Ҳарчанд аксари ҷавонони зери синни сӣ шаклу сурати аввалин китоби худ, “Алифбо”-ро то ба ҳол ёд доранд, аммо ангуштшуморанд нафароне, ки бидонанд, муаллифи ин китоб кӣ аст?
Ҳол он ки хатту саводро ҷавонони имрӯз аз “Алифбо”-е омӯхтаанд, ки муаллифаш академики Фарҳангистони таҳсилоти Тоҷикистон Маҳмадулло Лутфуллоев аст.
Ҳамакнун ин академики тоҷик мегӯяд, зарурат ба таҳияи китоби “Алифбо” дар шакли нав пеш омадааст. Ҳарчанд давоми ин сӣ сол ҳам ба “Алифбо” тағйиротҳои хурду ҷузъӣ ворид шудааст.
Радиои Озодӣ дар робита ба китоби аввалини насли ҷавони тоҷик - “Алифбо” сӯҳбате орост бо академик Маҳмадулло Лутфуллоев ва суоли нахустин ҳам аз чигуна рӯи чоп омодани ин китоб буд.
Маҳмадулло Лутфуллоев: “Ҳар чиз як таърихе дорад. Аз ҷумла рӯи кор омадани ин китоб ҳам. Ман ҳеҷ гоҳ орзуи “Алифбо”-нависӣ надоштам. Зеро сӣ сол пеш, таҷрибаи алифбонависӣ ҳам ҳанӯз дар ман пайдо нашуда буд. Лекин дар бораи “Алифбо” ва алифбонигорӣ ва усули таълими алифбо баъзе фикрҳо доштам ва ҳатто ду китоби ман ҳам таҳия шуда буд. Аз соли 1982 як китобам бо номи “Субҳи дониш” нашр шуд, ки барои бачаҳои синни шашсола буд. Худам ҳам он замон ба ҳайси мушовири вазири маорифи Афғонистон дар сафари корӣ будам. Соли 1982 вақте ба рухсатӣ баромада ба Душанбе омадам, маро ба вазорати маориф даъват карданду пешниҳод карданд, ки китоби “Алифбо”-ро нависам.
Ман гуфтам, ки ҳоло китоби “Алифбо” дорем ва ҳам муаллифи китоб устод Ҳилол Каримов дар ҳаёт ҳастанд, аммо дар вазорат ба ман як коғазеро нишон доданд, ки худи Ҳилол Каримов навиштаанд, ки “ман дигар “Алифбо” наменависам”. Ҳамин тавр ман ду моҳ рухсатӣ гирифтам ва ин китобро, ки сӣ сол аст барои хонандаҳои синфи якум пешниҳод мешавад, навиштам. Ҳамин тавр соли 1985 бори аввал ин “Алифбо” чоп шуд. Ман таҷрибаи зиёд надоштам, вале дар он вақт дар Афғонистон “Алифбои забони дарӣ”-ро таҳия карда будам, ки ба ман ёрӣ расонид. Саҳми “Алифбо”-и Ҳилол Каримовро дар саводомӯзии хурдсолон ва рушди маорифи кишварамон касе инкор намекунад. Аммо солҳои 70-уми асри бист тақозо мекард, ки китоби дарсии дигаре офарида шавад. “Алифбо”-е, ки ба пешравии ҷомеа ҷавобгӯ бошад, зеро мактабҳои ҷумҳурии мо ба таълими бачаҳои 6 -сола гузашта буданд.
Озодӣ: Фарқият байни китоби Ҳилол Каримов, яъне алифбои пештар ва алифбои Шумо дар чӣ буд?
Маҳмадулло Лутфуллоев
Маҳмадулло Лутфуллоев, академики Фарҳангистони таҳсилоти Тоҷикистон, соли 1935 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, пас аз хатми синфи шашум таҳсилро дар омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа идома додааст. Ӯ баъди хатми омӯзишгоҳ ду сол ба ҳайси омӯзгор дар ин даргоҳ дарс гуфтааст. Солҳои 1957-59 дар донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таҳсил карда, соли 1965 рисолаи номзадии худро дар Маскав ва соли 1990 рисолаи докторияшро дар мавзӯи “Алифбонигорӣ дар Афғонистон” ҳимоя кардааст. Солҳои 1980-1985 дар Афғонистон ба ҳайси мушовири вазири маориф ифои вазифа кардааст. Маҳмадулло Лутфуллоев муаллифи даҳҳо китобу мақолаҳои илмӣ буда, муддати 12 сол раҳбарии Фарҳангистони таҳсилоти Тоҷикистонро бар дӯш дошт.
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд ва 52 набера.
