Соли асп чӣ меорад?

Соли 2014 дар тақвими шарқи соли асп аст. Соли асп маъмулан чӣ вижагиҳо дорад ва онҳое ки дар соли асп ба дунё омадаанд, аз мучалҳои дигар бо чӣ фарқ мекунанд?
Ашӯрмоҳ, зане, ки шавҳараш дар соли асп таваллуд шудааст, худро хушбахт медонад. Ашӯрмоҳ, ки дар як рустои дурдасти Шӯроободи вилояти Хатлон ба сар мебарад, мегӯяд, дар 44 соли зиндагӣ бо ҳамсараш боре аз ӯ ҳарфи бад нашунидаааст, чӣ монад ба шаллоқ ё хушунат.

Холаи Ашӯрмоҳ мегӯяд, шавҳараш инсони заҳматкаш ва падари ғамхор аст. Ин зан, ки худ дар соли бақар(гов) таваллуд шудааст, мегӯяд, гоҳо ғазаболуд мешавад, аммо шавҳараш дар баробари ӯ хеле ботамкину ором аст: «Одами вазнин аст. Дар зиндагӣ ҷангу ҷанҷол намекунад. Марди бобаракат аст. Барои фарзандонаш ҳам падари хуб аст.»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Соли 2014 - соли асп


Зоҳиран аксари афроде, ки дар соли асп таваллуд шудаанд, зарбаҳои рӯзгорро бо як тамкини хос, ё ба истилоҳ аспвор таҳаммул мекунанд. Аҳмад, шавҳари ин зан мегӯяд, соли асп ба хислати ӯ бетаъсир намондааст ва ин ҳам ҳаст, ки ҳар бор соли асп барояш шоду бобарор меояд.

Толеъшиносон ва асппарварон мегӯянд, зодагони соли асп ва ҳатто онҳое, ки бо асп сари кор доранд, ғолибан худро хушбахт мешуморанд.

Фирдавс Саломов

Фирдавс Саломов 6 сол боз ба аспҳо сарукор дорад. Ӯ саиси 22 сар аспест, ки дар Ипподром ё Аспрези пойтахт парвариш мешаванд. Фирдавс мегӯяд, дар ин 6 сол табиати аспҳоро хуб омӯхтаву медонад, ки дар ботини онҳо чӣ мегузарад? Ба ақидаи вай, асп ҳам медонад, ки савори болояш чӣ гуна одам аст ва агар савора «буздилу тарсу» бошад, бо ӯ бозӣ карданро сар мекунад ва билохира ӯро аз зин поён меафканад. Вай мегӯяд: «Субҳ соати 6 меоям ва тамоми рӯз бо аспҳоям машғул мешавам. Вақте ки бо асп меҳрубонӣ мекунӣ, бо ту унс мегиранд.»

Маъмулан аспҳо то 30 сол умр мебинанд ва пас аз чаҳорсолагӣ барои истифода дар варзиш омода мешаванд. Фирдавс мегӯяд, аспи хуби зотӣ аз рӯи гардану сон ва тарзи бардоштани сару роҳгардияш маълум аст. Аммо ҳамзамон ҳар асп ҳар хел аст ва онҳоро дар тавила алоҳида нигаҳдорӣ мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Соли асп чӣ солест?



Равоншиносон аспро махлуқи софу бетарафе медонанд, ки метавонад дар ҳар шахс хислатҳои мусбат ё манфиро нерӯ диҳад, аммо як хислати асосии асп вафодорист. Асп маъмулан ба ҷуфти худ як умр вафодор мемонад.

Онҳое, ки тақвими бостониро медонанд, мегӯянд, соли асп соли ирода, ҷасорат, ҷаҳиш, зебоӣ ва талошҳо хоҳад буд. Аммо ҳушдор медиҳанд, ки кас бояд дар соли асп ба ботини худ низ диққати бавижа диҳад ва эҳсосоти хешро идора кунад.