Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон муддати 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 750 кило маводи мухаддирро мусодира кардааст, ки 20 дарсади он аз пошнаи пойафзол, чормағзу хурмо, собун, телефони мобилу, чархи мошин ва холигоҳҳои дигар ошкор шудаанд. Акнун оҷонсӣ ҳамаи ин намунаҳоро дар осорхонаи вижае ба маърази тамошо гузоштааст. Пинҳонгоҳҳои маводи мухаддир бештар дар истгоҳи Роҳи оҳан, фурудгоҳ ва ҳангоми сафари қочоқбарон аз як минтақа ба минтақаи дигар ошкор шудаанд.
Намояндагони Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯянд, ин осорхона дар Осиёи Марказӣ ягона буда, то ҳол шеваҳои қочоқи маводи мухаддир ба шакли як намоишгоҳ ташкил нашуда буд. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 7 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи таъсиси ин осорхона ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва ҳамзамон ҳушдори сокинон аст, ки дар сурати интиқоли ашёи афроди ношинос аз ҷое ба ҷое аз эҳтиёт кор бигиранд.
Феълан дар ин осорхона 15 намунаи истифодаи ашё барои қочоқи мухаддир ба намоиш гузошта шуд. Ҳамчунин ба гуфтаи масъулони оҷонсии мазкур, кормандони наве, ки ба ин ниҳод ба кор гирифта мешаванд, дар осорхона бо шеваҳои қочоқи маводи мухаддир ошно мешаванд. Як намуна ё экспонати аз ҳама қадимӣ дар ин осорхона - пойафзоли мардонаест, ки қочоқбаре дар он маводи мухаддир ҷой дода буд. Ба гуфтаи Хушнуд Раҳматуллоев, шеваи дар пошнаи пойафзол ҷой кардани қочоқи маводи нашъа ҳунӯз дар асрҳои гузашта низ маъмул будааст. Вай мегӯяд, нашъаҷаллобон роҳҳои нави интиқоли нашъаро фикр мекунанд - гоҳо дар дохили сахтафзор ё жесткий диски компютер, дар дохили хурмо ва дигар чизҳо. Нафаре, ки аз ӯ бурдани бор дархост мешавад, дар бисёр ҳолатҳо худ хабар надорад, ки чӣ "савоғое" дар даст дорад. Танҳо баъди боздошт онҳо мефаҳманд, ки қочоқбари маводи мухаддир шудаанд, мегӯяд Раҳматуллоев.
Масъулони Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз ташкили ин осорхонаи ғайриоддӣ, ба қавли Саъдии бузург, тарбияи ҷавонону наврасон аст, ки "адабро аз беадабон омӯзанд". Дари осорхона ба рӯи ҳама хоҳишмандон боз буда ҳар нафар, бахусус, мактаббачаҳо, донишҷӯён, сокинон ва кормандони касбу кори гуногун имкони тамошои ашёҳои ҷолиби онро хоҳад дошт. Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон ният доранд, то охири соли ҷорӣ намунаҳои дигареро низ аз шеваҳои қочоқи маводи мухаддир дар ин осорхона ҷой диҳад.
Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамасола садҳо килограмм маводи мухаддирро аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира мекунанд. Танҳо дар соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 6 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст, ки як тоннаи онро кормандони Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир кашф кардаанд. Ҷаноби Раҳматуллоев мегӯяд, маводи ин осорхона на танҳо барои сокинони оддӣ, балки барои кормандони камтаҷрибаи Оҷонсӣ ҳам дар омӯзиши шеваҳои қочоқи маводи мухаддир фоида дорад.
Аз рӯи намунаҳо маълум мешавад, ки қочоқчиён маводи мухаддирро дар пошнаи кафш, дохили китоб, дандоншӯяк, дохили телефони мобил, шишаи коняку меваи хурмо ва дигар маводи ғайримунтазира ҷо карда талоши интиқол додани онро ба хориҷи кишвар кардаанд. Экспонат ё намунаҳои дар осорхона гузошташуда моли воқеии ба ҳангоми тафтишот мусодирашуда мебошанд. Як экспонати қадимитарини он - пойафзоли мардона аст, ки дар пошнаи он маводи мухаддир ҷой дода шудааст. Хушнуд Раҳматуллоев гуфт, чунин шеваи қочоқи маводи нашъа ҳунӯз дар асрҳои гузашта маъмул буд. Вай мегӯяд, “Нашъаҷалобон ҳар рӯз роҳҳои нави интиқоли нашъаро фикр мекунанд. Бинобар ин, тариқи ин осорхона бояд ба ҷавонон омӯзонда шавад, ки хеле боэҳтиёт кор кунанд. Гоҳе дар дохили “жесткий диск” ё хурмову дигар чизҳо нашъаро ҷой карда, ба дасти ҷавонон ба қавле савғо мефиристонанд. Сокинон ҳатто намедонанд, ки онҳо маводи мухаддир бурда истодаанд. Вақте ба даст меафтанд, баъд мефаҳманд, ки ҷиноят содир кардаанд,” – гуфт Раҳматуллоев.
Масъулони Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯянд, дари осорхона ба рӯи тамошобинон боз буда ва ҳар нафар, бахусус, мактаббачаҳо, донишҷӯён, сокинон ва кормандони касбу кори гуногун имкони тамошои ашёи ҷолиби онро хоҳанд дошт. Сухангӯи оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, онҳо ният доранд, то охири соли ҷорӣ намунаҳои дигареро аз шеваҳои қочоқи маводи мухаддир дар ин осорхона гузоранд.
Ҳамасола тавассути сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Тоҷикистон садҳо кило маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ ошкор ва кашфу мусодира мешавад. Танҳо дар соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 6 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст, ки як тоннаи он тавассути кормандони Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир кашф шудааст.
Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1 ҳазору 300 километр марзи муштарак дорад ва маводи мухаддир аз Афғонистони ҳамсоя тавассути бахшҳои ин марз ворид мешаванд, ки назорати онҳо хеле душвор аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад