Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев мегӯяд, бастани дарҳои Маркази транзитии паймони НАТО, воқеъ дар фурудгоҳи Манаси канори шаҳри Бишкек, ба манфиатҳои молии ин кишвар зарба нахоҳад зад.
Дар як сӯҳбати вижа бо хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Султон Ҷумъагулов, президент Отамбоев таъкид кард, ки Қирғизистон дар муомила бо Русияву Чин низ аз манфиатҳояш дифоъ хоҳад кард.
Радиои Озодӣ: Соли оянда Маркази транзитии НАТО дар фурудгоҳи Манас баста мешавад. Феълан ИМА барои иҷораи ин пойгоҳ солона аз 60 то 150 миллион пардохт мекунад. Бар илова 700 шаҳрванди Қирғизистон аз кор дар пойгоҳ маҳрум мешаванд. Ин зиёнро Қирғизистон чӣ гуна ҷуброн хоҳад кард?
Отамбоев: “Ҳукумати ИМА солона барои истифодаи маркази транзитии Манас 60 миллион доллар пардохт мекунад. Дар ин робита мехоҳам таваҷҷӯҳро ба сармоягузории хориҷӣ дар Қирғизистон ҷалб кунам. Барои мисол, Русия ба Қирғизистон барои раҳоии аз қарзҳо 500 миллион доллар тақдим кардааст. Мо аз Русия ва Чин грант дарёфт намудаем. Самимона мегӯям, ки мо аллакай тавассути кӯмакҳои било иваз (грантҳо) ин 60 миллион долларро даҳҳо мартаба таъмин кардаем.”
Радиои Озодӣ: Бо баста шудани маркази транзитии Манас чӣ тағйире дар равобити Қирғизистону ИМА интизор доред?
Отамбоев: “Мо ба ваъдаҳоямон вафо мекунем. ИМА ҳам ваъда додааст, ки соли 2014-ум маркази транзитиро мебандад. Онҳо ба хотири мизбонии марказ аз мо миннатдоранд. Кишвари мо мустақил аст ва манфиатҳои худро дорад. Ҳамзамон мо набояд зарбулмасали қирғизиро фаромӯш кунем, ки “Ҳамсоя аз хеши дур беҳтар аст”. Мо бояд бо ҳамсояҳо равобити хуб бунёд намоем.”
Радиои Озодӣ: Дар маъракаи интихоботӣ шумо ваъда дода будед, ки равобит бо ҳамсоя-кишварҳоро беҳбуд мебахшед. Воқеан шумо бо раҳбарони Қазоқистону Тоҷикистон борҳо мулоқот намудед. Аммо дар бораи равобити Қирғизистону Узбакистон чӣ гуфта метавонед?
Отамбоев: “Ман бо президенти Узбакистон Ислом Каримов дар Маскав ва Пекин вохӯрда будам. Ҳар вақте ӯро мебинам, кӯшиш мекунам, бо ӯ ҳамсӯҳбат шавам. Ӯ ваъда додааст, ки моҳи сентябр барои ширкат дар мулоқоти сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Бишкек ташриф меорад. Ин ҷо биёяд, боз бо ӯ мулоқот хоҳам кард. Дар муомила бо ҳамсояҳо ман наметавонам манфиатҳои Қирғизистонро аз мадди назар дур кунам.”
Радиои Озодӣ: Мо шоҳиди он ҳастем, ки Чин бузургтарин сармоягузори Қирғизистон шудааст. Баъзе ҷунбишҳои милливу ватандӯстӣ иддао мекунанд, ки ин сармоягузориҳо як шакли ороми тавсеаи нуфузи Чин аст. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?
Отамбоев: “Ба воситаи қарзи Чин дар минтақаи Бозор Коргон бунёди нерӯгоҳи Датка анҷом ёфт. Аз ин нерӯгоҳ кӣ баҳрабардорӣ мекунад? Қаблан сокинони вилоятҳои Ӯш, Ҷалолобод ва Бодканд аз ҳисоби вуруди нерӯи барқи Узбакистон таъмин мешуданд. Имрӯз ҳар оилаи минтақа пурра бо барқ таъмин аст. Кӣ аз ин нерӯгоҳ нафъ бардоштааст? Нерӯгоҳи Датка истиқлоли энергетикии қисмати шимолии Қирғизистонро таъмин кард. Оё сохтмони роҳи мошингард, ки бо пули Чин амалӣ хоҳад шуд, бар зарари Қирғизистон аст? Сохтмони роҳи оҳан ва лӯлаҳои интиқоли газ ба Қирғизистон имкон медиҳанд, ки иқтисодаш ва ҳаёти мардумонашро беҳбуд бахшад. Чин-яке аз кишварҳои камушмор аст, ки дар орзуи рушд ва шукуфоии Қирғизистон мебошанд. Агар чизе дар Қирғизистон рӯй диҳад, таъсири он дар Чин ҳам эҳсос мешавад. Аз ин сабаб Чин ба Қирғизистон кӯмак мерасонад.”
Радиои Озодӣ: Сару садо зиёд аст, ки Қирғизистон сиёсати рӯ ба Русияро ихтиёр кардааст. Дар амал ҳам лоиҳаҳои барқу газро ширкатҳои русӣ раҳбарӣ мекунанд. Агар Қирғизистон аз нуқтаи назари иқтисоди тобеи Русия гардад, оё бо мурури замон аз нуқтаи назари сиёсӣ ҳам тобеи Маскав нахоҳад шуд?
Отамбоев: “Ба саволи шумо бо мисолҳои овардаатон посух медиҳам. Ин нигарониҳо ба Қирғизгаз иртибот доранд, ки ба ширкати Газпроми Русия фурӯхта шудааст. Кадом кишвар тамъини газ ба Қирғизистонро қатъ мекард? Русия ва ё кишвари дигаре? Ширкати русӣ Қирғизгазро бо 40 миллион доллар қарзаш харидорӣ кардааст ва омодааст ба он 400 миллион доллар сармоягузорӣ кунад. Ҷониби Русия ӯҳдадор шудааст, ки Қирғизистонро ба таври муназзам бо газ таъмин кунад. Дар гузашта ҳамсояҳои мо ҳар кори хостаашонро мекарданд. Ҳоло мо аз вобастагии Қазоқистону Узбакистон халос мешавем. Хуб, барои мо чӣ муҳим аст? Баъди сохтмони нерӯгоҳҳои обу барқ иқтидои энергетикии Қирғизистон таҳким хоҳад ёфт. Мо аз Русия кӯмаки низомӣ дарёфти намуда, иқтидори артишамонро таҳким мебахшем. Ҳар коре, ки ҳоло иҷро мешавад, баҳри тақвияти истиқоли Қирғизистон аст. Мо бояд мутамаин бошем, ки касе ин сарзаминро ишғол нахоҳад кард, касе ин сарзаминро аз таъминоти газу барқ маҳрум нахоҳад кард. Дар гузашта касе ин гуна корҳоро накарда буд ва мо саъй мекунем, ки касе дар оянда ҳам натавонад чунин корҳоро анҷом диҳад.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад