Дар маҳфили шеъри Фарзона, шоири тоҷик танҳо шеър буду суруд ва сухан аз китобу адабиёту ҳунар ва ёди суханварони накӯном.
Маҳфили шеъри Фарзона ба ифтихори 50 - умин солгарди зодрӯзи ӯ рӯзи 4 - уми ноябр дар Қасри Арбоби Хуҷанд бо иштироки аҳли адабу ҳунар ва фарҳанг ва ҳаводорони шеър баргузор гардид. Фарзона худ қабл аз ин маҳфил дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мехоҳад ба ҳозирон шеър эҳдо кунад. Чун аслан маҳфили зодрӯзаш бидуни хоҳишу огоҳии ӯ сурат гирифтаву маҳили боҳашамат ва пур аз суханони баландпарвоз дархӯри хуши ӯ нест.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фарзона гуфт: “Мисли оне ки дирӯз як зане наздам омад, ки барои мо боғи гул ҳадя кунад. Ӯ чаҳор сол аст, ки ҳамон боғи гулро ба умеде парвариш мекарлааст, ки барои мо эҳдо кунад. Дар баробари ин одамҳо чӣ ҳарфе метавонем гӯем?! Аз раҳбари кишвар то ин одами оддӣ, ки мехоҳанд ин ҳама муҳаббатро барои як одаме, ки ин арзишро дорад ё не, ҳадя кунад:
Ишқро бо чӣ тавонам пардохт,
Ки фақат ишқ ҷавоби ишқ аст.
Ва дар ҷавоби ин муҳаббатҳо он чӣ метавонем бидиҳем, боз ҳам муҳаббат аст. Яъне, дар зодрӯзам ман бояд боғи гул ба ҳамаи мардум ҳадя кунам.”
Видео аз ҷашни 50-солагии Фарзона инҷост:
Дар маҳфили шеъри Фарзона, ба ифтихори зодрӯзаш ба ҷуз адибону донишмандон ва ҳаводорони шеър аз гӯшаву канорҳои Тоҷикистон, адибон ва ховаршиносон аз кишварҳои хориҷӣ, назири Олмон, Эрон, Ҳолланд, Афғонистон ва Узбакистон ҳузур доштанд. Овозхонҳову ровиёне, мисли Ҷӯрабеки Мурод ва Афзалшоҳи Шодӣ ва Ортиқи Қодир намунаҳое аз ашъори Фарзонаро тақдими ҳозирон намуданд.
Дар оғоз Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ва мубтакири баргузории маҳфил Фарзонаро бо 50 - умин солгарди зодрӯзаш табрик ва ҳозирону меҳмонони хориҷиро хайрамақдам гуфт. Ҷаноби Қодирӣ аз ҷумла гуфт: “Устод Фарзона бо ашъори рангину дилнишин ва саршор аз ҳикмат дар таърихи адабиёти навини тоҷик саҳифаи дурахшонеро боз кард. Ин суханвари мумтоз ибтидои солҳои 80-уми асри гузашта ба майдони адаб дохил шуда, аз нахустин чакидаҳои хомааш таваҷҷӯҳи аҳли адабро ба худ мутаваҷҷеҳ сохт ва дар муддати беш аз 30 соли фаъолияти эҷодии худ беш аз 10 китоби шеъри ноб, мисли “Тулӯи хандарез”, “Ояти ишқ”, “то бекаронаҳо”, “Себарга”, “Мӯҳри гули мино” - ро ба табъ расонид.”
Александр Ҳайзер, ховаршиноси олмонӣ, ки қаблан дар Тоҷикистон мезиставу барои иштирок дар маҳили зодрӯзи Фарзона омада буд ва Фарзона ӯро “Устод” хитоб мекард, китоби тозанашри гулчини ашъори Фарзонаро ба забони олмонӣ ва Меҳдии Ҷомӣ, шоир ва рӯзноманигор аз Ҳолланд маҷмӯаи тозанашри шеърҳои Фарзонаро ба ҳуруи форсӣ тақдим намуданд.
Меҳдии Ҷомӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин маҷмӯа 100 шеъру ғазали Фарзонаро аз китобҳои ба ҳуруи кирилӣ ба табъ расидаву чопнашудаи ӯ ба ифтихори 50 солагӣ ва умеди 100 солагии ӯ гулчин кардааст. Ин маҷмӯа, ба гуфтаи вай, дар Лондон барои хонандаи эронӣ таҳия шуда ва дар Амрико ба чоп расидааст.
Маҳфили шеъри Фарзона, ба ифтихори 50-умин зодрӯзаш, аз нахустин чунин маҳфилҳое дар солҳои охир буд, ки бе суханрониҳои мутантан, таърифу ситоишҳо ва мадҳияхониҳо дар ҳаққи соҳибҷашн оғозу анҷом ёфт. Ва ба ҷои ин ҳама Фарзона шеър мехонду сӯҳбат мекард ва шоирону ҷавони ровиён низ шеъри ӯрову худро мехонданд.
Фарзона аз ҷумла дар ин маҳфил гуфт:
“Бо дуои шумо Тоҷикистони мо мазҳари хайр ва масдари эҷоду офариниш бошад:
Сарзамини атласиву оҳариам
Парчами шукрам, паёми ховариам
Медиҳӣ дарси мақомоти дариам.
Ҳамқадам бо пештозони ҷаҳон шав,
Бефасона кӯҳи симиношён шав,
Субҳро дар шашканора тарҷумон шав,
Тоҷикистон - сабзмарзи ҳурсириштам,
Номаи хуршедмуҳри сарнавиштам!”
Дар арафаи ин ҷашн Фарзона сӯҳбати ихтисосие бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дошт, ки видеояшро метавонед инҷо тамошо кунед: