Довуди Пажмон, яке аз ширкатдорони барномаи «Ситораи Афғон», феълан дар Душанбе қарор дорад ва дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Озодӣ аз ширкаташ дар ин озмуну барномаҳои ояндааш сӯҳбат кард.
Довуди Пажмон, яке аз ширкатдорони барномаи «Ситораи Афғон», ки бо иҷрои навоҳои маҳаллии тоҷикони Бадахшони Афғонистон то ба марҳилаҳои поёнии озмуни "Ситораи афғон" роҳ ёфт, барои сабти таронаи маъруфаш - "Бӯи ҷӯи Мӯлиён" - бар пояи шеъри оламгири Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва шиносоӣ бо ҳунармандони тоҷик ба Душанбе омадааст.
Довуди Пажмон дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ибтидо аз ҳадафи ин сафараш ба Тоҷикистон сӯҳбат кард.
Довуди Пажмон: Дуруди мухлисона ба ҳама ҳамзабононам дар Тоҷикистон. Тоҷикистон барои ман як сарзамини аҷдодӣ аст ва орзу доштам, ки рӯзе биёям ин ҷо. Бо вуҷуди он ки муштаракоти зиёде дорем, вале солҳое буд, ки бо ҳам иртибот надоштем ва имрӯз ин фурсат муҳайё шуд ва омадам, ки бо онҳое, ки ҳамнавои мананд, ва дар арсаи мусиқӣ кор мекунанд, шинохте пайдо кунам ва тавонем, ки равобити фарҳангиамонро бештару мустаҳкамтар кунем.
Озодӣ: Довуд, пас аз ширкат дар барномаи «Ситораи Афғон» дар Тоҷикистон бисёриҳо бо исми шумо ошно шуданд ва ин барнома шуморо барои тоҷикон муаррифӣ кард. Чӣ шуморо ба ин барнома бурд ва ҳадаф чӣ буд?
Довуд Пажмон: Ман чанд сол мехостам дар ин барнома ширкат кунам, вале ба худ чандон бовар надоштам ва фикр мекардам, ин сабки ман шояд қабули дигарон набошам. Вале соли гузашта бо омадани барнома ба Мазори Шариф ман аз Помир рафтам он ҷо ва бо шеъри зебое аз Рӯдакии бузургвор иштирок кардам ва ин шеър як таҳаввули аҷиберо дар зиндагии ман ворид кард, ки аз ин хеле хушбахтам.
Озодӣ: Шумо қариб то марҳилаи ниҳоӣ тавонистед роҳ ёбед, вале то то охир нарасидед. Роҷеъ ба натиҷаи ин озмун назарҳо албатта мухталиф аст, аммо худи шумо ба шаффофияти барномаи «Ситораи Афғон» чӣ назар доред?
Довуди Пажмон: Ин озмун лоиҳаи хубе буд барои муаррифӣ кардани истеъдодҳои нуҳуфта дар кӯҳпояҳо ва диёри дури Афғонистон. Агар ман дар ин барнома иштирок намекардам, шояд ҳоло маро ҳам касе маро намешинохт. Аммо бояд бигӯям, ин барнома баъд аз он ки ба марҳалаи ниҳоӣ мерасид, тиҷоратӣ мешуд ва ҳар касе пули бештар медошт, муваффақтар мешуд. Мо то марҳалаи чаҳорум расидем ва он ҳам бо ҳимояи мардум - ҳам аз дохил ва ҳам хориҷи кишвар, ки ба ман занг мезаданду раъй медоданд. Ҳатто муҳоҷирони тоҷик аз Маскав занг мезаданд, мухлисӣ мекарданд. Хулоса, ҳимояи умумӣ доштам, вале пули шахсӣ надоштам, ки масраф кунам дар ин барнома. Аммо хотироти аҷибе дорам аз ин лоиҳа. Масалан, муздуре, ки дар шаҳр муздурӣ мекард, 5 афғонӣ ба касе медоду хоҳиш мекард, ки ба ман раъй диҳад. Ё бевазане бо ҳама мушкилоташ маблағ пайдо кардаву ба ман раъй медод. Вақте чунин намунаҳое мешунидам, ашкам аз хушҳолӣ сарозер мешуд, ки мардуми мо то ҳанӯз ҳам алоқаманди ҳунару фарҳанги деринаи худ ҳастанд. Албатта, орзу ҳам доштам, ки ситора шавам, аммо муҳимтар аз ҳама ситора будан ва маҳбуб будан дар байни мардум аст ва ман дар ин ҷода тавонистам муваффақ шавам.
Озодӣ: Дар шароите ки аксар ҳамсолони шумо ба мусиқии попу рэпу рок таваҷҷӯҳ доранд, чаро шумо сабки мардумиро интихоб кардед?
Довуди Пажмон: Албатта, рэпу року инҳо ҳам навовариҳои хубе дар мусиқӣ аст, аммо мо бояд арзишҳои худро ҳам ҳифз кунем. Барои ман ин арзиш ва нишондиҳандаи фарҳангам ҳаст. Ман қаблан фикр мекардам, бо омадани мусиқиҳои таҳоҷумӣ дигар аслан гӯши шунавое барои мусиқиҳои қадимӣ ва мардумӣ нест, аммо вақте ман дар ин лоиҳа ширкат кардам, дидам, ки мардум ҳанӯз ҳам асолат ва фарҳанги деринаи худро дӯст доранд. Ҳоло ғайриинтизори ман ҷавонон ҳам ба ин сабки ман таваҷҷӯҳ доранд. Аслан маро барои чӣ пазируфтанд мардум? Чунки ман бо шеъри Рӯдакӣ, Мавлоно, Ҳофиз омадам ба саҳна. Рӯдакӣ тақрибан аз азҳони мардум баромада буд дар Афғонистон, вале бо хониши суруди Рӯдакии бузургвор як шӯришу ҳалҳалае дар миёни ҷомеаи шеърфаҳм ва ба хусус форсизабонон ба вуҷуд омад.
Озодӣ: Хуб, барои онҳое ки аз Тоҷикистон дар ҷараёни озмуни «Ситораи Афғон» шуморо мухлисӣ ва дастгирӣ мекарданд, дар бораи худатон каме маълумот медодед? Довуди Пажмон аслан аз куҷо аст ва чӣ ӯро ба санъат оварда?
Довуди Пажмон: Ман дар як рустои дурдасти Бадахшони Афғонистон дар «Ғорони боло»-и Ишкошим ба дунё омадам. Бо мусиқӣ аз овони кӯдакӣ сарукор доштам. Падарам як деҳқони бисёр дӯстдори мусиқӣ буд. Ман дар бахши мусиқии Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Кобул таҳсил кардаам. Баъди фориғ шудан, заминаи кор дар арсаи мусиқӣ танг буд, зеҳниятҳо кӯҳна буданд ва ман аз мусиқӣ дур рафтам, аммо бо омадан ба барномаи «Ситораи Афғон» дубора ба санъату мусиқӣ пайваст шудам.
Озодӣ: Ҳоло дар Афғонистон бархӯрд бо ҳунармандону санъаткорон чӣ тавр аст? Як ҳунарманд чӣ мушкилоту чӣ имкониятҳое дорад дар он шароит?
Довуд Пажмон: Агарчӣ вазъ ва назари дидгоҳҳо назар ба 10 соли пеш комилан тағйир карда, вале ҳоло ҳам дар ҳоло ҳам дар баъзе гӯшаву канор фаъолият барои як ҳунарманд хеле сахт аст. Ҳоло ман худам пас аз ширкат дар ин барнома аз як қисмати роҳ, ки бояд тарафи хона равам, рафта наметавонам, чун он ҷо толиб аст ва хатарнок аст бароям. Аммо дар кулл давлат озодӣ додааст барои як ҳунарманд.
Озодӣ: Ҳоло ки, тавре гуфтед, зиндагиатон аз як соли пеш то ҷое тағйир кардааст, чӣ нақшаву барномаҳо доред?
Довуд Пажмон: Албатта, зиндагиам на аз нигоҳи молӣ, балки аз нигоҳи маънавӣ бисёр тағйир кард. Ман бо инсонҳои бисёр хубе шиносойи пайдо кардам, ки аслан дар хобам намедидам инро. Баъд аз ин нақшаҳои зиёде дорам, яке аз ҳадафи ба Тоҷикистон омаданам ҳам ин буд, ки суруди Рӯдакии Бузургворро мехоҳам ин ҷо сабту тасвирбардорӣ кунам. Ва дар оянда агар имкон даст дод, нақша дорам як дастаи мусиқии хуберо таъсис диҳам, то тавонем доштаҳои деринаи ниёкони худро ҳам ба мардуми худ, ки чандон ошнойи надоштан бо он ва ҳам ба ҷаҳони хориҷ муаррифӣ кунем.