Тоҷикистон аз дурбини як сайёҳи чех

Рӯзи 14 май дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех намоишгоҳи аксҳои ҷаҳонгарди ҷавон Михал Чабела таҳти унвони “Узбакистон ва Тоҷикистон” барпо мешавад.
Аксҳои бардоштаи Чабела манзараҳои зебои Тоҷикистон, ба вижа кӯҳистони Зарафшонро ба намоиш мегузорад. Дурбини аккосии ин ҷавони 28-сола бештар ба тасвири табиат, қуллаҳои барфпӯшу боду ҳавои софу беғубони ин диёр пардохтааст.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар остонаи намоишгоҳи аксҳояш, ки қарор аст дар толори Черна Лукаи Острава барпо шавад, Михал Чабела дар бораи таассуроташ аз сафар ба Тоҷикистон ва Ӯзбакистон нақл кард.

Вай гуфт, гурӯҳе аз дӯстон, аз ҷумла ӯ, баъди шунидани қиссаҳо аз зебоиҳои қаторкӯҳҳои Зарафшон қарор карданд, ки ба дидани ин диёр сафар кунанд. Ин ҷавонҳо ҳама ба кӯҳнавардӣ ҳавас доштаанд ва Михал дар баробари ин, ҳамчунин аксабрдорӣ ҳам мекардааст. Тобистони соли 2012 шаш ҷавон, аз ҷумла Михал ва дӯстдухтараш ба роҳ баромаданд.

Тамоми омодагиҳои сафар, аз ҷумла, ғизои сеҳафтаинаву хайма ва дигар лавозимоти кӯҳнавардиро ҳамроҳ бо худ аз Прага таҳия карда, визаро дар фурудгоҳи Душанбе ба даст овардаанд. Вай гуфт, баъди чанд рӯзи боздид аз Душанбе ин гурӯҳ ба Зарафшон сафар кард ва муддати дуюним ҳафта дар муҳити комилан бозу бекас, дар табиати озод зиндагӣ кард.


http://kopce.eu/obsah/zobrazit/244-fanske-hory


Михал мегӯяд, ҳеҷ гоҳ чунин манзараҳои зеборо надида буд: “Мо як зиндагии хосе доштем. Хаймаи худро ҳамеша дар канори рӯдхона ё кӯле мезадему беғамона зиндагӣ мекардем. Комилан мустақил будем, касе ба мо кор надошт. Зимнан, тамоми муддати боздидамон аз ин кӯҳистон, шояд як ё ду инсонро вохӯрдем, ки бо мо хеле меҳрубон буданд.”

Вай гуфт, манотиқи кӯҳистон ҳарчанд аз оддитарин шароит ва сервис маҳрум аст, омодагии қабл аз сафар дар Прага барояшон кӯмак кард, ки дар шароити бегона дасту по гум накунанд: “Ҳар як рюкзаки мо тақрибан 40-килогӣ вазн дошт. Мо бо худ асосан ғизои хушк ва оби нӯшиданӣ гирифта будем.” Вай гуфт, азбаски онҳо забонро намедонистанду шароити зиндагӣ дар кӯҳистони Тоҷикистонро пештар таҷриба накарда буданд, ба хотири сарфаи вақту амнияти ғизо тамоми чизро бо худ аз Прага бурданд.

Тоҷикистон аз дурбини як сайёҳи чех


Баъди боздид аз Тоҷикистон дар муддати чанд рӯз Михал ва дӯстдухтараш фурсат ёфта, ба Узбакистон ҳам рафтанд ва аз зеботарин шаҳрҳои ин кишвар – Бухорову Самарқанд ва Тошканд дидан карданд. Вай мегӯяд, аз лиҳози зист ва хизматрасонӣ ба ҷаҳонгарон шароити Узбакистон беҳтар аст. “Онҳо ботаҷрибатаранд, одат доранд, ки ҳамарӯза бо хориҷиҳо сару кор гиранд, аз ин рӯ, шароити сафар барои сайёҳон дар Узбакистон як дараҷа беҳтар аст. Айни замон, хизматрасонӣ барои хориҷиҳо дар ин кишвар гаронтар буда, мардумаш ҳам назар ба тоҷикҳо пӯшидатаранд”, - гуфт Михал.

Ба мушоҳидаи вай, мардуми Узбакистон аз сӯҳбат дар масоили сиёсиву иҷтимоӣ ва вазъи кишвар худдорӣ мекарданд ва эҳсос мешуд, ки, ба гуфтаи ӯ, аз ин мавзӯъҳо фирор мекунанд.

Аммо дар Тоҷикистон, мегӯяд вай, гоҳе бо тоҷирони “ноинсоф” вохӯрдаанд, ки хориҷӣ будани онҳоро ба эътибор гирифта, қимати хизматрасониро назар ба муштарии маҳаллӣ ду-се баробар боло мебурданд. “Масалан, ҳангоми истифода аз мошини роҳ ё автобус мо медидем, ки аз мо қимати бештар талаб мешуд. Вале бо ин вуҷуд, харҷи сафари мо чандон гарон набуд. Бидуни назардошти қимати билет, танҳо дар дохили Тоҷикистон дар муддати се ҳафта мо тақрибан 500 евро сарф кардем, ки ин хеле хуб аст”, - мегӯяд Михал.

Михал Чабела тӯли солиёни зиёд дар як ширкати ҷаҳонгардии Чехия кор карда, ҳоло ходими ширкати PwC Prague аст. Намоишгоҳи аксҳои ӯ дар бораи Тоҷикистону Узбакистон дар шаҳри Острава ҳафтаи оянда шурӯъ мешавад.