Н.Бисвал: Равобити Осиёи Миёна бо Русия набояд истисноӣ бошад

Ниша Бисвал.

Ниша Бисвал, ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Озодӣ дар бораи равобити Вошингтону Душанбе, хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон, бӯҳрони Украина ва паёмадҳои Иттиҳоди иқтисодиии АвроОсиё сӯҳбат кард.
Ниша Бисвал, ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, ки бо як сафари серӯза дар Тоҷикистон қарор дорад, рӯзи 3 июн дар як гуфтугӯи ихтисосӣ ба суолҳои Радиои Озодӣ посух дод. Азбаски ин сӯҳбат пас аз анҷоми даври сеюми машваратҳои сиёсии Вошингтону Душанбе анҷом шуд ва Ниша Бисвал раҳбарии ҳайати Амрикоро дар ин машваратҳо бар дӯш дошт, суоли нахустин мо ҳам дар ин бора буд.

Радиои Озодӣ: Хонум Бисвал, натоиҷи машваратҳои сиёсии солонаи Амрико ва Тоҷикистон дар Душанберо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Ниша Бисвал:
Ин нахустин сафари ман ба Тоҷикистон аст ва мо як силсилаи мулоқотҳои ғайриоддӣ доштем. Ман имкон ёфтам, ки дирӯз (1 июн) бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва вазири хориҷа Сироҷиддин Аслов ҳам мулоқот кунам. Имрӯз (3 июн) мо бо ҳайати пурра дар машваратҳои дуҷониба ширкат доштем. Мо муколамаҳои хеле ошкору самимона ва фаъолона доштем. Мо имконоти фаровонеро барои тақвияти равобити ҳарду кишвар мебинем.

Радиои Озодӣ: Мешавад бигӯед ки дар меҳвари машваратҳои сисёсии солона миёни Тоҷикистон ва ИМА кадом масоил қарор доштанд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Ниша Бисвал, ёвари вазири хориҷаи Амрико



Ниша Бисвал: Албатта, мо ҳамкории хеле зиче миёни Амрико ва Тоҷикистон дорем. Ва дар ҷараёни машваратҳои дуҷониба мо дар бораи ҳамкориҳои амниятӣ миёни ҳарду кишвари мо, аз ҷумла дар бораи давраи гузариш дар Афғонистон, сӯҳбат кардем. Мо бо дӯстону ҳамкоронамон дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем, то онҳо дар мавриди тавоноияшон ба ҳифозати марзҳо, коҳиши қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва ифротгароии хушунатомез мутмаин бошанд. Мо дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди иқтисодӣ низ сӯҳбат кардем. Иёлоти Муттаҳида хеле мехоҳад, ки шукуфоӣ ва пешрафти мардуми тоҷикро бубинад. Мо ҳамчунин дар бораи иқдомоте сӯҳбат кардем, ки метавонанд сармоягузорӣ ба Тоҷикистонро ташвиқ кунанд. Аз ҷумла масоили муҳиме, чун қонунҳое, ки метавонанд сармоягузорӣ ва тиҷорат бо Тоҷикистонро ташвиқи бештар кунанд. Мо ҳамин тавр дар бораи масоили башарӣ сӯҳбат кардем, ки оё мо чигуна метавонем муштаракан ба пешрафт дар масоили ҳуқуқи инсон ва озодиҳои мазҳабӣ ноил шуда, ҳимоят ва пуштибонии сиёсӣ аз ҷомиаи шаҳрвандиро дар Тоҷикистон ба вуҷуд биорем.

