Фарди муттаҳам дар террори генерали рус: "Модар, кори хуб дорам ва саломатам"

Додгоҳе дар Маскав Аҳмадҷон Қурбонови 29-сола, шаҳрванди Узбекистонро ба даст доштан дар куштори генерал Игор Кириллов муттаҳам кард.

Ҳукми Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав рӯзи 19-уми декабр содир шуд ва Аҳмадҷон Қурбонов то рӯзи 17-уми феврал дар ҳабс мемонад.

Игор Кириллов, фармондеҳи нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия, субҳи 17-уми декабри имсол дар пайи таркиш дар наздикии хонааш дар Маскав кушта шуд. Муфаттишон гуфтанд, маводи тарканда дар як скутери барқӣ гузошта шуда буд. Дар ин ҳодиса ёвари Кириллов ҳам ҷон бохт.

Як рӯз баъди ҳодиса мақомоти Русия иттилоъ доданд, ки дар робита ба куштори генерал шаҳрванди 29-солаи Узбекистонро дастгир карданд. Ба гуфтаи Маскав, ӯ фармони Украинаро дар бораи аз байн бурдани Кириллов иҷро кардааст.

Аҳмадҷон Қурбонов, ки дар минтақаи Учтепаи шаҳри Тошканд ба воя расидааст, эътироф кардааст, ки дастури куштани генерали русро аз ҷониби Украина дарёфт карда буд.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба таври мустақил наметавонад ин иддаои мақомоти Русияро тасдиқ кунад.

Ҳамсояҳо ва наздикони Аҳмадҷон Қурбонон дар Тошканд ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки пас аз боздошти Аҳмадҷон, ҳукумат аъзои хонаводаи ӯро ба диққат зери назар доранд. Ба гуфтаи ин афрод, хонаводаи вай аз гуфтугӯ бо расонаҳо худдорӣ мекунанд.

Аммо як созмони ҳуқуқи башар дар Узбекистон мегӯяд, ки мақомоти Узбекистон бо хонаводаи Аҳмадҷон дар тамос ҳастанд.

Яке аз масъулини ин созмомн ба РАО/РО гуфт, ки нерӯҳои зиддитерроризми Узбекистон дар мавриди ҳамла ба генерали рус далелҳое алайҳи Аҳмадҷон пайдо кардаанд.

Вай пеш аз ин гуфта буд, ки мақомоти Узбекистон аз дармиён гузоштани ҷузъиёти он бо расонаҳо худдорӣ карданд. Мақомоти Узбекистон ба суолҳои Радиои Озодӣ дар ин маврид посух надоданд.

Яке аз ҳамсояҳои Аҳмадҷон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Аҳмадҷон ду рӯз қабл аз ин ҳамла, бо модараш гуфтугӯ доштааст. Ба гуфтаи ин ҳамсояи Аҳмад, ӯ ба модараш гуфтааст, ки кори хубе дорад ва ҳамчун ошпаз кор мекунад ва саломатиаш ҳам хуб аст.

Аҳмадҷон дар соли 2021 барои пайдо кардани кор хонаро тарк кард. Хонаводаи ӯ пеш аз ин гуфта буданд, ки фикр мекарданд ӯ ба Туркия рафтааст. Русия ва Туркия мизбони ҳазорон коргар аз Узбекистон ҳастанд.

Як рӯз баъд аз кушта шудани Игор Кириллов, мақомоти Русия иттилоъ доданд, ки дар робита ба куштори ин генерал шаҳрванди 29-солаи Узбекистонро дастгир карданд. Ба гуфтаи Маскав, ӯ фармони Украинаро дар бораи аз байн бурдани Кириллов иҷро кардааст,

Дар баёния ҳамчунин гуфтааст, ки ин шахс бо ваъдаи 100 ҳазор доллари амрикоӣ ва иқомат дар яке аз кишварҳои аврупоӣ, ин корро анҷом додааст.

Қатли Кириллови 54-сола як рӯз баъди он рух дод, ки Додситонии Украина ӯро ба истифода аз силоҳи кимиёӣ алайҳи нерӯҳои украинӣ муттаҳам кард. Хадамоти амнияти Украина гуфт, нерӯҳои Русия дар ҷараёни ҷанги тақрибан сесола дар Украина таҳти раҳбарии Кириллов қариб 5000 бор аз силоҳи кимиёӣ истифода кардаанд. Ин иддаоро мустақилона тасдиқ кардан ғайриимкон аст.

Игор Кириллов хатмкардаи Мактаби олии фармондеҳии низомии Кострома буда, аз соли 2017 раҳбарии Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия бар дӯш дошт.