Имруз, панҷшанбеи 21-уми ноябр дар толори меҳмонхонаи "Тоҷикистон"-и шаҳри Душанбе, намоишгоҳи "Ҳафтаи глобалии соҳибкорӣ" оғоз ба кор кард.
Ин намоишгоҳ ба ибтикори дафтари намояндагии Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон созмон ёфта ва қарор аст, то 24-уми ноябр идома кунад.
Илҳом Маҳкамбоев, масъули дафтари намояндагии Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин намоишгоҳ дар чорчуби "Ҳафтаи ҷаҳонии глобалии соҳибкорӣ", сурат мегирад ва ҳадаф аз он ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон аст ва ҳамзамон муаррифии фазои соҳибкории Тоҷикистон барои ҷаҳониён мебошад ."
Чун ба таъкиди ҷаноби Маҳкамбоев, сармоягузорони хориҷӣ умдатан тариқи интернет дар бораи Тоҷикистон маълумот пайдо мекунанд ва баргузории ин намоишгоҳ имкон медиҳад, то сармоягузорони хориҷӣ ба таври мустақим ба фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ошно шаванд.
Ин аст, ки ба гуфтаи ҷаноби Маҳкамбоев, дар намоишгоҳ маҳсули 23 ширкати аъзои Палатаи савдои Амрико ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои Илҳом Маҳкамбоев, 44 ширкат шомили Палатаи савдои Амрико ҳастанд ва дар ҳамкорӣ бо доираҳои Тоҷикистон дар муддати 6 соли ахир ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 100 миллион доллар сармоягузорӣ кардаанд.