Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон гуфт, ки ҳарчанд таркиши субҳи 31-уми май дар Кобул дар 1-километрии бинои сафорат рух дода ва хеле қавӣ буд, аммо ба бино ва кормандонаш осеб нарасондааст. Шарофиддин Имомов рӯзи 31-уми май дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, “ҳодиса ҳадди ақалл як километр дуртар аз мо иттифоқ афтод. Барои ҳамин, ба кормандон ва бинои сафорат осеб нарасидааст. Мутмаин бошед, дӯстон.” Имомов гуфт, ба маҳалли таркиш бинои сафорати Бритониё, Аморот ва Олмон хеле наздик ҳастанд.
Таркиш дар минтақае рух додааст, ки Қасри раёсати ҷумҳури Афғонистон, дафтари Созмони Милали Муттаҳид, Академияи улуми Афғонистон ва чандин сафоратхонаҳо, аз ҷумла сафорати Олмон дар он воқеъ мебошанд.
Вазорати тандурустии Афғонистон эълон кард, ки дар таркиши субҳи 31-уми май дар Кобул, ҳадди ақал 80 нафар кушта ва беш аз 350 тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳамзамон Вазорати умури дохилии Афғонистон аз сокинони талаб кардааст, ки ба бемористонҳо ҳозир шаванд ва барои захмиён хун эҳдо кунанд.
Субҳи 31-уми май таркиши шадиде пойтахти Афғонистонро такон дод. Тибқи гузоришҳо, ин таркиш ончунон нерӯманд будааст, ки садои он ҳатто аз манотиқи дури пойтахти Афғонистон, низ шунида шудааст. Ба иттилои манбаъҳои хабарӣ, таркиш дар минтақае рух додааст, ки Қасри раёсати ҷумҳури Афғонистон, дафтари Созмони Милали Муттаҳид, Академияи улуми Афғонистон ва чандин сафоратхонаҳо, аз ҷумла сафорати Олмон дар он воқеъ мебошанд.
Башир Муҷоҳид, сухангӯи пулиси Кобул гуфтааст, ки таркиш дар наздикиҳои даромадгоҳи сафорати Олмон рух додааст. "Ин таркиши як мошин дар назди сафорати Олмон ва чандин биноҳои муҳими дигари наздики он буд. Гуфтан мушкил аст, ки ҳадафи дақиқ кадоме аз ин ниҳодҳо будааст",- гуфтааст Башир Муҷоҳид. Манобеи амниятӣ гуфтаанд, ки то ба ҳол маълум нест, ки оё дипломатҳои олмонӣ дар ин ҳамла осеб дидаанд ва ё на. "То ин лаҳзаҳо маълум нест, ки оё ба дипломатҳои олмонӣ осеб расидааст ё хайр",-гуфтааст ин манбаъ ба хабаргузории "Рейтерз."
Аммо вазорати умури хориҷии Олмон баъдтар таъйид кард, ки дар таркиши субҳи чаҳоршанбе дар Кобул як муҳофизи афғони сафорати Олмон кушта ва чанд корманди сафорат захмӣ шуданд. Ҳамчунин бинои сафорати Олмон осеби шадид дидааст.
Тибқи гузоришҳо дар ин ҳодиса даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд.
Наҷиб Дониш, сарпарасти дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи 31 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин минтақа вобаста ба ҳавзаи даҳуми амниятӣ аст. Наҷиб Дониш афзуд, ки таркиш ба андозае шадид будаааст, ки беш аз 30 мошин ё осеб дида ё ба таври комил тахриб шудаанд. Шишаҳои фурӯшгоҳҳо, ресторанҳо ва дигар биноҳои низ дар 1-километрии ҷои ҳодиса фурӯ рехтаанд.
Хабаргузории афғонии "Пажвок" қаблан аз қавли масъулони вазорати тандурустии Афғонистон гуфта буд, ки 60 захмӣ ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд. Хабаргузории Ассошиэйтед пресс навишта буд, ки дар натиҷаи бомбгузории маргталабона то 50 нафар кушта ва захмӣ шудаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар пайи ҳодиса, касе масъулияти таркишро бар дӯш нагирифт. Ҳодиса дар давраи ба истилоҳ "ҳамлаи баҳорӣ"-и Толибон ба амал омадааст. Аз сӯе ҳам масъулияти чандин бомбгузории ахир дар пойтахти Афғонистонро гурӯҳи даҳшатафкани ба ном "Давлати исломӣ", ба ӯҳда гирифтааст.
Аз ҷумла 3-уми май бар асари ҳамла ба корвони НАТО 8 кас кушта ва 28 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар нимаи аввали соли 2017 Кобул ва манотиқи гирду атрофи пойтахти Афғонистон шоҳиди афзоиши назарраси шумораи қурбониҳо аз ҳамлаҳои мухталиф шудааст, ки дар он аксаран мардуми мулкӣ зиён дидаанд.