мешуд ва танҳо баъди ба гарав афтодани тоҷикҳо, ӯро раҳо кардаанд.
Ҳукумати ноҳияи Панҷ чанд моҳ пеш гуфта буд, ки сарбозонро аз асорати Толибон дар мудати кӯтоҳ озод хоҳанд кард, вале баъдан Абдуҷон Тавакалзода, раиси ноҳияи Панҷ гуфт, ки сарбозонро Толибон аз вулусуволии Имом Соҳиби Қундуз ба маҳалли дуртаре бурдаанд ва аз онҳо хабаре нест.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад