Падари Муҳиддин Зоҳидзода: "Писарам аз гарданаш сахт ҷароҳат бардошта буд". САДО

Бинои Идораи умури дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа

Ҷасади Муҳиддин Зоҳидзода, муфаттиши Идораи умури дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки шоми 1-уми декабр бар асари инфиҷори маводи тарканда дар ҷойи кораш ҷон бохт, дар зодгоҳаш – ҷамоати Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷ – ба хок супурда шуд. То ҳол ҷузъиёти ин таркиш маълум нест. Мақомот гуфтанд, ки таҳқиқ шурӯъ шудааст ва то анҷоми он бояд мунтазир шуд.

Наздикони Муҳиддин Зоҳидзода низ гуфтанд, ки сабаби аслии таркишро намедонанд. Ҷалол Зоҳидов, падари Муҳиддин Зоҳидзода, рӯзи 2-юми декабр, баъди ба хок супурдани писараш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар гардани ӯ ҷароҳати вазнинро дидааст. Ӯ гуфт, “ба гарданаш “асколка” расидааст. Ҷасадро дишаб ба мо супурданд”. Вай беш аз ин маълумот надод.

Ӯ бояд рақами силоҳҳоро мушаххас карда, дар парванда сабт менамуд. Аммо чӣ гуна таркиш рух додааст, маълум нест

Асомиддин Шарофиддинзода, муовини раиси ноҳияи Панҷ, рӯзи 2-юми декабр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки маросими дафни муфаттиш соати даҳи рӯзи шанбе сурат гирифт. Саидҷаъфар Гуреззода, раиси ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинов гуфт, ҷасади Муҳиддин Зоҳидзода дар деҳаи Бурқа ба хок супурда шудааст.

Шаҳри Қӯрғонтеппа. 2-юми декабри соли 2017

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, капитани милиса Муҳиддин Зоҳидзода бо парвандаҳои махсусан вазнин, аз ҷумла парвандаҳои марбут ба терроризм, кор мекард. Ин ҳамсӯҳбати мо бидуни бурдани номаш гуфт, "Зоҳидзода вақтҳои ахир барои таҳқиқи парвандаи нафаре, ки ба терроризм муттаҳам аст, далел ҷамъоварӣ мекард."

Аммо як манбаи дигар гуфт, Муҳиддин Зоҳидзода ба омӯзиши маводи кӯҳнаи таркандае машғул буд, ки кормандони ШКД ҷамъоварӣ карда буданд: “Ӯ бояд рақамҳои онҳоро мушаххас карда, дар парванда қайд мекард. Аммо чӣ гуна ин таркиш рух додааст, маълум нест”. Таркиш соати 18:00-и рӯзи 1-уми декабр рух дод.

Муҳиддин Зоҳидзода беш аз чаҳор сол дар Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳайси муфаттиш кор кардааст. Ӯ соҳиби ду фарзанд буд.

Дар пайи инфиҷори маводи тарканда дар дохили бинои Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қурғонтеппа як нафари дигар маҷрӯҳ шудааст. Нафари маҷрӯҳшуда - ходими дигари полис бо нишонаҳои даридани пардаи гӯш ба бемористони ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Қӯрғонтеппа бурда шудааст. Ин хабарро ба Радиои Озодӣ дар бемористон тасдиқ карданд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, шоми 1-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари вуқӯи таркиш дар ШКД-и Қӯрғонтеппаро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, "воқеан, таркиш рух дод ва як нафар кушта шудааст. Комиссиюни фаврӣ ба тафтиши ин ҳодиса шурӯъ кардааст ва бояд хулосаҳои онҳоро мунтазир шавем."

Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки то куҷо ин таркиш хусусияти тасодуфӣ дорад, ӯ посух надод ва танҳо таъкид кард, ки баҳои ниҳоӣ баъди таҳқиқи ҳодиса дода мешавад.

​Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа, баъди ин ҳодиса дар назди бинои ШКД-и Қӯрғонтеппа одамон ва ходимони зиёди пулис ҷамъ омада, ҳаракати мошин дар роҳи назди ин муассиса муваққатан манъ шудааст. Шаби гузашта ходимони пулис ва интизомӣ силоҳ ба даст дар атрофи идораи пулис қарор доштанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар таркиши ШКД-и Қӯрғонтеппа як муфаттиш ҷон дод

Аз аввали сол бори панҷум аст, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа таркиш рух медиҳад. Дар пайи яке аз ин таркишҳо дар моҳи апрел Ҳасанбой Раҳмонови 67-сола, сокини Қӯрғонтеппа ҷон бохт. Мақомот ин таркишҳоро кори дасти Шарифҷони Зокир, сокини рустои Зарбдори Қӯрғонтеппа, ки аз ӯ узви ДИИШ ном бурда мешуд, донистанд ва бо ин ҷурм ӯ ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Аммо ба гуфтаи мақомот, ҳалокати корманди пулис дар таркиш аз ҳодисаҳои пеш фарқ дорад.