Раёсати Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи апрел эълон кард, ки раҳбари ин ҳизб ва раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон номзади он дар интихоботи президентӣ хоҳад буд.
Вақте ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ба як номзади интихоботи ояндаи президентӣ нигоҳ мекунанд, хидматҳо ва камбудиҳои ӯро ба тарозу мегузоранд. Дастовардҳои ӯ ба фоидаи ин номзад ва кӯтоҳиҳояш бар зарари он кор хоҳанд кард. Ин ҳам дар ҳоле ки коршиносон мегӯянд, муайян кардани таносуби ҷанбаъҳои мусбату манфии раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон кори осон нахоҳад буд.
Бархе аз онҳо бар инанд, ки ҳифзи Тоҷикистон ҳамчун як давлат ва он ҳам дар давраи ҳассоси таърихӣ хизмати аввали ӯст. Мухолифони ин андеша ҳарфи созмонҳои байнулмилалиро такрор мекунанд, ки Тоҷикистонро як давлати ноком ва шаклнагирифта меноманд. Вале касе рад карда наметавонад, ки Эмомалӣ Раҳмон тавонист, бо мухолифонаш сулҳ кунад ва Тоҷикистонро аз идомаи ҷанги дохилӣ наҷот диҳад. Ҳарчанд гуфта мешавад, гузаштҳои зиёди мухолифон ин сулҳро имконпазир карданд, ҳамчун раҳбари давлат созмон додани бозгашти фирориён, тақсими қудрат, саркӯби гурӯҳҳои норозӣ ва аз саҳна берун кардани ҷангсолорон кори Раҳмон буд ва имрӯз амнияту оромӣ дар Тоҷикистон таъмин аст.
Маҳдӣ Собиров, корманди Маркази таҳқиқоти назди раисҷумҳури Тоҷикистон ёдовар мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то 2001 Тоҷикистонро ором кард ва акнун ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ машғул аст. Вай афзуд, давраи сеюми раҳбарии ӯ то охир бурдани се авлавият - баромадан аз бунбасти нақлиётӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ аст, ки ҳамагӣ пешрафтҳо доранд, аммо анҷом наёфтаанд: “Барои амалӣ шудани ин нақшаҳои стратегӣ боз худи Эмомалӣ Раҳмон лозим аст. Агар нафари дигар ояд, бо нақшаҳои худ ва командаи худ меояд, ки то сарҳисоби корашро меравад, вақти зиёд мегузарад ва рушди кишварро бозмедорад. Ба ҳамин хотир, бояд ҳама дар атрофи ӯ ҷамъ оянд ва ба ӯ дар интихобот раъй диҳанд. Як даҳсолаи дигар ӯ ҳақ дорад, ки раҳбари Тоҷикистон бошад.”
Дар сиёсатҳои хориҷӣ ҳам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдоронаш муваффақ меҳисобанд ва мегӯянд, ӯ Тоҷикистонро ба андозаи зиёд аз таҳти нуфузи Ӯзбакистон ва Русия, ки аз бозигарони ҷанги дохилӣ ва ҳомиёни ӯ унвон мешаванд, берун овард ва бо эълони “сиёсати дарҳои боз”, равобити кишварро бо Эрон, Чин, Амрико ва олами исломӣ таҳким дод.
Аммо мухолифони ӯ мегӯянд, ҳамаи ин вазифаҳое буд, ҳар раисиҷумҳур низ мебоист дастбакори онҳо мешуд ва дар камтарин ҳолат низ пешрафтҳоеро, ки Раҳмон ҳосил кард, ба даст меовард.
Бо арҷгузорӣ ба нақши ӯ дар истиқрори сулҳ, Алӣ Мастов, коршиноси мустақил мегӯяд, таҳти сарварии раисиҷумҳури феълӣ кишвар фурсатҳои зиёдеро аз даст додааст. Ба ақидаи ӯ, маҳз иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ аз нуқоти заъфи Раҳмонанд ва аз як андоза рушд кардани иқтисоду тиҷорат гурӯҳи хурди наздикони президент баҳра мебаранду аз 1 то 2 миллион нафар шаҳрванд маҷбур ба ҳиҷрат шудааст. Ҷаноби Мастов беҳтар шудани зиндагии мардумро эътироф мекунад, аммо мегӯяд: “Ин ки мардум имрӯз мошиндор шудааст, ё соҳиби мобайлу хонаву дар хизмати ҳукумат нест. Ин аз меҳнати муҳоҷирон дар Русия аст, ки саломатӣ, иззати нафс ва гоҳе ҷони худро барои ин аз даст медиҳанд.”
Ҳамзамон, дар ин давра аввалин миллионерҳо ва шояд ҳам миллиардерҳои тоҷик пайдо шуданд, ки қисме аз онҳо ба иқтисоди кишвар сармоягузорӣ мекунад ва аммо зиёде аз 3 миллиард доллари кишвар ба минтақаҳои оффшор интиқол ёфтааст.
Мунаққидони Раҳмон мегӯянд, афродеро, ки ӯ барои идораи соҳаҳои гуногуни кишвар интихоб кард, бо вуҷуди бармало шудани нуқсашон барканор нашуда, танҳо ҷой иваз мекунанд ва ба кадрҳои наву шоистаи технократ роҳ дода намешавад. Аз ин рӯ фазои муносибе барои пешрафти иқтисод ба миён наомада, президент худро гаравгони системаи офаридаи худ кардааст. Дар навбати худ рақобати солиму созанда вуҷуд надорад, беҷасоратии мансабдорон дар назди раҳбари давлат, маҳалгароӣ ва фасод ин системаро камсамар гардондааст.
Аз нигоҳи Раҷаби Мирзо, сарвари Маркази таҳлилии «Бозтоб», Эмомалӣ Раҳмон мебоист ҳанӯз як сол пеш аз интихобот имиҷи худро тариқи аз корҳои давлату тиҷорат дур кардани “чеҳраҳои маъруф” ва афроди наздикаш тағйир медод, бо падидаҳои маҳалгароӣ ва фасоди молӣ мубориза мебурд, ваколатҳои институти президентиро кам мекард ва заминаҳои интихоботи одилонаи президентиро фароҳам меовард, ки накард ва, зоҳиран, акнун дер шудааст: “Яке аз сабабҳои ба ҳамчунин иқдомҳои калидӣ даст назадани Эмомалӣ Раҳмон қабл аз ҳама ҳамон маъракаи таърифу тавсифи ӯ метавонад бошад. Дуввум, хатарҳои минтақавӣ метавонад бошад ва ин ки роҳбарони минтақа фикр мекунанд, агар аз қудрат раванд ва ё ислоҳот гузаронанд, мушкил пеш меояд. Ва ниҳоят, бозиҳои қудратҳои ҷаҳонӣ дар минтақа аст, ки раҳбарони кишварҳо аз омилони он ба шумор меоянд ва хуб медонанд, ки рафтани онҳо ба вазъи дохилӣ рабт надорад”
Масъалае, ки ҳукумати Раҳмон тавонист, то ҳоло аз он моҳирона истифода кунад, таносуби озодиҳо ва таъмини амнияти кишвар буд. Бисёре аз ҷонибдорони ӯ ва ҳам бахше аз бетарафон ё мухолифонаш низ бар инанд, ки агар Раҳмон аз сари қудрат равад, кишвар метавонад дубора ноором шавад. Аммо худи сохтани чунин ҳолат низ аз тарафи коршиносон нуқсе дониста мешавад, ки зидди шиорҳои демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани кишвар ба миён омадааст.
Дар ин замина, ба қавли матбуоти мустақили Тоҷикистон, муносибати аҳолӣ ба амалиёти ҳарбӣ дар манотиқи гуногуни кишвар аз Рашт гирифта, то Хоруғ духӯра боқӣ мемонад. Ҳамчунин ба Чин дода шудани қисме аз қаламрави кишвар, ҳабсу муҳокимаи пурсарусадои чеҳраҳои саршинос ва таблиғоти мухолифон метавонанд бахше аз интихобкунандагонро аз райъдиҳӣ барои Раҳмон боздоранд.
Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 1992 дар синни 40-солагӣ ва айни авҷгирии ҷанги дохилӣ дар симати раиси Шӯрои Олӣ амалан раҳбарии Тоҷикистонро ба зимма гирифт. Дар ин муддат се маротиба -- солҳои 1994, 1999, 2006 -- президенти Тоҷикистон интихоб шуд.
