Ҷанозаи Соат Чалишев, доктори илмҳои филологӣ, профессор ва фолклоршиноси маъруфи минтақаи Кӯлоб, ки шаби сешанбе ба чоршанбе бар асари бемории тӯлонӣ ин дунёро падруд гуфт, рӯзи 14 январ дар оромгоҳи «Ҳазоро»-ӣ шаҳри Кӯлоб ба хок супурда шуд.
Маросими видоъ бо Соат Чалишев бо ҳузури шаҳрдори Кӯлоб ва олимону донишмандон, наздикон ва шогирдон дар манзили ин адабиётшиноси доир гардид. Адои намози ҷаноза дар масҷиди хиёбони Шамсиддини Шоҳин баргузор шуд.
Профессор Соат Чалишев, адабиётшинос, фолкулоршинос, корманди шоистаи Тоҷикистон, аълочии мактаби олии Иттиҳоди Шӯравӣ, доктори илмҳои филологӣ, дар синни 83-солагӣ ин дунёро падруд гуфт. Ёралӣ Содиқов, шогирд ва ҳамкори марҳум чоршанбеи 14-уми январ ба Радиои Озодӣ ва гуфт, ки Соат Чалишев дар пайи фишори баланд даргузашт.
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои шогирдон қарор буд ӯ имсол баробари 70-солаги Донишгоҳ Кӯлоб 70 соли фаъолияти Чалишевро ҷашн бигирад. «Устод баъди хатми синфи ҳафтум ҳамчун омӯзгор корро оғоз карда, тайи 70 сол дар ин вазифа ифои вазифа кард. Аммо бо бемор шуданаш тайи як соли охир натавонист, ки омада ба шогирдон дарс бигӯяд,»- гуфт Ёралӣ Содиқов.
Соат Чалишев 20 апрели соли 1933 дар деҳаи Шаҳидони собиқ ноҳияи Сари Хосор (ҳоло Балҷувон) ба дунё омад. Донишгоҳи давлатии педагогии Кӯлобро соли 1958 хатм карда, аз соли 1958 то соли 2005 дар вазифаҳои муаллим, муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, декани факулта ва профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб фаъолият кардааст.
Аз соли 2005 дар департаменти забонҳои Донишгоҳи байналмилалии гуманитарии Тоҷикистон кор кард. Чалишев 4 монография ва беш аз 100 асари илмӣ, илмӣ-оммавӣ, дастурҳои таълимӣ доир ба фолклоршиносӣ, эҷодиёти шоирону адибони тоҷик таълиф намудааст.
Зайналбӣ Холиқова, мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлати Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Соат Чалишев бештар дар бори адабиёт ва гуфтори минтақаи Кӯлоб таҳқиқи илмӣ гузоронидааст. Ба гуфти ӯ, ин донишманд асосан гӯиши маросимҳои мардумиро, аз ҷумла тӯй, мотам, гавҳорабандон, маросими дарав, ки хоси манотиқи кӯҳистони кишвар аст, таҳқиқ ва дурдонаҳҳои нодиреро ҷамъоварӣ кардааст. Ӯ мегӯяд: «Яке аз ҷанбаҳои фаъолиятҳои устод, таҳқиқи осори шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Вализода буд. Дар баробари ин ба лаҳҷаҳои маросими дарав, ки хоси мардуми Кулоб буд,таҳқиқ гузаронида, дар ин бора се монография чоп кардааст.»
Соат Чалишев соли 2012 баъди бозгашт аз Донишгоҳи байналмилалии гуманитарии Тоҷикистон дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба кораш идома дода, ахиран 3 ҳазор нусха китоб аз китобхонаи шахсиашро ба донишгоҳ тақдим намуд, ки миёни онҳо китоби фолклории «Саидалӣ Вализода ва осори шифоҳӣ» низ будааст. Ӯ пеш аз марг китоби дигареро омодаи нашр карда буд, ки ба фолклори ҷануби Тоҷикистон ва махсусан минтақаи Кӯлоб бахшида шуда буд. Шогирдони Чалишев ҳоло тасмим доранд, ки китоби устодашонро нашр кунанд.