“Комил” -- филми мустанади коргардони тоҷик Сафарбеки Солеҳ, ки аз саргузашту зиндагиномаи Комил Ёрматов, асосгузори синамои Тоҷикистон ва Узбакистон қисса мекунад, қарор аст, тариқи телевизионҳои Тоҷикистон намоиш дода шавад. Дар сӯҳбати вижае бо Сафарбек Солеҳ, нахуст аз ӯ пурсидем, ки чаро маҳз ӯ Комил Ёрматовро қаҳрамони филми мустанади худ интихоб кардааст?
Сафарбеки Солеҳ: Дар хурдсолӣ як китобе дастам афтод бо номи “Комил Ёрматов”, муаллифаш Ҷӯра Тешабоева, як киношиноси машҳури узбекистонӣ аст. Ин китобро пурра хондам, бароям зиндагии ин одам хеле ҷолиб буд. Ва ҳамчун як коргардон таҳияи филм дар бораи нафаре, ки аввалин шуда аз Осиёи Миёна рафта таҳсилоти ҳирфаии синамо кардааст, бароям ҷолиб буд, ҳар маводеро, ки дар бораи Комил Ёрматов буд, меёфтаму мехондам. Ӯ як шахсияти хеле ҳам муҳим барои замону таърих аст. Комил Ёрматов яке аз муборизону ҷанговарони инқилоб буд.
Ҳолномаи Сафарбеки Солеҳ
Сафарбеки Солеҳ соли 1959 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1980 бахши забону адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Соли 1993 Давраи олии Сенариянависон ва коргардонони Маскавро ба итмом расонида, бо дипломи коргардони филмҳои ҳунарӣ ва мустанад фориғуттаҳсил шудааст. Соли 2004 бахши ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қирғизистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Муаллиф ва коргардони 24 филми мустанад ва 4 филми ҳунарист. Вай аслан чун таҳиягари филмҳои мустанад маъруф аст. Аввалин офаридаи ӯ филми "Жакон" - аз рӯзгори гуруғлихони маъруф Ҳикмат Ризо аст, ки дар соли 1988 таҳия шуда, дар як ҷашнвораи синамо дар Париж соҳиби ҷоиза гардидааст. Ва маҳз ҳамин ҷоиза роҳи Сафарбеки Солеҳро барои идомаи кор дар синамо ҳамвор кардааст. Филмҳои дигари ӯ низ аз ҷумла филдми"Ашаглон", "Kобус", "Дар диёри қаҳрамони халқ", "Ба номи Ҳурмуз", "Ҳадди охир” "Дарё", "Соярушан", "Байни нилуфару вақт", "Гул ба домони диёр", "Ганҷи бодовард", "Чархофалак", "Ҷазираи умед", "Шоҳнома", "Ангуштари арӯсӣ" ), " "Тақвими интизорӣ" (филми ҳунарӣ), "Нусур", "Ҳамсояҳои наққош" (филми ҳунарӣ) дар ҷашнвораҳои зиёди байналмиллалӣ соҳиби ҷоиза гаштаанд. Сафарбеки Солеҳ имрӯз дар дафтари Созмони Миллали Муттаҳид дар Душанбе фаъолият доранд.
Ва чун як нафари фаъол барои таҳсил ба Маскав фиристода шуд. Таҳсилоти хуби ҳам суннатӣ ва ҳам дунявӣ доштанд. Дар аввал мактаби таҳҷоии русиро хатм карда буданд. Чун забони немисиро ҳам медонистанд, дар як муддати муайян дар соҳаи синамо муваффақиятҳои зиёде ба даст оварданд. Бо баъзе сӯитафоҳумҳо соли 1940 маҷбур шуданд, Тоҷикистонро тарк кунанд. Аммо дар Узбакистон ҳам, ки кор мекарданд, таъсири мушаххасе ба синамои Тоҷикистон доштанд. Ҳамеша ҳунарпешаҳои тоҷикро даъват мекарданду, дар нақши асосӣ онҳоро мемонданд. Худаш ҳамеша мегуфтааст, ҳама чизи дунёро дорам, аммо мехоҳам дар ватан бошам. Ҳарчанд дар Узбакистон ба шахсияти Комил Ёрматов хеле эҳтироми бузург доранд. Дар толори хонаи Кинои Узбакистон ҳам, ки бинои хеле бузург аст, дар ҳудуди 10 метр фақат акси Ёрматов наққошӣ шудааст. Машҳуртарин филмҳояшон “Алишери Навоӣ” аст, ки ҷоизаи ҳамон вақтаи давлатиро соҳиб шуданд. Филми машҳури дигари ӯ Абуали Сино аст. Баъди рафтани Ёрматов 16 сол дар Тоҷикистон дигар муттахассиси ҳирфаии соҳаи синамо набуд ва студиои филмҳои бадеӣ баста шуд. Бо қарори махсуси Маскав баъд аз соли 1956 ин студио ба фаъолият шурӯъ кард. Яъне ин як филми тарҷумаи ҳолӣ нест. Ман фикр мекунам рӯҳи Комил Ёрматов шод шуданд бо ин кори мо.
Озодӣ: Шумо тавре муттахассисони соҳаи синамо гуфтанд, як кори таҳқиқоти анҷом додед ва тӯли чанд сол дар бораи шахсияти Комил Ёрматов маълумот ҷамъоварӣ кардед, вижагии кори Комил Ёрматов ё тафовути кори онҳо дар синамо ба фарқ аз синамогарони имрӯзи мо дар чӣ аст?
Сафарбеки Солеҳ: Аввал бояд ба ин қоил бошем, ки Ёрматов аввалин нафаре буд, ки собит сохт, ки як филм, синамо метавонад миллӣ бошад. Яъне бо истифода аз либоси миллӣ, бо истифода аз таҳияи як филмномае, ки дар он як хислати миллӣ вуҷуд дошта бошад, ва ин ҳамаро дар аввалин филми онҳо “эммигрант” ё “муҳоҷир” бисёр рӯшан дидан мумкин аст. Дар нақше, ки худаш офаридааст ва ҳам дар нақше, ки аввалин бор зани тоҷик Софя Туйбоева бозӣ карданд. Ё масалан, ҳоло бубинед,тамоми филмҳои “Тоҷикфилм” ҳатман ягон қисматаашон дар деҳаи Зидеҳ филмбардорӣ мешаванд. Аввалин нафаре, ки кашф кард, ки дар Зидеҳ бояд филм бисозӣ маҳз Комил Ёрматов аст. Онҳо аввалин
филми худ дар бораи мубориза алайҳи босмачиҳоро дар ҳамин деҳ сабт кардаанд. Чаро дар Зидеҳ, ҳамон табиате, ки вуҷуд дорад, пастубаландӣ, хонаҳои сангӣ, талу теппаҳо аз лиҳози композитсияи тасвир пардаи шуморо пур мекунанд. Яъне ҳамон экран бояд пур бошад. Агар шумо дашти холиро бигиред, ҷолиб нест, аммо вақте шумо дар минтақаи кӯҳистонӣ филмбардорӣ мекунед, тамоми пардаи тасвири шумо пур ва бой аст. Ёрматов ҳамчунин аввалин филмбардору коргардон ва умуман мутахассисони соҳаи синаморо аз дигар ҷо, аз Маскав, Тошканду Киев ба Тоҷикистон оварданд, то ин ҷо кор кунанду шогирд тайёр кунанд.
Озодӣ: Яке аз ҳадафҳои ин филми мустанади шумо гуфтед, муаррифии шахсияти Комил Ёрматов аст, аммо оё нақша ҳаст, ки ин филм ба ҷуз аз ҷашнвораҳо барои мардуми оддӣ ҳам намоиш дода шавад?
Сафарбеки Солеҳ: Бале, ман умедворам, ва ҳатто дар ин бора бо роҳбари Кумитаи радио ва телевизион ҳам сӯҳбат доштам. Ин маводе, ки намоиш дода шуд, панҷ серияи телевизионӣ аст. Бахше, ки дар пардаи синамо намоиш дода мешавад, хеле камтар хоҳад буд ба хотире, ки динамикаи он филм бояд бештар бошад. Он як ҳудуди 70 дақиқа мешавад. Ин филм ба русӣ буд ва баъди ҷашнвораи “Дидор” нахустнамоиши он дар Маскав доир мешавад. Он ҷо 3 намоиши мушаххас мешавад. Баъдан дар Алмаато, Тошканд ва Ню-Йорк намоиш дода мешавад. Хеле муҳим аст, ки мардуми Тоҷикистон бидонад, ки Тоҷикистон фақат аз рақсу бозӣ ва базм иборат нест. Балки як фарҳанги воқеан амиқи муосир ва ингуна коргардонҳои ҳирфаӣ дошт. Умедворам аз тариқи телевизион пахш мешавад, чун онҳо муроҷиат карданд ба ман.
Озодӣ: Ҳоло дақиқ нест кай намоиш дода мешавад аз тариқи телевизион?
Сафарбеки Солеҳ: Не, ҳоло танҳо дар ҳамон маросими нахустнамоиши филми “Комил” ба ман гуфтанд, ки мехоҳем филмро дар телевизион намоиш бидиҳем. Ман ҳам гуфтам чаро не?
