Бар изофаи 1 миллиард долларе, ки иттиҳод аз соли 2014 то соли 2020 барои минтақа пешбинӣ кардааст, Тоҷикистону Туркманистону Қазоқистону Узбекистон ва Қирғизистон барои иҷрои барномаҳо 72 миллион еврои иловагӣ дарёфт мекунанд.
Иттиҳоди Аврупо бо нашри як баёнияи расмӣ дар рӯзи 7-уми июл гуфт, ки ба Тоҷикистон барои бунёди як нерӯгоҳи барқии нав 20 миллион евро медиҳанд, ки дар таъмини мардум бо нерӯи барқ ва содироти он ба шимоли Афғонистон кӯмак мекунанд. Дар хабар маълум нест, пули мазкур барои бунёди кадом нерӯгоҳ харҷ мешавад, аммо дар он омадааст, ки Олмон ҳам дар ин замина ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.
Дар нишасти Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ вазирони панҷ кишвар аз ҷумла Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Федерика Могеринӣ, сиёсатгузори умури хориҷӣ ва Невен Мимика, масъули ҳамкориҳои байнамилалии ИА ҳузур доштанд.
Дар остонаи сафари Федерика Могеринӣ ба минтақа ҳомиёни ҳуқуқ аз ӯ хостанд, масъалаи риояти ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказиро бо намоядагони кишварҳои минтақа дар миён гузорад. Ричард Ҷозвияк, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Брюссел бо Федерика Могеринӣ як гуфтугуи ихтисосӣ анҷом дод ва дар бораи Тоҷикистон ҳам пурсид.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Иттиҳоди Аврупо чи чизеро метавонад ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод кунад, ки Амрико Чин, Русия ва ё Туркия пешниҳод карда наметавонанд?
Федерика Могеринӣ: “Мо бо ҳар кишвари Осиёи Марказӣ ҳамкории мусбат дорем ва пеш аз ҳама мо ба ҳамаи онҳо ба ҳайси як минтақа ҳамкорӣ дорем. Ҳар яке аз вазирон ба ман имрӯз возеҳ гуфтанд, ки онҳо аз Иттиҳоди Аврупо ба ҳайси як шарик сипосгузоранд. Ин ба кишварҳои минтақа кумак мекунад, ки бо ҳам ҳамкорӣ дошта бошанд, ки ҳамеша осон нест, чун масоили дуҷонибае доранд, ки бояд ба онҳо расидагӣ шавад. Ҳадаф аз кӯмаки Иттиҳодияи Аврупо ҳеҷ гоҳ ҷудоӣ андохтан ва истифода аз ихтилофоти онҳо нест, балки ташвиқ кардани онҳо ба рафъи ихтилофот ва ҳамкории муштарак аст. Мо ба онҳо мисли ҳамеша сармоягузории иқтисодӣ, ҳамкорӣ барои рушд, пешниҳод мекунем. Мо тарҳҳои муштараки зиёди сармоягузорӣ дорем ва ҳамчунин онҳоро ба ислоҳоти сиёсӣ ва ҳамкориҳои сиёсӣ байни ҳамдигар ташвиқ мекунем. Ба фикрам онҳо ин воқеиятро дарк мекунанд, ки Иттиҳоди Аврупо ҳеҷ ҳадафи пинҳонӣ надорад. Мо шаффоф ва қобили эътимод ҳастем. Онҳо шояд баъзе аз хостаҳои мо бахусус таммаркуз ба ҳуқуқи инсон, волоияти қонунро хуш надошта бошанд, чун барои кишварҳое, ки як навъ дар ҳоли гузариш ҳастанд, шояд сахт бошад, вале онҳо медонанд, кӣ чиро ба даст меоранд. “
Радиои Озодӣ: Дирӯз Иттиҳоди Аврупо ва Қирғизистон созишномаи ҳамкориро тасдиқ карданд. Ин санад чӣ гуна кор мекунад, вақте дар кишвар раиси ҷумҳури собиқ ва феълӣ аз гулӯи ҳам гирифтаанд ва ҳеҷ суботи сиёсӣ дар Қирғизистон вуҷуд надорад?
Федерика Могеринӣ: ”Ин созишномаҳо муҳим ҳастанд, пеш ҳама барои онки ба мо заминаҳои қонунӣ барои иҷрои тарҳҳо ва ҳамкориҳои мушаххасро фароҳам мекунад, ки барои мардум муфиданд. Ҳадафи аввали мо ҳамин аст. Созишнома ҳамчунин аз ҷиҳати ислоҳоти сиёсӣ дар кишварҳои кӯмак мекунад, имкон медиҳад, низоми додгоҳӣ мустақил бошад. Ин як раванди дароз аст, ки мо эҳсос мекунем, бояд дар он ҳамроҳ бошем ва ташвиқ кунем. Ман бовар дорам, кишварҳое ба мисли Қирғизистон арзиши онро фаҳмидаанд, арзиши сармоягузорӣ ба демократияро фаҳмидаанд.