Радиои Озодӣ: Бо таваҷҷуҳ ба масъалаи таъмини амният, стратегияи минбаъдаи шумо барои Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1370 километр марзи муштарак дорад, чӣ хоҳад буд?
Ниша Бисвал: Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки Иёлоти Муттаҳида аз ҳимоят ва кумаке, ки Тоҷикистон барои талошҳои байналмилалӣ дар Афғонистон расондааст, хеле сипосгузор аст. Ҳам дар мавриди пуштибонӣ аз Шабакаи шимолии таъмини нирӯҳо ва ҳам бахусус дар мавриди кумакҳои Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон. Аз ин рӯ, Иёлоти Муттаҳида дар як даҳсолаи ахир сармоягузории қобили мулоҳизае ба иқтисод, ҳукумат ва нирӯҳои амниятии Афғонистон кард. Ҳам аз ҷиҳати тамрину ҳам аз ҷиҳати таъмин ва ҳам аз ҷиҳати эъмори ҷомиаи Афғонистон. Вале раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар ҳафтаи гузашта таъкид кард, ки Амрико ба пуштибонии давомдораш аз Афғонистон содиқ мемонад. Маъмурияти низомии мо дар соли 2014 ба поён мерасад, вале Амрико то 10 000 сарбозашро ҳамчунон дар онҷо нигоҳ хоҳад дошт. Маъмурияти дарозмуддати мо таъмини кумакҳо, тамрин ва тақвияти иқтидори нирӯҳои амниятии Афғонистонро дар бар мегирад. Ва мо бар ин боварем, ки ин ба гузариши амн мусоидат карда, ба замоне хоҳад расонд, ки нирӯҳои амниятии Афғонистон тавони таъмини амнияти марзҳояшонро пайдо кунанд.

Радиои Озодӣ: Дар гузашта борҳо ишора шуд, ки барои хуруҷи нирӯҳо қисман аз қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳоле ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аксаран пойбанди тасмимҳои Русия ҳастанд ва ҳоло равобити Русия бо Амрико рӯ ба сардӣ овардааст. Оё аз назари Шумо, танишҳо миёни Маскаву Вашингтон бар сари Украина ба ширкати кишварҳои Осиёи Марказӣ дар хуруҷи нирӯҳо таъсир мегузорад?

Ниша Бисвал:
Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки мо, албатта, мефаҳмем, ки Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия равобити муҳиме доранд. Ва мо ҳамчунин мефаҳмем, ки Тоҷикистонро лозим аст, то қудрати ҳифозати марзҳояшро дошта бошад. Талошҳои Амрико ва ҳамкориаш бо нирӯҳои амниятии Тоҷикистон ба вуҷуд овардани имконот ва расондани кумакҳое ба Тоҷикистон аст, ки битавонад амнияташро таъмин кунад.

Радиои Озодӣ: Аммо сард шудани равобити Вошингтону Маскав метавонад ба барномаи хуруҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистон аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсире бирасонад?

Ниша Бисвал:
Пеш аз ҳама, мо мехоҳем дар оянда ҳам бо Русия рӯи роҳҳои муштарак дар мавриди гузариш дар Афғонистон кор кунем. Русия нақши муҳимеро бозӣ мекунад вадар ҳоле ки мо аз гузариши иқтисодиву амниятӣ дар Афғонистон ҳимоят мекунем, бар инем, ки Русия ин нақшашро нигоҳ медорад.

Радиои Озодӣ: Тавре шумо медонед, рӯзи 3 июн расми рамзии бастани фурудгоҳи Манас сурат мегирад ва мақомоти Амрико калиди пойгоҳро ба қирғизҳо бармегардонанд. Оё ин раванд барои Амрико қобили пешгӯӣ буд ва ба назари Шумо чаро мақомоти қирғиз бо вуҷуди гирифтани маблағҳои ҳангуфт нахостанд созишномаи истифодаи Манас аз тарафи Амрикоро тамдид кунанд? Кадом омил ба тасмимҳои онҳо таъсир гузошт?

