Зулайхо Маҳмадшоева, сарояндаи ҷавони тоҷик мегӯяд, навори видеоие, ки ахиран дар интернет пахш шуд, маҳфили муаррифии албоми нахустини ӯ буд, ки дар зодрӯзаш иттифоқ уфтод.
Зулайхо Маҳмадшоева дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ моҷаро бар сари навори видеоӣ дар Интернетро шарҳ дода, гуфт, маҳфиле, ки ҳамчун зодрӯз ном бурда мешавад дар асл ба хотири таҳияи нахустин албоми ӯ созмон ёфта, иттифоқан дар ҷашни мавлуди ӯ рост омадааст.
Зулайхо Маҳмадшоева гуфт, нахусталбоми худро бо номи «Механдам» пешкаши мухлисон кардааст ва мехост онро бо ҷамъи ҳампешагон ҷашн бигирад ва ба гуфтаи худаш, чанд ҷашнро дар як рӯз таҷлил кунад.
Зулайхо: "Ростӣ, дар 20 соли умрам боре ҳам зодрӯзи худро ҷашн нагирифта будам ва таҷлили зодрӯзро худам ҳам дӯст намедорам. Лекин итифоқан маҳфили таҷлили нахустин албомам дар рӯзи зодрӯзам рост омад. Навори видеоие, ки дар интернет пахш шуд, ғайри хоҳиши худам аст. Баъд аз маҳфил дӯстон хоҳиш карданд, ки наворро тамошо кунанд ва баъди чанде дар интернет пайдо шуд."
Озодӣ: Зулайхо шуморо аксарият чун шогирди овозхони маъруф Манижаи Давлат мешиносанд. Ва то ҷое медонем шумо ҳам бо сабки ин овозхон рӯи саҳна омадед? Оё чӣ робитае доред бо Манижа?
Зулайхо: "Бале, дуруст аст, ман аз хурдӣ ӯро дӯст медоштам, эҳтиром мекардам. Шояд ҳамин меҳри зиёд буд, ки овозу садоям ҳам ба он кас монанд шуду он кас маро ба шогирдӣ қабул карданд. Якҷо кор мекунем ва дар таҳияву сабти таронаҳо Манижа маро бисёр дастгирӣ мекунад."
Озодӣ: Метавонед рӯшантар бигӯед, ки чӣ тавр шинос шудед? Шумо ӯро пайдо кардед ё ӯ шуморо?
Зулайхо: "Ман ҳама вақт дар ҷустуҷӯи ӯ будам, мехостам, ки аққалан як бор ҳам бошад бо ӯ вохӯрам. Дар як тӯй бо ӯ вохӯрдем ва рақамҳои телефонашонро гирифтам. Ҳамин тавр телефонӣ сӯҳбат мекардем ва як таронаи он касро барояшон хондаму садоям писанд омад ва баъдан аз наздик бо ҳам шинос шудем. Худи Манижа тавре медонед, муддати чанд сол аст дар саҳна нест, намедонам барои чӣ, аммо ба ман машварат медиҳанду роҳнамоӣ мекунанд дар ин ҷода."
Озодӣ: Клипҳои шумо ғолибан аз аксар клипҳои дигар овозхонон фарқ мекунад бо мӯҳтаво ва тарзи таҳияву пешниҳод. Сужаи клипҳоятон аз ҷониби кӣ таҳия мешавад ва дар ин самт бо кӣ кор мекунед?
Зулайхо: "Масалан клипи "Модарам" идеяи Орзу Исоев аст ва клипи навам «Бобуна ҳам» аз ҷониби ӯ таҳия шудааст. Хулоса, бо ҳамин кас бештар ҳамкорӣ дорам."
Озодӣ: Аммо маълум аст, ки сабти клипу таронаҳо дар ин сатҳ бо маблағи кам ба даст намеояд, метавонед, бигӯед, ки манбаи даромади шумо аз куҷо аст. Ё ягон маблағгузоре доред?
Зулайхо: "Вақте сурудҳои хуб мехонӣ ба як кас маъқул мешавӣ ва ба тӯй ва маъракаҳо даъват мекунанд ва аз ин тариқ мо маблағҳоро ҷудо карда барои омодасозии клипҳоям истифода мебарем."
Озодӣ: Аслан тарзи ороиши мӯю рӯи шуморо аксаран духтарон тавсиф мекунанд ва шунидем, ки шумо стилист ё ороишгари махсуси худро доред ва ӯ аз Тоҷикистон нест?
Зулайхо: "Бале ӯ Лида ном дорад ва дар шаҳри Тошканд зиндагӣ мекунад. Бисёр вақт он кас маро макияж ва мӯямро ороиш медиҳад. Ман ба наздашон ба он ҷо меравам. Аммо дар консертҳои хурди худамон ман худам мӯю рӯямро ороиш медиҳам."
Озодӣ: "Шумо як вақт аз хабарнигорон шикоят норозигӣ карда будед, сабаб чӣ буд?
Зулайхо: "Не, аз ҳама рӯзноманигорон не, албатта. Аммо вақте дар бораи шумо як чизе, ки аслан аз ҳақиқат дур аст менависанд, шумо чи хел худро ҳис мекунед? Дар бораи ман чунин гапу хабарҳо зиёд шуд. Ба хотири пул кор кардан чизҳое навиштанд, ки ман аслан худам аз онҳо хабар надорам. Ҳоло намехоҳам дар ин бора зиёд сӯҳбат кунаму боз ба хотир орам он навиштаҳоро."
Озодӣ: Аксарияти онҳое, ки рӯйи саҳна меояд, ҳатман таваҷҷӯҳи мухлисон ба зиндагии хонаводагии онҳо ҳам бештар мешавад. Зулайхо дар кадом муҳит тарбия ёфтааст. Оилаи санъаткор ё як хонаводаи оддиву дур аз ин ҳама?
Зулайхо: "Дар оилаи оддие ба дунё омадаам. Модарам санъатро дӯст медоранд. Ман худам ҳамроҳи бибиву бобоям калон шудаам ва онҳо ҳатто фикр ҳам намекарданд, ки санъаткор мешавам. Ба кори хона ва дӯзандагӣ машғул будам ва фикр мекарданд аз ин ҳама дурам."
Озодӣ: Нақшаҳоятон дар оянда дар соли 2014 чигунаанд?
Зулайхо: "Нақшаҳо, албатта, зиёданд, аммо ҳамааш бо хости Худо."
Зулайхо Маҳмадшоева гуфт, нахусталбоми худро бо номи «Механдам» пешкаши мухлисон кардааст ва мехост онро бо ҷамъи ҳампешагон ҷашн бигирад ва ба гуфтаи худаш, чанд ҷашнро дар як рӯз таҷлил кунад.
Зулайхо Маҳмадшоева
Зулайхо Маҳмадшоева 20 сол дорад ва дар тарбияи модаркалону бобояш ба воя расидааст. Дар бахши равобити байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад, вале мегӯяд, таҳсили ӯ ба машғулияти алсиаш - овозхонӣ - халал намерасонад. Зулайхо Маҳмадшоева дар як сабки монанд ба сабки Манижаи Давлат мехонад ва ӯро ба ин далел "Манижаи нав" ҳам ном мебаранд. Ахиран ӯ албоми нахустинаш бо номи "Механдам"-ро пешкаши мухлисони худ кард.Озодӣ: Зулайхо шуморо аксарият чун шогирди овозхони маъруф Манижаи Давлат мешиносанд. Ва то ҷое медонем шумо ҳам бо сабки ин овозхон рӯи саҳна омадед? Оё чӣ робитае доред бо Манижа?
Зулайхо: "Бале, дуруст аст, ман аз хурдӣ ӯро дӯст медоштам, эҳтиром мекардам. Шояд ҳамин меҳри зиёд буд, ки овозу садоям ҳам ба он кас монанд шуду он кас маро ба шогирдӣ қабул карданд. Якҷо кор мекунем ва дар таҳияву сабти таронаҳо Манижа маро бисёр дастгирӣ мекунад."
Озодӣ: Метавонед рӯшантар бигӯед, ки чӣ тавр шинос шудед? Шумо ӯро пайдо кардед ё ӯ шуморо?
Озодӣ: Клипҳои шумо ғолибан аз аксар клипҳои дигар овозхонон фарқ мекунад бо мӯҳтаво ва тарзи таҳияву пешниҳод. Сужаи клипҳоятон аз ҷониби кӣ таҳия мешавад ва дар ин самт бо кӣ кор мекунед?
Зулайхо: "Масалан клипи "Модарам" идеяи Орзу Исоев аст ва клипи навам «Бобуна ҳам» аз ҷониби ӯ таҳия шудааст. Хулоса, бо ҳамин кас бештар ҳамкорӣ дорам."
Озодӣ: Аммо маълум аст, ки сабти клипу таронаҳо дар ин сатҳ бо маблағи кам ба даст намеояд, метавонед, бигӯед, ки манбаи даромади шумо аз куҷо аст. Ё ягон маблағгузоре доред?
Зулайхо: "Вақте сурудҳои хуб мехонӣ ба як кас маъқул мешавӣ ва ба тӯй ва маъракаҳо даъват мекунанд ва аз ин тариқ мо маблағҳоро ҷудо карда барои омодасозии клипҳоям истифода мебарем."
Озодӣ: Аслан тарзи ороиши мӯю рӯи шуморо аксаран духтарон тавсиф мекунанд ва шунидем, ки шумо стилист ё ороишгари махсуси худро доред ва ӯ аз Тоҷикистон нест?
Зулайхо: "Бале ӯ Лида ном дорад ва дар шаҳри Тошканд зиндагӣ мекунад. Бисёр вақт он кас маро макияж ва мӯямро ороиш медиҳад. Ман ба наздашон ба он ҷо меравам. Аммо дар консертҳои хурди худамон ман худам мӯю рӯямро ороиш медиҳам."
Озодӣ: "Шумо як вақт аз хабарнигорон шикоят норозигӣ карда будед, сабаб чӣ буд?
Зулайхо: "Не, аз ҳама рӯзноманигорон не, албатта. Аммо вақте дар бораи шумо як чизе, ки аслан аз ҳақиқат дур аст менависанд, шумо чи хел худро ҳис мекунед? Дар бораи ман чунин гапу хабарҳо зиёд шуд. Ба хотири пул кор кардан чизҳое навиштанд, ки ман аслан худам аз онҳо хабар надорам. Ҳоло намехоҳам дар ин бора зиёд сӯҳбат кунаму боз ба хотир орам он навиштаҳоро."
Озодӣ: Аксарияти онҳое, ки рӯйи саҳна меояд, ҳатман таваҷҷӯҳи мухлисон ба зиндагии хонаводагии онҳо ҳам бештар мешавад. Зулайхо дар кадом муҳит тарбия ёфтааст. Оилаи санъаткор ё як хонаводаи оддиву дур аз ин ҳама?
Зулайхо: "Дар оилаи оддие ба дунё омадаам. Модарам санъатро дӯст медоранд. Ман худам ҳамроҳи бибиву бобоям калон шудаам ва онҳо ҳатто фикр ҳам намекарданд, ки санъаткор мешавам. Ба кори хона ва дӯзандагӣ машғул будам ва фикр мекарданд аз ин ҳама дурам."
Озодӣ: Нақшаҳоятон дар оянда дар соли 2014 чигунаанд?
Зулайхо: "Нақшаҳо, албатта, зиёданд, аммо ҳамааш бо хости Худо."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад