Фаррухи Салим, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон дар Нанҷинги Чин дар риштаи дзюдо медали биринҷӣ ба даст овард.
Бояд гуфт, ки ин аввалин медали Тоҷикистон дар ин Бозиҳо мебошад.
Шореҳи варзиши Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф аз маҳали баргузории мусобиқа хабар дод, ки Фаррухи Салим имрӯз, 19-ум август дар мусобиқаи дзюдо дар вазни то 81 килограмм аз 5 қувваозмоӣ дар чаҳортоаш пирӯз шуд.
Вай дар даври 1/16-ниҳоӣ мебоист бо Сӯҳроб Тотаакҳил аз Афғонистон қувваозмоӣ мекард, вале ба иллати аз меъёри муқарраршуда камтар будани вазни паҳлавони афғон, ба ӯ барои ширкат дар мусобиқа иҷозат дода нашуд. Бинобар ин паҳлавони тоҷик бидуни рақобат ғолиб гашт.
Дар даври 1/8-ниҳоӣ Фаррух бо намояндаи Маккао Коста АО Мигуел бо усули "иппон" дар муддати хеле кӯтоҳ (1 дақиқаю 1 сония) пирӯзӣ ба даст овард. Баъдан дар даври чаҳорякниҳоӣ паҳлавони тоҷик намояндаи Тайван Ҳуанг Кал-Лунро аз рӯи имтиёз шикаст дод.
Дар даври ниманиҳоӣ рақибаш Ҷесанг Ан аз Кореяи Ҷанубӣ буд, вале Фаррух ба вай аз рӯзи имтиёз мағлуб гашт. Сипас Фаррух барои ҷои севум шоми имрӯз бар паҳлавони Қазоқистон Ерасул Болат дар зарфи 38 сония галабаи соф («иппон») ба даст овард ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Инчунин барои медали дигари биринҷӣ гуштигири Эрон Имон Некиқбол бар Ҳтоне Лаин аз Мянмар ғолиб омад. Барои унвони қаҳрамонӣ паҳлавони куриёи Ҷесанг Ан бар гуштигири Узбакистон Муҳриддин Мирзоёров ғалаба кард.
Фаррухи Салим, ки моҳи июли соли 1996 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст, феълан дар мактаб-гимназияи Душанбе тахсил мекунад ва шогирди мураббии варзида Носир Бозоров мебошад. Вай, ки қаҳрамони Бозиҳои варзишии наврасони «Бачаҳои Осиё-2012» маҳсуб мешавад, дар Нанҷинги Чин дар маросими кушоиши Бозиҳо парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон буд.