Муҷозоти падар барои телефони мобилии писар (ВИДЕО)

Падари як хонандаи мактаби таҳсилоти умумии шумораи 50-и шаҳри Кӯлоб аз сӯи додгоҳ барои ворид шудани писарашон ба мактаб бо телефони мобилӣ, 40 сомонӣ ҷарима шудааст.

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб волидайни Раббонӣ Назаров, хонандаи мактаби рақами 50-ро ба пардохти маблағи 40 сомонӣ ҷарима маҳкум кард. Дафтари матбуотии додгоҳи шаҳри Кӯлоб иттилоъ дод, ки Раббонӣ Назаров, хонандаи сини 11-и мактаби рақами 50 тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ, муҷрим шинохта шудааст.

Раббонӣ Назаров, хонандаи ин мактаб панҷшанбеи 16 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, бори аввал телефонро ҳамроҳаш ба мактаб бурда, ба дасти пулис афтодааст. Ӯ мегӯяд, ҳамсинфаш дар дарс аз ӯ хоҳиш кардааст, то телефонашро нишон диҳад, то мисли ӯ телефон бихарад.

Раббонӣ Назаров азуд: «Дар дарс будем, ки милиса ба синф даромад, телефона ёфта гирифт. Пурсид, ки телефони кист, ман қоил шудам, ки аз ман аст. Баъд ҳуҷҷат тартиб дода, ба додго ирсол кардаанд ва додгоҳ 40 сомонӣ ҷарима кард. Баъд аз ин ҳодиса дигар ман ба мактаб телефон намебарам.»

Аммо кормандони умури дохилӣ, ки дар аснои як рейд телефонро ёфтаанд, мегӯянд, ин хонанда бо истифода аз телефони ҳамроҳ ба ҷараёни дарсҳо халал расондааст. Восифҷон Розиқов, мудири мактаби №50 дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, баъди ин ҳодиса, рейдҳои вижаро аз сӯи омӯзгорон пурзӯр кардааст. Ба гуфтаи мудир, чанд рӯз қабл низ як хонандаи синфи 10-ро бо телефони мобилӣ боздошт кардаанд. Ӯ мегӯяд, дар давоми дарс даҳҳо хонандаро барои доштани телефони ҳамроҳ танбеҳ дода, падару модари онҳоро ба мактаб даъват кардаанд.

«Чанд рӯз пеш як хонандаи синфи 10-ро мо худ бо телефон дастгир кардем. Ҳарчанд кӯшиш кард, ки телефонашро баргардонем, аммо то модараш наомад, мо телфонро ба ӯ надодем. Вақте бародараш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекардааст, омад бо мо сӯҳбат кард, мо ба вай гуфтем, бори дигар такрор шавад, ӯро аз ин мактаб пеш хоҳем кард. Ҳоло бошад, тартиботи хеле сахт ҷорӣ шудааст»,-гуфт мусоҳиби мо.

Бо он, ки мақомот борҳо аз истифодаи телефонҳои мобилӣ тавассути хонандагони мактаб ва донишҷӯёни донишгоҳҳо изҳори нигаронӣ карда ва санҷишу рейдҳо анҷом медиҳанд, кам иттифоқ меафтад, ки як хонандаи мактаб барои бурдани телефон ба мактаб аз ҷониби додгоҳ ҷазо гирад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҷозоти волидон барои телефони мобилии фарзандон

Ҷамшед, як хонандаи мактаби рақами 8-и шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди боздошт ва ба додгоҳ равона кардани падару модари Раббонӣ Назаров, хонандаи синфи 11 мактаби рақами 50-и шаҳри Кӯлоб, омӯзгорон ба хонандагон ҳушдор додаанд, ки овардани телефони ҳамроҳро ба мактаб қатъ кунанд.

Аммо, ба гуфтаи Ҷамшед, хонандагон ба ин ҳушдорҳо ва дастури омӯзгорон эътибор намедиҳанд ва аксарияти онҳо бо худ телефони мобилӣ дорад. Ӯ мегӯяд, вақте хонандагон огаҳ мешаванд, ки пулис барои баргузории рейд омадааст, онҳо телефонҳои худро дар пинҳонгоҳҳои махсусе, ки дар мактаб омода кардаанд, мегузоранд.

Ҷамшед гуфт, «вақте шунидем, ки як талабаи мактаби 50 кораш ба суд рафтааст, омӯзгорон маҷлис гузаронида ва гуфтанд, ки телефон ба мактаб наёрем. Аммо бе телефон намешавад. Лекин дар дарс мо телефон истифода намекунем. Қариб ҳар рӯз милиса омада, мекобад, вале мо ҷойҳои пинҳонкунӣ ёфтем, вақте дарс сар шуд, дар он ҷо гузошта, баъд ба дарс меравем.»

Як масъули шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҷуз волидайни Раббонӣ, алайҳи чанд падару модар бо ҳамин иттиҳом протокол тартиб дода, ба додгоҳ ирсол кардаанд. Аммо ба мушоҳидаҳои ӯ ин ҳама таъсир надорад ва ҷавонон боз ҳам кори худро идома медиҳанд.

Вазорати маорифи ва илми Тоҷикистон дар соли 2007 ба синфхона овардани телефонҳои мобилро барои хонандагон манъ карда буд ва то кунун чанд мавриди ҷаримаи хонандагон барои доштани телефонҳои дастӣ сабт шудааст. Аз ҷумла соли 2013 хонандаи синфи 8-уми яке аз мактабҳои Кӯлобро барои бо худ ба дарс овардани планшет маъмурияти мактаб 35 сомонӣ ҷарима карда буд.