ВИДЕО: Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Александр Содиқов

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Александр Содиқов баъди раҳоӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амният дар як сӯҳбати ихтисосии видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, умедвор аст, ки тафтишот мӯйро аз хамир ҷудо ва вайро сафед мекунад.

Александр Содиқов, пажӯҳишгари 31-солаи тоҷик, ки рӯзи 21 июл баъди 36 рӯзи боздошт аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМТ) шартан озод шуд, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, умедвор аст, ки ба зудӣ бегуноҳияш пурра исбот хоҳад гашт.

Сӯҳбати мо бо Александр Содиқов, рӯзи 24-уми июл дар як маркази фароғати кӯдакон дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Александр мегӯяд, аз рӯзи раҳо шуданаш, духтарчаи дусолаи ӯ аслан аз бараш дур намешавад ва ӯ ҳам талош дорад, то тамоми рӯзашро ба Эрика бубахшад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Александр озод шуданаш дар арафаи зодрӯзи духтарашро беҳтарин тӯҳфа ба Эрика номид.

Александр Содиқов айбномаи мақомотро, ки ӯро дар "ҷосусӣ" гумонбар медонанд, ро рад мекунад ва мегӯяд: «Албатта, ман ба ин иттиҳом розӣ нестам, вале умедворам, ки тафтишот мӯйро аз хамир ҷудо мекунад. То ҳол тафтишот ҳирфаӣ ва бетарафона ҷараён дорад ва ман фикр мекунам, ки онҳо дарк мекунанд, ки ман як шаҳрванди пойбанди қонунам, ман шаҳрванди Тоҷикистонам ва қонунҳои ин кишварро эҳтиром мекунам. Фикр намекунам, ки ягон кори ғайриқонунӣ карда бошам. Бори дигар мехоҳам таъкид кунам, ки тафтишот нисбат ба ман ҳирфаӣ ҷараён дорад.»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯи ихтисосии видеоӣ бо Александр Содиқов

Александр ба такрор мегӯяд, шароити нигаҳдориаш дар боздоштгоҳи Кумитаи амният хуб буд ва аз вазъи саломатиаш ҳам ҳар замон бохабар мешуданд. Ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ ҳамчунин ба ҳамаи онҳое, ки тамоми ин муддат ӯ ва хонаводаашро дастгирӣ мекарданд ва ба қазияи ӯ бетараф набуданд, изҳори миннатдорӣ кард.

Барои боздошти Александр Содиқов ҳомиёни ҳуқуқ ва анҷуманҳои илмии зиёде давлати Тоҷикистонро танқид карданд. Донишгоҳи Торонтои Канада ва Донишгоҳи Экстерери Бритониё, ки Александр Содиқов бо он ҳамкорӣ доштааст, боздошти пажӯҳишгарро маҳкум карда ва аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки ӯро озод кунад. Пажӯҳишгарони зиёди дигар низ бо айни дархост ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карданд. Созмони Афви байналмилал низ пажӯҳишгари ҷавони тоҷикистониро маҳбуси сиёсӣ хонд. Ҳоло ин созмонҳо мехоҳанд, ки парвандаи Содиқов пурра баста шавад.

Масъалаи боздошти Александр Содиқов аз ҷумла дар гуфтугӯҳои Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо мақомоти Бритониё зимни сафараш ба Лондон дар аввали моҳ баррасӣ шуда буд ва эҳтимол меравад, ки ҳамин гуфтугӯҳо ба озод шудани Содиқов замина гузошт.

Александр Содиқов, ки рӯзи 16 дар Хоруғ мавриди шубҳа қарор гирифтаву боздошт шуд, мегӯяд, то боздошташ ҳам бо лоиҳаҳои мухталифи Созмони милали муттаҳид дар соҳаҳои тандурустӣ ва маори, зуд-зуд ба Хоруғ сафар мекард. Аммо, меафзояд ӯ, мақсадаш аз сафари охир, ки ба як давраи хеле доғу ҳассоси шаҳри Хоруғ рост омад, анҷоми як пажӯҳише буд, ки ба Донишгоҳи Эксетери Бритониё тааллуқ дошт: «Ба ин пажӯҳиш онҳо маро ҳамчун муҳаққиқ ҷалб карданд ва ман бояд таъкид кунам, ки ин сафар аслан ба кори илмии ман рабт надошт. Кори илмии ман ба ислоҳоти иҷтимоӣ вобаста аст, вале ҳоло тарҳи дақиқи ин рисолаам тасдиқ нашудааст.»

Ҳоло Александр Содиқов нақша дорад, ки баъди ба хубӣ анҷом ёфтани ин қазия ва исботи бегуноҳиаш, рисолаи илмии худро ба охир расонад ва сипас барои идомаи кору зиндагӣ ба Тоҷикистон баргардад.

Мушаррафа Содиқова, ҳамсари Александр ҳам мегӯяд, умедвор аст, ки ба зудӣ ин ҳама нохушиҳо дар зиндагии онҳо поён меёбанд: «Хеле хушбахтам, ки оилаи мо боз якҷо шуд ва бисёр умед дорам, ки ин ҳама ба зудӣ анҷом меёбад.»

Александр Содиқов, докторанти Донишгоҳи Торонто, солҳои 2001-2007 дар бахши муносибатҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи тоҷикиву славянии Тоҷикистону Русия таҳсил кардааст. Аз соли 2011 инҷониб ба навиштани рисолаи докторӣ машғул аст. Вай собиқаи корашро ҳанӯз дар замони донишҷӯӣ аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ шурӯъ намуда, аз ҷумла як муддат дар ниҳодҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва бунёди атфоли СММ ё ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон кор кардааст.

Александр Содиқов дар миёнаҳои моҳи июн ба шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон барои анҷоми як пажӯҳиш дар чорчӯби тарҳе бо номи "Зуҳури қудратҳо ва мудирияти низоъ дар Осиёи Миёна", ки аз сӯи Шӯрои пажӯҳишҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Бритониё таъмини молӣ мешавад, сафар карда буд. Ин сафар дар паи эътирозҳои рӯзҳои 21-24 май дар Хоруғ иттифоқ уфтод ва Содиқов рӯзи 16 июн дар боғи шаҳри Хоруғ замоне аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт ва ва ба "ҷосусӣ” гумонбар дониста шуд, ки бо Алим Шерзамонов, раҳбари созмони вилоятии ҳизби мухолифи сотсиал-демократ мусоҳиба мекард. Рӯзи 21-уми июл ӯАлександр Содиқовро ба шарти то анҷоми тафтиши парвандааш тарк накардани Душанбе аз боздошт озод карданд.