Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, сабаби қатъи дастрасӣ ба Фейсбукро “корҳои профилактикӣ” хонд.
Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқа, дастури қатъи дастрасӣ ба Фейсбук дар Тоҷикистонро тасдиқ кард. Ӯ рӯзи 26-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба далели "корҳои профилактикӣ" дастрасӣ ба Фейсбук маҳдуд шудааст.
"Профилактика мегузаронем. Бубинед, Фейсбук соҳиб надорад. Кӣ ҳаст соҳиби он? Аз ҳар ҷо - аз Амрико, Олмон ва ғайра - занг мезананд, аммо хуб аст, агар соҳибаш биояд ва бо мо сӯҳбат кунад. Чизи дигар, оё ин Фейсбук ба давлат налог (андоз) месупорад? Дар ҳоле ки миллиардҳо фоида мебинанд",-гуфт ӯ.
Иддаои раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ин аст, ки Фейсбук ба майдони бесарусомон ва беназарот табдил ёфтааст ва бояд ба хотири таъмини амнияти кишвар бояд корҳои назоратӣ нисбат ба ин шабака сурат бигирад. Бег Зуҳуров гуфт, корҳои фаннӣ ё профилактиӣ нисбат ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук муддати як рӯз идома пайдо хоҳад кард.
Субҳи рӯзи 26-уми ноябр, Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон эълом кард, ки онҳо аз Хадамоти алоқа "смс" ё паёмак гирифтаанд, то шабакаи иҷтимоии Фейсбукро банданд. Асомуддин Атоев, раҳбари ин Анҷуман, мегӯяд, қатъи дастрасӣ ба Фейсбук ин як "хизмати хирсона" дар ҳаққи имиҷи давлат аст ва Тоҷикистонро дигарбора ба рӯйхати душманони ин шабака ва ҳам интернет шомил мекунад. Ӯ илова кард, даҳҳо роҳи дигар вуҷуд дорад, ки мардум ба Фейсбук ворид мешаванд ва ин як кӯшиши бефоида аст: "Дар ин маврид гуфтанӣ ҳастам, ки ин қадамҳо чизе ҳам набошад, бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва ҳаргиз ба манфиати давлату миллати Тоҷикистон нест. Ин худ ба худ бастани овози Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоист."
Дастури хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба бархе аз ширкатҳои ироакунандаи интернет шоми рӯзи якшанбе (25-уми ноябр) расида буд, аммо ин ширкатҳо шурӯъ аз субҳи барвақти рӯзи душанбе дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Фейсбукро маҳдуд карданд. Дар ин радиф ширкатҳои «Вавилон», «Билайн», «Истера» ва ғайра шомиланд.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон нахустин бор дар таърихи 2-юми марти соли ҷорӣ шабакаи иҷтимоии Фейсбукро ҳамроҳ бо торнамоҳои tjknews.com, maxala.org, centrasia.ru ва zvezda.ru дар қаламрави Тоҷикистон қатъ карда буд ва аммо пас аз як ҳафта танҳо Фейсбук боз шуд. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар симои Бег Зуҳуров, чунин иқдомот, ба хусус қатъи дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Фейсбукро, рӯи даст мегирад?
Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон, дар посух ба ин суол мегӯяд, "фикр мекунам, сабаби асосӣ он аст, ки иқдомоти хадамоти алоқа ҳирфаӣ нест. Чун бо чунин қадамҳо онҳо ба коршинос ва мутахассис будани худ чизе зам намекунанд ва наметавонад ҳамчун коршинос худро муаррифӣ кунанд. Баръакс, нишон медиҳад, ки то кадом андоза заиф ҳастанд, аз нигоҳи ин соҳа. Гарчанде, боварӣ дорам, ки дар ин муассиса коршиносони варзида фаъолият доранд, лекин қадамҳои гузоштаашон дар ин маврид коршиносона нест. Балки қадамҳое ҳастанд, ки ниҳоят ҳирфаӣ нест."
Зимнан, дар Тоҷикистон 9 ширкати вижаи интернетрасон фаъолият мекунад ва афзун бар ин тамоми ширкатҳои мобилӣ низ хизматрасонии интернетиро ба роҳ мондаанд. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 40 дарсади мардуми Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд. Socialbakers, ниҳоде, ки фаъолияти шабакаҳои иҷтимоиро баррасӣ мекунад, чанде қабл теъдоди фейсбукиёни тоҷикро 35 ҳазор тахмин зада, миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми 170-ум қарор дода буд.
"Профилактика мегузаронем. Бубинед, Фейсбук соҳиб надорад. Кӣ ҳаст соҳиби он? Аз ҳар ҷо - аз Амрико, Олмон ва ғайра - занг мезананд, аммо хуб аст, агар соҳибаш биояд ва бо мо сӯҳбат кунад. Чизи дигар, оё ин Фейсбук ба давлат налог (андоз) месупорад? Дар ҳоле ки миллиардҳо фоида мебинанд",-гуфт ӯ.
Иддаои раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ин аст, ки Фейсбук ба майдони бесарусомон ва беназарот табдил ёфтааст ва бояд ба хотири таъмини амнияти кишвар бояд корҳои назоратӣ нисбат ба ин шабака сурат бигирад. Бег Зуҳуров гуфт, корҳои фаннӣ ё профилактиӣ нисбат ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук муддати як рӯз идома пайдо хоҳад кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад