Ҳаққи "аксизи мобилӣ" ба гардани муштарӣ бор шуд

Сар аз аввали моҳи апрел андози аксизӣ барои алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон аз се то панҷ дарсад афзоиш ёфт.

Субҳи 1-уми апрел бисёре аз сокинони Тоҷикистонро sms ва ё паёмаки ширкатҳои мобилӣ аз хоб бедор кард, ки дар онҳо гуфта мешуд, андози аксиз барои алоқаи мобилӣ аз 3 ба 5 дарсад боло рафтааст. Ин паёмро муштариён ба гунае фаҳмиданд, ки нархи гуфтугӯ бо телефонҳои ҳамроҳ низ дар паи болоравии ин намуди андоз боло хоҳад рафт.

Сорбон Муҳамадиев, як ҷавони тоҷик, ки ҳаёташро бидуни телефони ҳамроҳ, Интернет ва фанновариҳои муосир тасаввур намекунад, дар як сӯҳбати сарироҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд якуми апрел чун рӯзи хандаву нишот пазируфта шудааст, аммо аз субҳ ин паёмак коми истифодабарандагони телефонҳои ҳамроҳ ва интернеро талх кард. Вай гуфт: “Албатта нархи Интернету телефон боз мисли ҳамон соле, ки андози аксизро ҷорӣ карданд, қимат мешавад. Ин табиист. Аммо мутаассифона, ин ҳама ба кисаи мардум зарба мезанад.”

Чаҳор ширкати бузурги мобилӣ ва интернетрасони Тоҷикистон - Вавилон, Мегафон, Билайн ва Тселл тариқи торнамоҳои расмиашон низ муштариёнро аз болоравии қимати андози аксизӣ огоҳ сохтанд. Танҳо Вавилон дар хабари кӯтоҳаш, ки рӯзи 1−уми апрел дар торнамои

расмиаш нашр шуд, илова ба хабари гарон шудани андози аксиз, навишт: “Ҳамаи нархҳои Хадамоти алоқаи мобилии Вавилон-мобайл аз 1 то 10–уми апрел ба қадри андози гароншуда боло бурда мешавад.”

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ҷиҳати боло бурдани андози аксизӣ аз 3 то ба 5 дарсад рӯзи 18‑уми март аз сӯи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шуд ва баъд аз нашраш дар рӯзномаҳои расмӣ аз якуми апрел ба иҷро даромад.

Аммо Кумитаи андози Тоҷикистон аз ҳамаи ширкатҳои мобилӣ пардохти андози 5-фоизаро аз якуми январ, яъне се моҳ қабл аз ба тасвиб расиданаш талаб дорад, ки ин вазъ нигаронии ширкатҳои мобилии кишварро ба вуҷуд овардааст.

Ғафурҷон Иркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин талаби Кумитаи андоз ширкатҳои мобилиро шадидан нигарон кардааст. Вай гуфт: “Технологияҳои мобилӣ ҳар рӯз нав мешаванд. Агарчи матни қонуни мазкур 20-уми март дар нашрияи «Садои Мардум» чоп шуда, эътибори қонунӣ пайдо кардааст, вале Кумитаи андоз аз ширкатҳои мобилӣ иҷрои талаботи қонуни мазкур, яъне чамъоварии андози 5-фоизаро аз 1 январ талаб дорад. Дигар ширкатҳои мобилӣ қудратӣ харидории технологияҳои нав ва рушди алоқаи мобилиро нахоҳанд дошт. Боло рафтани андоз ба таназзули соҳаи алоқаи мобилӣ сабаб хоҳад шуд”, гуфт ӯ.

Ҷаноби Иркаев гуфт, дирӯз бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ машварат доштааст ва ба хулосае расидаанд, ки бо навиштани як нома, онҳо аз Кумитаи андоз дар робита ба ин тасмимаш шарҳи бештар дархост хоҳанд кард. Масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз шарҳи ин масъала ба Радиои Озодӣ худдорӣ варзида гуфтанд, ба зудӣ шарҳ ва назари расмии кумита дар ин маврид дар торнамаяш ба нашр хоҳад расид.

Дар ҳамин ҳол, Иркаев гуфт бо ҷорӣ шудани андози аксизии 5-дарсадӣ сарбории андоз дар нисбати ширкатҳои мобилӣ аз 50 фисад мегузарад ва ширкатҳо маҷбур хоҳанд шуд, беш аз нисфи даромади худро ба андоз супоранд. Аммо ба таъкиди Иркаев, бизнес ҳеҷ гоҳ ба зарари худ кор карда наметавонад ва аз ин рӯ ширкатҳои мобилӣ танҳо ду роҳ доранд: ё нархи алоқаи мобилиро боло мебаранд ва ё фаъолияташонро қатъ мекунанд.