Радиои Озодӣ: “Шумо дар Туркманистон будед ва дафтари навро боз кардед. Оё ин дафтари Иттиҳоди Аврупо аз ягон роҳе кӯмак мекунад, Туркманистон кишвари боз ва андаке дар масъалаи риояти ҳуқуқи инсон беҳтар шавад. “
Могеринӣ: “Умедворам”
Радиои Озодӣ: “Мушаххасан чӣ гуна кӯмак мекунад. Яъне ҳоло Иттиҳоди Аврупо дар онҷо ҳузур дорад, чӣ гуна дар ин раванд метавонад кӯмак кунад.
Федерика Могеринӣ: “Пеш аз ҳама мо дар ҳамаи чаҳор кишвари минтақа намояндагӣ дорем ва Иттиҳодияи Аврупо дар панҷ соли гузашта бо Осиёи Марказӣ ҳамчун як минтақа ҳамкории қавӣ ба роҳ монд Ҳузури комили дипломатии мо дар тамоми панҷ кишвари минтақа имкон медиҳад, ин корамон муназзам идома ёбад. “
Радиои Озодӣ: Ҳоло Қазоқистон бо боздоштҳои оммавӣ дар хабарҳо бисёр дида мешавад. Назари шумо ба ин чист ва оё ин масъаларо ҳам дар миён гузоштед?
Федерика Могеринӣ: “Ин масъаларо ҳамеша бардоштаем. Ва бори дигар паёми мо ба мақомоти Қазоқистон ва кишварҳои дигар ин аст, ки ба аҳдашон барои беҳбуд бахшидан ба вазъи ҳуқуқи инсон содиқ бошанд, боз бошанд, замонат бидиҳанд, ки ақидаҳо озодона баён карда шавад ва матбуот нақшашро озодона иҷро кунад. Ин масъалаҳо ҳамеша аз тарафи мо бардошта шудааст ва ман бахусус таъкид кардаам, ки ин ҳама ба манфиати кишвар ва раҳбаронаш ва сатҳи зиндагии шаҳрвандон аст, чун собиқаи риояти ҳуқуқи башар барои ҷалби сармоя, обрӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ муфид аст.”
Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон масъалаи озодии матбуот ҳаст. Онҳо ба хабарнигорон иҷозаи кор намедиҳанд. Масалан ба мо гуфтаанд, ки фаъолиятҳои моро маҳдуд мекунанд. Метавонед, бигӯед, ки барои созмонҳое, ба мисли Радиои Озодӣ ва дигар расонаҳои мустақил дар ин кишварҳо ва бахусус Тоҷикистон кӯмак расонда метавонед?
Федерика Могеринӣ: ”Мо дар ҳама ҷо барои озодии матбуот ва расонаҳои мустақил кӯмак мекунем. Дар қазияҳои хос мо чӣ дар сатҳи маҳал ва ё боло раддубадалҳо дорем. Музокиракунандагони мо дар тамоми 5 кишвар ва метавонам бигӯям, дар тамоми дунё хуб медонанд, ки кӯмаки мо шарт дорад ва шарташ ҳам озодии баён ва фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ аст. Ончӣ ки имсол ташвиқкунанда буд, ин аст, ки бори аввал дар баробари мулоқоти вазирон, форуми ҷомеаи маданиро ҳам доштем. Дар он намояндагони матбуот ҳам ҳузур доштанд ва ба эътиқоди ман, ин як аломати ташвиқкунанда аст. Дар воқеъ, вазирон розӣ шуданд, ки чунин нишастҳо муназзам ҳамроҳ бо нишасти вазирон сурат бигирад. Такрор мекунам, ин як раванд аст ва раванди гоҳо дарднок. Мо мушкилиҳову ихтилофотро пинҳон намекунем. Вале шеваи мо ташвиқ ва кӯмак аст. Ва мо ба намояндагони алоҳидаи матбуот ва ё ҳар қазияи алоҳидаи дигар дар сурати зарурат кӯмак мекунем. “
Радиои Озодӣ: “Дар ниҳоят дар робита ба Узбекистон. Баъди омадани президенти нав дар се соли пеш онҷо таҳаввулот аст ва таҳаввулоти мусбат. Вале шумо дар воқеъ дидаед, ки онҷо дар иқтисоди мардум пешрафт шуда бошад?
Федерика Могеринӣ: “Ман дар чанд соли гузашта ду бор ба Узбекистон рафтам ва возеҳ аст, ки имкони дидани мардум дар чунин сафарҳо маҳдуд аст, аз назари вақт ҳам. Вале дар ҳақиқат азми воқеӣ ва ба назари ман самимӣ барои боз шудан, беҳтар кардан ва ислоҳ кардани кишвар вуҷуд дорад ва ҳам майл барои афзоиш ва тақвияти ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо. Онҳо хуб медонанд, ки заминаи тақвияти ҳамкорӣ бо мо риояти ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи боз аст. Бешак, ман дар раҳбарони Узбекистон чунин майлро дидам ва аз тарафи дигар майли ифои нақши мусбат дар минтақа ва ислоҳи амиқи кишварро низ.“