Ба иддаои мақомоти Русия, дар байни 20 нафаре, ки ба гумони узвият дар созмони мамнӯи Ҳизб-ут-Таҳрир дар Русия боздошт шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам будаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ки сохторҳои интизомии Русия ҳанӯз ба дархости онҳо дар бораи ҳуввияти боздоштшудаҳои тоҷикистонӣ посух надодаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Русия гуфтанд, ки боздоштҳо дар 24 манзили зист дар шаҳри Маскав аз ҷониби гурӯҳи таъиноти махсус ё ОМОН-и вазорати умури дохила ҷараён гирифт ва 97 нафар тафтиш шуд. Мақомот гуфтанд, ки раҳбари ин гурӯҳро ҳам боздошт кардаанд. Ҳизб-ут-Таҳрир дар кӯшиши таъсиси хилофати исломӣ дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ
айбдор мешавад.
Таҳлилгари масоили Ислом дар Русия, раиси Кумитаи исломии ин кишвар Ҳайдар Ҷамол мегӯяд, боздошти шаҳрвадони Тоҷикистон дар заминаи узвияташон дар Ҳизб-ут-Таҳрир суоли зиёд эҷод мекунад.
Ҳайдар Ҷамол: Дар робита бо боздошти рӯзи гузаштаи шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз ҳама инро таъкид кардан зарур аст, ки ҳанӯз масъалаи гунаҳгор будани онҳо баҳс намешавад. Масъала дар шева ва мӯҳлати боздошти онҳо аст. Дигар чизи муҳим ин аст, ки агар онҳо аъзои Ҳизб-ут-Таҳрир бошанд, онҳоро аз гурӯҳи “Давлати Исломӣ” бояд ҷудо кард. Чунки ин ду созмон аз ҳам ҷудо ва дар ҳоли рақобат ҳастанд. Ҳизб-ут-Таҳрир зидди ДИИШ баромад мекунад.
Радиои Озодӣ: Фарқи аслии байни ин ду гурӯҳ дар чист?
Ҳайдар Ҷамол: ДИИШ худро хилофат эълон кардааст. Ҳизб-ут-Таҳрир дар бораи хилофат тасаввуроти дигар дорад. Онҳо дар бораи халифаву хилофат таълимот ва ҳам таърифи худро доранд. Халифа, аз нигоҳи Ҳизб-ут-Таҳрир, танҳо намояндаи аҳли Қурайш буда метавонад ва аслан қоидаву муқаррароташ комилан фарқ мекунад. Барои онҳо аъзои ДИИШ одамони тасодуфӣ ҳастанд. Тафовути ҷиддии дигар дар ин аст, ки ДИИШ як созмони террористӣ аст, дар ҳоле, ки Ҳизб-ут-Таҳрир бо фаъолияти бидуни хушунаташ ном баровардааст. Дар солҳои 2000-ум ба феҳрасти созмонҳои террористӣ ворид шудани ин созмон бо дархости раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифтааст. Фикр мекунам, ки ин боздошт бо сафари Башор Асад ба Маскав иртибот мегирад. Барои истиқболи Асад дар Маскав тарҳи боздошти тоҷикҳоро кашиданд, то ки тарзи муборизаи шадид ба раҳбари кишвари муттафиқ – Асад намоиш дода шавад.
Радиои Озодӣ: Андешае вуҷуд дорад, ки аслан мубориза бо тундгароӣ ва терроризм, ки ҳоло дар Русия ҷараён дорад, аз ҷумла, боздоштҳои пурсарусадои гурӯҳҳои калони шаҳрвандон як тарҳи вижаи сохторҳои махсус аст. Ҳадафи ниҳоӣ – тақвияти мавқеи Кремлин дар Ховари Миёна мебошад. Назари шумо чист?
Ҳайдар Ҷамол: Бояд гуфт, дар асл, Русия дар Сурия на зидди ҳадафҳои “Давлати исломӣ” меҷангад. Зарбаҳои он болои ҳадафҳои артиши озоди Сурия - "Ҷабҳат-ун-Нусра" дар ҳошияи амалиёти зидди “Давлати Исломӣ” – мухолифони Башор Асад мусоидат мекунад. Вале ин амалиёт барои рӯёрӯиҳои мустақими миёни нирӯҳои мухолифин ва ҳам нирӯҳои Асад кам таъсир дорад. Бо вориди ин амалиёт шудани Русия, “Давлати Исломӣ” бурд кард. Дахолати Русия ба артиши Асад кӯмак накард. Дар канораҳои Ҳалаб ҳам артиш ва ҳам муҳимоти ҷангии артиши Асад талафоти зиёд дод. Рости гап, ин кӯмак бештар хусусияти расидан ба торҳои асаб ва таҳрикдиҳанда, на кӯмаккунанда дорад. 28 ҳавопаймое, ки 50 парвози ҳарбӣ анҷом медиҳад, дар баробари садҳову ҳазорҳо парвозҳои эътилофи амрикоӣ ҳеҷ аст.
Радиои Озодӣ: Ба фикри шумо, то куҷо изҳороти мақомот дар бораи хатарҳои узвияти шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар гурӯҳи “Давлати Исломӣ” дуруст аст?
Ҳайдар Ҷамол: Дар асл, шумори онҳое, ки аз минтақаи Қафқозу кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Сурия рафта меҷанганд, ба маротиб камтар гуфта мешавад. Шумори воқеии онҳо, тавре Вазорати корҳои дохилӣ ва ФСБ мегӯяд, 1700 ё 2000 нафар нест, балки ба 10-15 ҳазор мерасад.