Маҳмадулло Лутфуллоев: “Ман навиштани китоби “Алифбо”-ро аз ҳарфи “О” шурӯъ кардам. Ҳарчанд 50 сол китоби устод Ҳилол Каримов бо ҳарфи “А” оғоз шуда буд. Ва “Алифбо”-и нав навиштан ҳам ба ҳамин маъност. Дар Алифбои имрӯза кӯдакро меҳвари таълим қарор додем. Яъне, кӯдак бештар фикру фаъолият мекунад. Маъмулан хонанда дар мактаб камтар кор мекунад, кам менависад. Дар сурате, ки вазифаи хонагияш зиёд аст. Муаллим бояд дар мактаб бо хонанда бисёртар машғул шавад. Ин нуктаҳои муҳиме буд, ки дар Алифбои навин ҷой дода шудаанд. Ҳамин сӣ соле ки Алифбо нашр мешавад, ҳар сол як тағйироте дар китоб мешавад, барои мисол истифодаи расмҳо, мазмун, шеърҳо ва ҳатто ҳаҷмаш низ калон шуд.
Озодӣ: Пеш аз китоби Шумо ва пеш аз “Алифбо”-и Ҳилол Каримов, толибилмон аз кадом китоб савод меомӯхтанд?
Маҳмадулло Лутфуллоев: “Аз соли 1902 то 1932 қариб понздаҳ намуди китоб бо номҳои гуногун нашр шудааст. Яъне пеш аз “Алифбо”-и Ҳилол Каримов, алифбоҳои зиёде рӯи чоп омадааст. Мо дар он солҳо ҳам майдони холӣ надоштем. Вале то солҳои 1900 ягона воситаи таълими саводомӯзӣ ин «Ҳафтяк» буд, ки аз ҳафт як қисми “Қуръон”-ро дар як маҷмӯаи начандон калон гирд оварда буданд. Баъзе домуллоҳо аз китоби дигар – “Қоидаи Бағдодӣ” низ истифода мекарданд. Ин ду воситаи саводомӯзӣ аз чиҳати сохт ва мӯҳтаво аз ҳамдигар қариб фарқе надоштанд, мардум бештар “Ҳафтяк”-ро меписандиданд, ки дар асоси усули юнонии ҳарфомӯзӣ мураттаб гардида буд. Ин китобҳо беш аз ҳазор сол хидмат карданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Озодӣ: Агар бароятон имрӯз пешниҳод мекарданд, ки “Алифбо”-ро аз нав нависед, ба кадом шакл онро таҳия мекардед?
Маҳмадулло Лутфуллоев: “Ман ҳам дар ин фикр ҳастам. Зеро замони имрӯза замони фановариву инкишофи илм аст. Аз ҷумла дар илми алифбонигорӣ ҳам дар ҷаҳон тағийротҳои ҷиддие ба назар мерасад. Ва ман ҳам ният дорам, ки ду “Алифбо” рӯи кор биёяд. Яке барои бачаҳои панҷ – шашсолае, ки ба кӯдакистон мераванд ва дуюм ҳамин “Алифбо”-е, ки ҳозир ҳаст бо тағйироте, ки ба миён омадааст, аз нав навишта шавад. Барои мисол, агар ҳоло бачаҳо бо ин “Алифбо” дар чаҳор моҳ дониш аз худ мекунанд, ният дорам бо “Алифбо”-и нав онҳо давоми ду моҳ савод омӯзанд. Агар умр боқӣ монад, ин ду китобро рӯи чоп меорам”.
Озодӣ: Муаллифи китоби “Алифбо” аз чанд ҷиҳат бояд масъулиятро ҳис намояд?
Маҳмадулло Лутфуллоев: “Натанҳо алифбонависӣ, балки умуман масъулияти муалилифи китоби дарсӣ шудан хеле баланд аст. Яке аз ин масъулияти муаллифи китоби дарсӣ дар он аст, ки вобаста ба хусусиятҳои психологӣ, инкишоф ва дараҷаи фаҳмиши кӯдак китоб нависад, ки ба наврас фаҳмо бошад, ҳарчанд ин масъулиятро муаллим ҳам бар дӯш дорад. Масъулият дар назди ҷомеъа аст. Муаллиф ки шудӣ, танҳо дар назди китоб не, балки дар назди волидайн, ҷомеъа ва муҳимтар аз ҳама дар назди виҷдони худат масъулият дорӣ.”
Назари сокинони Душанбе ба "Алифбо"-и академик Лутфуллоев:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Озодӣ: Шакл ва шумораи ҳарфҳо дар “Алифбо” тағйир ёфт аз ҷумла ҳарфҳои русӣ бардошта шуданд. Шумо ба ин чӣ назар доред?
Маҳмадулло Лутфуллоев: “Вожаи “Алифбо” аз ду ҳарфи аввали алфавити арабӣ “алиф” ва “бо” иборат буда, ба маънои аввал ва ё ибтидо аст. Дуюм “Алифбо”-ро тартиби ҳарфҳо ё алфавит мегӯянд. Барои он ки хондану навиштан ва талаффуз осон шавад, ҳарфҳои монандро паҳлуи ҳам гузоштанд. Кӯдак ҳам метавонад осон талаффуз кунад ва ҳам дар ҳолати навишт душворӣ накашад. Оянда мо дар назар дорем, ки монандии ҳарфҳоро ба назар гирифта, дар асоси методи муқоиса “Алифбо”-е нависем, ки дар навишт ҳам кори бачаҳо осон шавад.”
Шакли комили сӯҳбати академик Лутфуллоев инҷост: