Боздошти як "сарроф" барои интиқоли 800 ҳазор $ ба Дубай

Як сокини 25-солаи шаҳри Душанбе ба гумони муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ ва интиқоли 800 ҳазор доллари амрикоӣ аз Тоҷикистон ба Дубай, боздошт шудааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки як сокини шаҳри Душанберо барои муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ дар ҳаҷми калон, боздошт кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин фард рӯзи ҷумъаи 12-уми феврал зимни амалиёти нерӯҳои пулис дастгир шудааст. Ин фард, ки аз ӯ ном бурда намешавад, дар маркази хизматрасониаш воқеъ дар кӯчаи Борбади пойтахт ба соҳибкорӣ машғул шуда ва бе иҷозатнома, нуқтаи интиқоли маблағҳои пулиро ташкил намудааст.

Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин шахс аз таърихи 12-уми декабри соли гузашта то 21-уми январи соли 2016 зиёда за 800 ҳазор доллари амрикоиро аз шаҳрвандони кишвар гирифта ва ба шаҳри Дубай дар Имороти Муттаҳидаи Араб интиқол додааст. Ба гуфтаи манбаъ, вай ҳамзамон аз Дубай ба Тоҷикистон 200 ҳазор доллари амрикоиро мунтақил кардааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар ин робита парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад.

Боздошти ин шахс барои муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ ва интиқоли он ба берун аз кишвар дар ҳолест, ки чанде қабл Бонки миллӣ якҷоя бо ниҳодҳои дигари Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро таҳия кард, ки бар асоси он, барои мубодилаи ғайриқонунии асъор то 9 соли ҳабс пешбинӣ мекунад.

Бар асоси дустури Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло ивази асъор танҳо дар бонкҳо, созмонҳои қарздиҳӣ ва нуқтаҳои интиқоли пулӣ иҷоза дода шудааст ва ҳар амалиёти мубодилаи асъор, ки берун аз ҳудуди ин нуқтаҳо сурат мегиранд, ғайриқонунӣ мебошад. Мақомоти тоҷик тайи моҳҳои гузашта даҳҳо танро барои муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ боздошт намуда ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз карданд.

Қурби расмии сомонӣ – пули миллии Тоҷикистон – дар як соли охир дар муқобили доллар беш 50 дарсади қурбашро аз даст дод. Сомонӣ дар “бозори сиёҳ” дар муқобили асъори муҳими хориҷӣ беш аз 60 дарсад арзонтар шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз барои пешгирӣ аз коҳиши қурби доллар асосан аз чораҳои маъмуриву муҷозотӣ истифода мебарад. Аз ҷумла дар моҳи май бо қарори президент раиси Бонки миллӣ ва тамоми муовинони ӯ аз мақом барканор карда шуданд. Раҳбарияти нави Бонки миллӣ саррофиҳои хусусиро баст ва мубодилаи асъорро танҳо аз тариқи бонкҳо иҷозат додааст.

Ин боиси саргардонии аҳолӣ дар роҳи табдили пул шудааст. Азбаски аксари хонаводаҳои Тоҷикистон рӯзгори худро аз ҳисоби пули муҳоҷирон таъмин мекунанд ва пули онҳо асосан бо асъори хориҷӣ ва бештар бо рубли русӣ меояд, мардум маҷбуранд барои табдили пулашон ба сомонӣ аз хидмати саррофон истифода баранд.

Тоҷикистон қаблан бо сиёсати либералиаш дар бозори асъор маъруф буд ва дар сари ҳар қадам дар ин кишвар ҳатман ягон нуқтаи саррофӣ кор мекард. Ҳоло мардум маҷбур аст, барои табдили пулаш чанд километр роҳро тай карда, ягон бонкро ҷустуҷӯ кунад ваё ба саррофони “бозори сиёҳ” рӯ биорад, ки ин имкони фиреб хӯрдани онҳо ҳангоми табдили маблағҳояшонро бештар мекунад.