Озодӣ: Филмҳои бадеиву мустанади шумо миёни беҳтарин офаридаҳои синамогарони тоҷик дониста мешаванд ва дар озмунҳои байналмилаллӣ ҳам соҳибҷоиза шудаанд, аммо дар Тоҷикистон ҳанӯз бисёриҳо, ин филмҳоро надидаанд ва мехоҳанд тамошо кунанд. Чаро тариқи телевизион намоиш дода намешавад ё дар фурӯш нестанд ин филмҳо? Чаро чунин аст?
Сафарбеки Солеҳ: Хуб, воқеан ин суол то андозае аламангез ҳам ҳаст, ки қисми пахши филмҳо дар Тоҷикистон фаъол нест. Барои фурӯш ҳам нест, чун ман ҳар чизе дар даст дорам, барои дӯстон медиҳам. Аммо умедворам мерасад рӯзе, ки шабакаҳои мо ҳам ин филмҳоро намоиш диҳанд. Дар зимн, мо як таҷрибаи талх ҳам доштем. Cоли 2005 Фестивали КАН бо филми ман оғоз шуд, аммо дар Тоҷикистон омадам, гуфтанд филмро намоиш медиҳем, додам, аммо гирифтанду чандин ҷойҳои муҳими филмро қайчӣ карданд. Барои ҳамин ман дигар гуфтам, ин гуна набояд бошад, чаро чизҳое, ки бояд дар филм бошад, бардошта мешаванд. Ва дигар бо ҳамин ба касе муроҷиат накардам ва рости гап аз касе ҳам гила надорам.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Озодӣ: Ҳоло ҷавонони зиёде мисли шумо талоши филмофарӣ мекунанд. Бархе аз мутахассисон ин филмсозон завқи паст доранд ва бинобар ин корашон ҳам чандон муваффақ нест, ва бархе ҳам мегӯянд хуб аст, ки ҷавонон ба филмсозӣ рӯ овардаанд, аммо шумо ба кори онҳо чӣ гуна баҳо медиҳед?
Сафарбеки Солеҳ: Ман фикр мекунем, ки бояд талош бошад бояд бачаҳо ба ин майдон ворид шаванд. Албатта, ки як таҳсилоти ҳирфаӣ, як зердевори хубе лозим аст, аммо ин ки онҳо чӣ гуна филм месозанд, ин вобаста аз истеъдоди онҳо аст. Аммо таваҷҷӯҳи онҳо ба филмсозӣ хеле хуб аст, чун ҷомеа пеш меравад, инҳо фикрҳои ҷадид доранд, ин замонаро онҳо беҳтар дарк мекунанд ва ба онҳо наздик аст. Онҳо агар каме омӯзанду кор кунанд метавонанд беҳтарин филмҳо офаранд. Чаро?
Чунки шароити имрӯз хеле хуб аст, агар истеъдод доред, бо телефони дастатон ҳам меравед, филм месозед. Мо ҳатто дар ҳамин филми “Комил” як наворро аз тариқи телефон сабт кардаву истифода кардем. Пештар мо барои як филм сохтан, солҳо заҳмат мекашидем, менавиштем, мунтазири пленка мешудем, мунтазири дастгоҳ мешудем. Мушкилоти зиёде доштем. Ва умуман мардуми мо боистеъдоданд, мутаассифона шароиту зиндагӣ на ба ҳама ин иҷозаро медиҳад. Мана ҳамин ҳоло ба ман як занги телефонӣ шуд ва бояд биравам пайи корӣ аслиам. Аммо гуфтанӣ ҳастам, ки агар шумо ҳадаф дореду мехоҳед филме сохтан, ҳатман ин корро метавонед.
Озодӣ: Худи синамои Тоҷикистон имрӯз дар кадом сатҳ аст аз нигоҳи шумо?
Сафарбеки Солеҳ: Ин посухро аз худи дастандаркорони синамо пурсед. Чун ман корам алоҳида аст ва барои ман аслан хушоянд нест, ки масалан ҳамин ҷашнвораи синамои “Дидор” дар як гӯшаи дурӣ шаҳр баргузор шавад. Дӯстони зиёди ман мехостанд дар ин синамобазм иштирок кунанд, аммо имкони омадан надоранд. Агар ин дар маркази шаҳр доир мешуд, шояд бисёриҳо метавонистанд ширкат кунанд. Яъне мо дар сатҳи ибтидоӣ кор мекунем ва сатҳи синамову филмамон ҳам мисли зиндагии рӯзмарра ва иқтисодамон ҳаст, ки мелангад.