Ҳукумати Қирғизистон гуфт, ки як маргталаби бомбгузор савори мошин ба даромадгоҳи сафоратхонаи Чин дар Бишкек ҳамла карда, худро таркондааст. Дар натиҷа, худи ҳамлагар кушта шуда, се коргари сафорат маҷрӯҳ шуданд. Муовини сарвазири Қирғизистон Ҷениш Раззоқов гуфт, ки ронандаи бомбгузор ба дарвозаи сафорати Чин ҳамла карда бомбаро, ки дар дохили мошин буд, ба кор андохт.
Вазорати беҳдошти Қирғизистон гуфт, ки се нафари дар ин таркиш маҷрӯҳшуда шаҳрвандони ин кишвар буданд ва онҳо бо нишонаҳои ҷароҳат аз бомбаи таркида бистарӣ шудаанд. Вазорати дохилаи Қирғизистон баъдтар гуфт, ки дар миёни маҷрӯҳон ду посбони 17-солаи мард ва як зани қирғиз мебошанд. Ҳуввияти ин занро ошкор намекунанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҳам гуфт, ки ин таркишро таҳқиқ, вале феълан аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ мекунад. Манобеи хадамоти амниятии Қирғизистон чанд соат баъди ҳамлаи террористӣ гуфтанд, ки таҳқиқи онҳо идома дорад ва ҳанӯз ҳуввияти марди ҳамлагар барои онҳо маълум нашудааст. Ҳамчунин кор дар амри мушаххас кардани соҳиби ин мошин ҳам идома дорад.
Дар изҳороти мақомоти Чин ҳодисаи ҳамла ба сафорати ин кишвар дар Бишкек кори дасти маргталаби бомбгузор унвон шудааст. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Ҳуа Чунйинг рӯзи 30 август дар як нишасти матбуотӣ дар Пекин гуфт:
"Сафорати Чин дар Қирғизистон мавриди ҳамлаи як мошини бомбгузоришуда қарор гирифт, дар натиҷа се корманди сафорат ҷароҳати сабук бардоштанд. Чин аз ин ҳодиса таконзада шуд ва ин амали хушунатбори экстремистиро шадидан маҳкум мекунад.
Вазорати хориҷаи Чин ба таври сареъ шабакаи кӯмакҳои изтирории худро ба кор андохт ва аз Қирғизистон тақозо кард, ки тамоми талошашро барои ҳимояти сохторҳои чинӣ ва шаҳрвандонаш дар Қирғизистон ба роҳ монад. Инчунин ба зудтарин фурсат муайян кунад, ки дар пушти ин ҳодиса чӣ истодааст ва омилони ин ҳодисаро бо шадидтарин шева ба ҷавобгарӣ кашад".
Аксҳои бештар:
Маъмурони пулис дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва мегӯянд, ки таҳқиқи ҳанӯз идома дорад. Сокинон мегӯянд, ки садои таркиш дуртар аз ҳудуди сафорати Чин низ шунида шудааст.
Видео инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад