Мақомоти Тоҷикистон 48 зиндонии афғонро, ки асосан бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир солҳо боз дар маҳбасҳои кишвар нигоҳдорӣ мешуданд, барои идомаи адои ҳукм ба Афғонистон фиристодаанд. Маросими супурдани зиндониёни афғон рӯзи 30-юми сентябр дар минтақаи Панҷи Поён ва дар марзи Тоҷикистону Афғонистон сурат гирифт.
Кобул дар иваз чанд шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба ҷурми терроризму ифротгароӣ зиндонӣ буданд, ба Душанбе интиқол додааст.
Имсол бори дувум аст, ки маҳбусони афғон аз Тоҷикистон ба ватанашон интиқол меёбанд. Пеш аз ин дар моҳи июл 80 маҳбуси афғон ба воситаи гузаргоҳи Панҷи Поён ба дасти мақомоти Афғонистон супурда шуданд.
Саидмасъуд Бадахш, кордори сафорати Афғонистон, рӯзи 30-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "маҳбусон ба зиндонҳои Афғонистон бурда мешаванд ва давраи ҷазоро дар онҷо адо мекунанд".
Вай афзуд, барои интиқоли маҳбусони афғон аз Тоҷикистон ахиран як ҳайат ба Душанбе омада буд. "Ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳудуди 70 маҳбуси дигари афғон мондаанд", -- гуфт Саидмасъуд Бадахш.
Дар гузашта баъзе аз зиндониёни афғон аз шароити бади нигаҳдорӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон шикоят карда буданд. Соли 2016 дипломатҳои Афғонистон гуфтанд, дар муддати ним сол ду маҳбуси афғон дар зиндонҳои Тоҷикистон фавтидаанд. Якеро барои дафн ба Афғонистон бурдаанд, дигариро дар Тоҷикистон ба хок супурдаанд.
Музокироти ду тараф барои супурдани зиндониёни афғон ба ватанашон барои адои ҳукм чанд сол боз идома дошт.
Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва муовини вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, "дар маҳбасҳои Тоҷикистон аз миёни шаҳрвандони хориҷӣ бештар шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд. Бисёрии онҳо бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва ду нафар бо гуноҳи куштор зиндонӣ ҳастанд."
Умаров дар идома гуфт, дар ивази интиқоли маҳбусони афғон чанд шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба терроризм муттаҳам мешаванд, аз маҳбасҳои Афғонистон ба Душанбе оварда шудаанд. Мақомот нагуфтанд, ки аз Афғонистон чанд зиндонии тоҷикро овардаанд.
Вале ба матбуот маълум аст, ки дар оғози имсол чанде пеш мақомоти Афғонистон ду писари Амриддин Табаров, маъруф ба Мулло Амриддин, собиқ роҳбари ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи "Ансоруллоҳ"-ро ба Тоҷикистон супурда буданд. Дар ин миён ҳолатҳое буд, ки баъзе аз зиндониён ва боздоштшудаҳои тоҷик аз интиқол ба Тоҷикистон саркашӣ карданд.
Интиқоли зиндониёни тоҷику афғон ба ватанашон бар асоси як созишномаи Тоҷикистону Афғонистон аз соли 2010 сурат мегирад.
Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 километр марз дорад ва ин яке аз роҳҳои асосии қочоқи маводи мухаддир ба Русия ва кишварҳои дигар ба ҳисоб меравад. Ҳар сол мақомоти интизомӣ аз боздошти қочоқбарони афғон гузориш медиҳанд ва ё дар муқобила бо қочоқбарони мусаллаҳ онҳоро мекушанд.
Айни замон бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Афғонистон боздошт шудаанд, ба ифротгароӣ ва ё узвият дар гурӯҳҳои тундраву террористӣ муттаҳам мешаванд.