"Ман қавитар аз тарс ҳастам". ВИДЕО

Наққошиҳои муҳоҷирони афғон дар намоишгоҳи байналмилалии Душанбе аз миёни 100 тасвир, аз ҳама бештар таваҷҷуҳи бинандагонро ба худ ҷалб карданд. Ин намоишгоҳ рӯзи 26 апрел ба муносибати Рӯзи шаҳри Душанбе баргузор шуд ва 15 наққошро аз кишварҳои Гурҷистон, Русия, Афғонистон, Украина ва Тоҷикистон гирди ҳам овард.

Отифа Одилпур, муҳоҷири 23-солаи афғон низ се наққошии худро дар ин намоишгоҳ ба тамошо гузошт. Ин наққоши ҷавон дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, якуним сол пеш дар пайи ноамниҳо дар Афғонистон, ба Тоҷикистон паноҳ овардааст. "Ман қавитар аз тарс ҳастам"-яке аз корҳои Отифа Одилпур аст, ки ба қавли ӯ, "баёнгари мушкилоти занон аст, ки ба чашми худам дар Афғонистон дидам". Отифа мегӯяд, бо ин тасвири худ паём додааст, ки зан метавонад бо ҳар гуна мушкил мубориза барад ва дар муқобилаш истодагарӣ кунад. "Яъне, ман ин қадар тавоноӣ дорам, ки ҳар шароите болои ман биёяд, метавонам аз худ дифоъ кунам."

Бону Одилпур дар баёни наққошии дигараш, ки дар он нисфи чеҳраи як зан ба тасвир омадааст гуфт: "Зан дар Афғонистон дар пардаҳои гуногун зиндагӣ мекунад. Масалан, феълан дар онҷо ривоҷи чодарӣ мавҷуд мебошад ва занон наметавонан чеҳраи худро возеҳ барои ҳама нишон бидиҳанд. Аз ин рӯ, ин акс нишонгари он аст, ки як зан метавонад ба ҳар чеҳрае худро бисозад ва аз тавоноиҳои худ истифодаи беҳтар бикунад."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Наққошиҳои рассомони афғон дар намоишгоҳи Душанбе

Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон ва аз боздидкунандагон ин намоиш гуфт, наққошиҳои муҳоҷирони афғон ӯро мутаассир карданд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, паёми "Ман қавитар аз тарс ҳастам" барои духтарон ва махсусан занони ҷавон хеле муҳим аст.

Хонум Миллард бо ишора ба наққошии Замониддин Зафарзода, як муҳоҷири дигар афғон, ки тасвири модари дар ҳоли гиряро ба ин намоишгоҳ овардааст, гуфт, "ин зан нишондиҳандаи ҳамаи модарон дар Афғонистон аст, ки албатта дучори мушкилиҳоянд."

Замониддин ҳам беш аз яку ним сол дар Тоҷикистон ба дур аз ноамнӣ, вале бо ёди Афғонистон ба сар мебарад. Ӯ мегӯяд ҳунари наққошӣ ба ӯ даст медиҳад, ки эҳсосоти худро баён кунад. "Дар Афғонистон вазъият хуб нест ва мардум ҳамагӣ аз ҷанг ранҷ мебаранд. Мисли ин модар ҳазорҳо модари дигар ҳастанд, ки фарзандони худро дар ҷанг аз даст медиҳанд ва гиря мекунанд."