Дарси ахлоқ... барои занони танфурӯш

Бекорӣ занонро ба танфурӯшӣ тела медиҳад. Карикатураи рассоми узбак Элтуз

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ташаббуси идораи кор бо занони вилояти Хатлон бори аввал барои занони гумонбар ба танфурӯшӣ дарси ахлоқ баргузор шудааст.

Идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Хатлонмегӯяд, бо ибтикори ин идора, пулис, пизишкон ва вакилони маҷлиси вилоятӣ дар ҳар ду моҳ се маротиба барои 30 зани гумонбар ба танфурӯшӣ дарси ахлоқ баргузор мекунанд.

Қумринисо Сангалиева, муовини раиси идораи кор бо занони вилояти Хатлон, рӯзи 5 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин занҳо ҳангоми рейди пулис дар дискоклубу тарабхонаҳои маҳаллӣ боздошт шудаанд.

Қумринисо Сангалиева мегӯяд, ҳадаф аз баргузории дарсҳои ахлоқӣ ҷилавгирӣ аз густариши танфурӯшӣ дар миёни занон ва тарбияти ахлоқии онҳост. Ба гуфтаи ӯ, дар ин дарсҳо вакилони маҳаллӣ, пизишкон, занони фаъол ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ дар муддати беш аз як соат дар мавриди ахлоқу одоб ва иффати зани тоҷик сӯҳбат карда, фоҳишаҳоро "ба роҳи дуруст даъват мекунанд."

Хонум Сангалиева афзуд: “Ба онҳо мефаҳмонем, ки роҳи дурустро интихоб кунеду фарзандони солим дошта бошед ва мубталои ҳар гуна бемориҳои ҷинсӣ нашавед. Духтурон мефаҳмонанд, ки бо кадом роҳҳо аз сирояти беморӣ эмин бошанд, ба ҷойи кор даъват мекунем, ки бо мусоидати мо кори хуб пайдо кунеду таҳсил кунед. Худам бо онҳо дарс мегузаронам, баъзеашон хуб қабул мекунанд, баъзеҳояшон - не.

Як зани 35-сола, ки худро Марзия муаррифӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 5 сол пеш аз шавҳараш талоқ гирифтаву бо ду фарзанд ба хонаи падараш баргаштааст ва барои пешбурди зиндагӣ маҷбур шудааст, ба фоҳишагӣ даст занад. Ӯ мегӯяд, ки агарчӣ аз хушунату зӯроварии мардҳо ё мизоҷонаш хаста шудааст, вале дигар илоҷ надорад.

Марзия аз шунидани “Дарси ахлоқ” барои занони мисли ӯ хушҳол шуд, вале гуфт, ки хуб мешуд, аввал мушкили набуди ҷойи кор ва напардохтани кумакпулии шавҳар ба фарзандон ҳал шавад.

Гулсораи 35-сола, ки ба гуфтаи худаш, дар танҳоӣ барои худаш муштарӣ пайдо мекунад ва борҳо дар рейдҳои пулис боздошт шудааст, мегӯяд: “Мардҳоро насиҳат кунанд, ки занҳоро талоқ надиҳанд. Агар мард баъди талоқ додан ба ҳамсару кӯдаконаш аллимент ё кумакпулӣ надиҳад, зан ба ҳамин роҳ меравад. Худи ман ҳам аз набуди ҷойи кор ба ин кор рафтам. Агар кори хуб ёбам, ин корро намекунам.”

Намояндаи як созмони ҷамъиятӣ, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, гуфт, ки ин занон аксаран аз нодорӣ ва надоштани ҷойи кори муносиб роҳи фоҳишагиро интихоб мекунанд.

Парлумони Тоҷикистон рӯзи 15 октябри соли гузашта бо қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронии маъмурӣ ҷазо барои танфурӯширо шадидтар кард ва ҳамчунин маблағи ҷаримаро барои танфурӯшон ду баробар боло бурд.

Бар пояи ислоҳи ин қонун, агар танфурӯш дар давоми як сол бори дувум барои ин гуноҳ боздошт шавад, аз 800 то 1600 сомонӣ ҷарима ва ё аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун занони гумонбар ба танфурӯшӣ бо супоридани аз 400 то 800 сомонӣ ҷарима раҳо мешуданд.

Дар қонунгузории кишвар танфурӯшӣ на ҷиноят, балки қонуншикании маъмурӣ ба ҳисоб меравад.Вале кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои даллагӣ, ҷалби афрод ба танфурӯшӣ, қочоқи инсон ва ташкили фоҳишахона муҷозоти сангинеро пешбинӣ кардааст.

То ба ҳол омори дақиқи танфурӯшон дар Тоҷикистон эълон нашудааст. Дар моҳи майи соли гузашта Бунёди ҷаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа бо нашри як гузориш гуфт, бар асоси арзёбиҳои тиббӣ ва демографӣ соли 2014 дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 14 ҳазор нафар ба танфурӯшӣ машғул будаанд.

Аммо вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ин рақамҳоро "тахминӣ ва бепоя" хонда гуфт, ки гузориши Бунёди ҷаҳонӣ бар асоси тахминҳо таҳия шуда, ҳақиқат надорад.