Ниша Бисвал:
Мо аз кумакҳое ки Ҷумҳурии Қирғизистон расонд, хеле миннатдорем. Истифодаи пойгоҳи Манас дар тамоми тӯли талошҳо дар Афғонистон нақши хеле муҳим дошт. Ин нақш бар асоси тавофуқи тарафайн ба поён расид ва мо ба ин эҳтиром мегузорем ва ин пойгоҳро ба Қирғизистон месупорем. Мо барои таъмини нирӯҳоямон дар давраи гузариш ва барои чанд соли оянда масирҳои алтернативие пайдо кардаем ва мо мутмаинем, ки тавони расондани кумакҳои лозимро дорем. Аз ин рӯ, мо истифодаи пойгоҳи Манасро бар асоси тавофуқи дутарафа ба поён мебарем. Бори дигар сипос аз Ҷумҳурии Қирғизистон барои кумаке ки карданд.

Радиои Озодӣ: Пас аз тасарруфи Қрим Русия талош дорад, то кишварҳои пасошӯравиро зери чатри худ гирди ҳам биорад. Имзои созишномаи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Остона дар 29 май далели ин гуфтаҳост. Магар ин гуна иқдомот ё талошҳои Маскав ба манофеъи геополитикии Вашингтон зарба намезанад ва Амрико дар баробари ин экспансия аз чӣ чораҳое кор мегирад?
Ниша Бисвал: Раисиҷумҳур Обама хеле равшан баён кард, ки иқдомоти Русия дар қиболи Украина ё иқдомҳое, ки қонунҳои байналмилалиро поймол мекунанд, бе паёмад намемонанд. Дар ҷаҳони имрӯза барои ҳалли мушкил ҳатмӣ нест, ки аз нирӯ истифода кунанд. Мо ба муколама байни Русия ва Украина даъват мекунем. Мо мехоҳем байни Украина ва Русия равобит хуб бошад. Ва мо умедворем, ки баин ҳадаф расида метавонем. Ҳафтаи гузашта дар Украина интихоботи муваффақ ва муҳиме доир шуд ва мо бовар дорем, ки ин интихобот иродаи мардуми Украинаро мунъакис кардааст.

Дар мавриди равобити иқтисодии Русия бо ҳамсояҳояш, Иёлоти Муттаҳида тарафдори муносиботи мусбат байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигари минтақа ва бо Русия мебошад. Вале мо бар ин назарем, ки ин муносибот набояд истисноӣ ё истисноан бошад. Мо аз тавоноии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои доштани равобити мусбату муассир бо Русия ва ҳамчунин бо ҳамсояҳои дигару кишварҳои дигар пуштибонӣ мекунем. Аз ин нигоҳ, инки Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё пеши роҳи муносибот ва тиҷорати озодонаи аъзояш бо дигаронро мегирад, ба бовари мо, бар хилофи манфиатҳои онҳост.

Радиои Озодӣ: Аммо раҳбарони минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам зоҳиран чунин талошҳои Маскавро барои зимоми қудрати худ хатарзо медонанд. Иёлоти Мутаҳҳида аз ин дудилагиҳои давлатҳои минтақа чӣ тавр истифода мекунад?

Ниша Бисвал:
Мо бар ин назарем, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд тавони тиҷорат бо якдигар, бо Афғонистон ва бо боқӣ кишварҳои Осиёро дошта бошанд. Ояндаи ин минтақа ба тавоноияш ҷиҳати ҳамоиши иқтисодӣ бо боқӣ қаламрави Осиё вобаста аст. Ва аз ин рӯ, мо хоҳони чунин як чорчӯби тиҷоратием, ки имкони пешрафт ва равобити иқтисодиеро, ки ин минтақа ниёз дорад, бидиҳад. Мо аз ҳамаи кишварҳо даъват мекунем, то аз чунин дурнамо барои минтақа ҳимоят кунанд. Ман мехоҳам танҳо таъкид кунам, ки талошҳои Амрико ва ҷомиаи байналмилалӣ ҷиҳати бунёди зербино - роҳҳо, роҳҳои оҳан, хатҳои энержӣ, тарҳи CASA – ин ҳама иртиботи ин минтақа бо боқӣ қаламрави Осиёро таъмин мекунанд.