Коргардони маъруфи синамои тоҷик аз Тоҷикистон рафт

Анвар Тӯраев (акс аз бойгонӣ)

Анвар Тӯраев, таҳиягар ва ҳунарпешаи маъруфи синамо, Тоҷикистонро тарк намуд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ набераи ӯ Мария хабар дод ва гуфт, ки Анвар Тӯраев барои доимӣ муқими шаҳри Алма-Атои Қазоқистон шудааст.
Анвар Тӯраев шоми 19 январ тавассути ҳавопаймо аз Душанбе ба Алма-Ато парвоз кардааст.

Як манбаъ дар иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ба мо гуфт, Анвар Тӯраев солҳои ахир аз он озурда буд, ки ӯро дигар барои таҳияи филмҳо ҷалб намекунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, қарор буд, ки моҳи июни соли равон ҷашни 80-солагии Анвар Тӯраев дар шаҳри Душанбе таҷлил шавад.

Аммо Мария бар асари озурдагӣ аз Тоҷикистон рафтани бобояшро рад кард ва гуфт, чун аксари аъзои хонавода, аз ҷумла, писари бузурги Анвар Тӯраев ҳунарманди синамо ва рассом Азамат Тӯраев солҳои ахир дар Алма-Ато кору зиндагӣ мекунанд, таҳиягари маъруф ҳам тасмим гирифт, ки ҳамроҳи онҳо бошад. Ӯ хабари омодагиҳо ба ҷашни 80-солагии Анвар Тӯраевро низ рад кард ва гуфт, “мо дар шаҳри Душанбе ягон ҷашн доир карданӣ набудем, зеро дар бораи муқими Алмаато шудани аҳли хонавода кайҳо тасмим гирифта будем.” Мария афзуд, 80-солагии Анвар Тӯраевро дар Алма-Ато доир хоҳанд кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Анвар Тӯраев тарки Тоҷикистон кард


Анвар Тӯраев 21 июни соли 1934 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омада, соли 1958 омӯзишгоҳи театрии ба номи Шепкини Маскавро хатм кардааст. Дар он ҷо ӯ ҳунари таҳиягари филмро аз устоди маъруфи синамои шӯравӣ Михаил Ромм омӯхтааст. Аз ин пештар ӯ ҳунарпешаи театри драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд.

Дар чандин филм, аз ҷумла, “Тӯҳфаи тақдир”, ”Вохӯрӣ дар назди масҷиди кӯҳна “, Вазифаи баланд” ва “Ситорае дар шаб” нақшҳо офаридааст. Анвар Тӯраев ҳамчунин таҳиягари филмҳои тавлиди “Тоҷикфилм”, ба шумули “Духтари сеюм”, “Ишқи аввали Хоҷа Насриддин”, “Истгоҳи кӯҳӣ” ва “Тӯҳмат” мебошад.

Дар солҳои 90 баъд аз шурӯъи нооромиҳо дар Тоҷикистон таҳиягарони маъруфи тоҷик - Бахтиёр Худойназаров, Ҷамшед Усмонов, Валерий Аҳадов, Давлат Худоназаров, Саидо Қурбонов, Бақо Содиқов, Гулбаҳор Мирзоева, Майя Юсуфова, Меҳмоншо Меҳмоншоев, Фарҳод Абдуллоев ва Марворид Қосимова - дар Русияву Олмон ва Белорусу Фаронса, Узбакистон ва кишварҳои дигар муқимӣ шуданд, аммо то ҳол мақомоти Тоҷикистон шароите барои бозгашти онҳо ба кишварро муҳайё накардаанд.