Бархе аз онҳо бар инанд, ки ҳифзи Тоҷикистон ҳамчун як давлат ва он ҳам дар давраи ҳассоси таърихӣ хизмати аввали ӯст. Мухолифони ин андеша ҳарфи созмонҳои байнулмилалиро такрор мекунанд, ки Тоҷикистонро як давлати ноком ва шаклнагирифта меноманд. Вале касе рад карда наметавонад, ки Эмомалӣ Раҳмон тавонист, бо мухолифонаш сулҳ кунад ва Тоҷикистонро аз идомаи ҷанги дохилӣ наҷот диҳад. Ҳарчанд гуфта мешавад, гузаштҳои зиёди мухолифон ин сулҳро имконпазир карданд, ҳамчун раҳбари давлат созмон додани бозгашти фирориён, тақсими қудрат, саркӯби гурӯҳҳои норозӣ ва аз саҳна берун кардани ҷангсолорон кори Раҳмон буд ва имрӯз амнияту оромӣ дар Тоҷикистон таъмин аст.
Дар сиёсатҳои хориҷӣ ҳам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдоронаш муваффақ меҳисобанд ва мегӯянд, ӯ Тоҷикистонро ба андозаи зиёд аз таҳти нуфузи Ӯзбакистон ва Русия, ки аз бозигарони ҷанги дохилӣ ва ҳомиёни ӯ унвон мешаванд, берун овард ва бо эълони “сиёсати дарҳои боз”, равобити кишварро бо Эрон, Чин, Амрико ва олами исломӣ таҳким дод.
Аммо мухолифони ӯ мегӯянд, ҳамаи ин вазифаҳое буд, ҳар раисиҷумҳур низ мебоист дастбакори онҳо мешуд ва дар камтарин ҳолат низ пешрафтҳоеро, ки Раҳмон ҳосил кард, ба даст меовард.
Ҳамзамон, дар ин давра аввалин миллионерҳо ва шояд ҳам миллиардерҳои тоҷик пайдо шуданд, ки қисме аз онҳо ба иқтисоди кишвар сармоягузорӣ мекунад ва аммо зиёде аз 3 миллиард доллари кишвар ба минтақаҳои оффшор интиқол ёфтааст.
Мунаққидони Раҳмон мегӯянд, афродеро, ки ӯ барои идораи соҳаҳои гуногуни кишвар интихоб кард, бо вуҷуди бармало шудани нуқсашон барканор нашуда, танҳо ҷой иваз мекунанд ва ба кадрҳои наву шоистаи технократ роҳ дода намешавад. Аз ин рӯ фазои муносибе барои пешрафти иқтисод ба миён наомада, президент худро гаравгони системаи офаридаи худ кардааст. Дар навбати худ рақобати солиму созанда вуҷуд надорад, беҷасоратии мансабдорон дар назди раҳбари давлат, маҳалгароӣ ва фасод ин системаро камсамар гардондааст.
Масъалае, ки ҳукумати Раҳмон тавонист, то ҳоло аз он моҳирона истифода кунад, таносуби озодиҳо ва таъмини амнияти кишвар буд. Бисёре аз ҷонибдорони ӯ ва ҳам бахше аз бетарафон ё мухолифонаш низ бар инанд, ки агар Раҳмон аз сари қудрат равад, кишвар метавонад дубора ноором шавад. Аммо худи сохтани чунин ҳолат низ аз тарафи коршиносон нуқсе дониста мешавад, ки зидди шиорҳои демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани кишвар ба миён омадааст.
Дар ин замина, ба қавли матбуоти мустақили Тоҷикистон, муносибати аҳолӣ ба амалиёти ҳарбӣ дар манотиқи гуногуни кишвар аз Рашт гирифта, то Хоруғ духӯра боқӣ мемонад. Ҳамчунин ба Чин дода шудани қисме аз қаламрави кишвар, ҳабсу муҳокимаи пурсарусадои чеҳраҳои саршинос ва таблиғоти мухолифон метавонанд бахше аз интихобкунандагонро аз райъдиҳӣ барои Раҳмон боздоранд.
Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 1992 дар синни 40-солагӣ ва айни авҷгирии ҷанги дохилӣ дар симати раиси Шӯрои Олӣ амалан раҳбарии Тоҷикистонро ба зимма гирифт. Дар ин муддат се маротиба -- солҳои 1994, 1999, 2006 -- президенти Тоҷикистон интихоб шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад