"Контгруп" хонаи Мижгонаро кай месозад? САДО

Мижгона Асламова.

Хонаводаи як афсари тоҷик, ки соли 2015 дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои ҳукуматӣ алайҳи гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода кушта шуд, мегӯяд, баъди марги ӯ мақомот ба онҳо сертификати хонаро доданд, аммо бо гузашти ду сол аз худи хона хабаре нест.

Мижгона Асламова, ҳамсари Музаффар Саидов, корманди пешини Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат аст, ки дар пайи ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи марбут ба генерал Абдуҳалим Назарзода дар утоқи корияш кушта шуд. Мижгона Асламова рӯзи 10-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қарор буд тибқи супориши раисиҷумҳур, ӯ ва 5 фарзандаш бо манзили истиқоматӣ дар пойтахт таъмин мешуданд. Аммо бо гузашти ду сол, ҳанӯз ҳам манзили ваъдагиро ба даст наовардааст.

Асламова мегӯяд, шавҳараш як корманди собиқадори ВКД буд ва 14 сол дар амри таъмини тартибот ба ҳайси ходими полис ва ҳам сохторҳои дигар кор кард ва бо амри тақдир, дар ҷои кораш ба ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбии худ, кушта шуд.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, пас аз марги шавҳараш, президент Эмомалӣ Раҳмон дар қатори чанд нафар ба ӯ ҳам сертификат ва калиди хонаи навсохт дар маҳаллаи Зарафшони пойтахтро тақдим кард. Ин хонавода бояд дар се моҳ ба манзили муҷаҳҳаз кӯч мебастанд. Ҳоло ӯ ҳайрон мондааст, ки чаро супориши президент иҷро намешавад.

Мижгона Асламова бо панҷ фарзандаш дар ҳавлии хушдоманаш зиндагӣ мекунад. “Рости гап, ман худам ягон ҷо кор намекунам. Тарбияи панҷ фарзанд мушкил аст, деҳаи мо об надорад, ман ҳар ҳафта обро бо пул мехарам. Хонае, ки мо зиндагӣ мекунем, ҳавлии хусурам аст ва ин ҷо чор оила якҷо зиндагӣ мекунад”, гуфт Мижгона Асламова.

Музаффар Саидов.

Асламова мегӯяд, шавҳараш як корманди собиқадори вазорати умури дохила буд ва 14 сол дар амри таъмини тартибот ба ҳайси ходими полис ва ҳам сохторҳои дигар кор кард ва бо амри тақдир, дар ҷои кораш ба ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбии худ, кушта шуд. Ӯ мегӯяд, ҷойи холии шавҳарашро чизе ва касе пур намекунад, аммо ин хона метавонист дар оянда барои тарбияи дурусти фарзандонаш кӯмак шавад.

Баъди сари шавҳараш ба Мижгона Асламова ва фарзандонаш давлат дар маҷмӯъ 2500 сомонӣ нафақа таъйин кардааст, вале ин маблағ ҳам дар шароити имрӯза наметавонад харҷу эҳтиёҷоти як хонаводаи шашнафарро пурра таъмин кунад. Мижгона Асламова мегӯяд, сатхттар аз ҳама ин аст, ки фарзандонаш дигар аз меҳру тарбияи падар маҳрум шуданд. Мижгона Асламова гуфт, барои ҳалли мушкили хонаи ваъдагӣ борҳо ба мақомоти вазорати умури дохила муроҷиат кардааст, вале то ҳанӯз натавонист соҳиби хона шавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хонаи ваъдагӣ ҳанӯз тақдим нашудааст

ВКД: Сохтмони хона ҳанӯз анҷом нашудааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ карда, ки оилаи Музаффар Саидов то ҳол хона нагирифтаст. Сухангӯи ин вазорат Умарҷони Эмомалӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 12 хонаводае, ки наздикони онҳо дар амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи афроди мусаллаҳ кушта шудаанд, мебоист манзилҳои истиқоматӣ мегирифтанд, аммо ба далели таъхир сохтмони бино дар маҳаллаи Зарафшон, панҷ хонавода натавонист манзилҳои ваъдагиро саривақт соҳиб шаванд.

"Дар вазорат шахси мутасаддӣ оид ба тақсими хонаҳо ҳаст, ки бо ин масъала кор мекунад. Дар ҳақиқат ному насаби Мижгона Асламова ҳам дар қатори чор нафари дигар ҳаст, ки то ҳол хонаҳояшонро нагирифтанд", - гуфт Умарҷони Эмомалӣ.

Моҳи сентябри соли 2015 ба шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат ва як посгоҳи пулис дар шаҳри Душанбе ҳамлаҳои мусаллаҳона сурат гирифт, ки дастикам 14 нафар аз мақомоти интизомиро кушта ба ҷо гузошт. Музаффар Саидов, ки он замон сардори қисми молия дар ШКД-и шаҳри Ваҳдат буд, аз тири ҳамлагарон кушта шуд.

Пас аз чанд рӯзи ин ҳодиса президент Эмомалӣ Раҳмон дар маросиме ба 122 нафар сарбозон ва шаҳрвандоне, ки дар амалиёт алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода ва шариконаш ширкат кардаанд, мукофотҳои давлатӣ супурд. Ҳоло як мактаби миёна дар деҳаи Арбобдараи шаҳри Ваҳдат ба номи Музаффар Саидов номгузорӣ шудааст.

Мижгона Асламова, ҳамсари ин афсари милиса мегӯяд, дуруст ки бо номгузори кардани мактабе бо исму насаби ҳамсараш ӯро дар ёдҳо зинда нигаҳ медоранд, аммо намешавад бидуни кӯмаки иқтисодиву иҷтимоӣ ҳам фарзандонашро бузург ва соҳиби маълумот кард. Асламова гуфт, тамоми ин муддат бо умед зиндагӣ мекунад, ки ваъдаҳо ҳатман иҷро мешаванд.

Вай гуфт, ки дар чунин ҳолат дар хонаводаи ӯ ва мисли ӯ дигар наздикони низомиёну кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ эҳсоси нобоварӣ ба ҳукумат ва ваъдаҳои раҳбарони баландпоя эҷод мешавад. Дар ҳоле, ки ҳамсарони онҳо барои ҳимояи конститутсияи кишвар ҷони худро додаанд ва барои як умр фарзандонашонро нимаятиму дастнигар гузоштанд.