Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия рӯзи ҷумъаи 6-уми май дар нутқе, ки аз телевизиони он кишвар пахш шуд, гуфтааст, ки "Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки шумо ба хотири виза, қонуни зидди терроризми худро тағйир диҳед. Бубахшед, мо роҳи худамонро меравем ва шумо ҳам метавонед роҳи худатонро биравед."
Иттиҳодияи Аврупо аз аъзои худ талаб кардааст, ки ба сафари бидуни визаи шаҳрвандони Туркия ба кишварҳои аврупоӣ мувофиқат кунанд, то Туркия низ дар баробари он, монеи паноҳҷӯёне шавад, ки талош мекунанд аз тариқи ин кишвар худро ба Аврупо бирасонанд. Иттиҳодия Аврупо таъкид кардааст, ки Туркия дар марҳилаи аввал бояд бархе аз қонунҳои худ, аз ҷумла қонуди зидди терроризмро тағйир диҳад ва онҳоро мутобиқ ба меъёрҳои Иттиҳодияи Аврупо бисозад.
Ин дар ҳоле аст, ки ба навиштаи расонаҳо, таърифи Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз терроризм бо таърифи аврупоиҳо аз ин мафҳум, фарқ мекунад. Ба гуфтаи гурӯҳҳои ҳуқуқи башар, қонуни зидди терроризм дар Туркия паҳлӯҳои мухталиф дорад ва ба ин васила ҳукумат садои мухолифони худро хомӯш месозад ва рӯзноманигорону чеҳраҳои академиро боздошт мекунад. Анқара таъкид мекунад, ки дар шароите, ки ин кишвар даргири ҷанг бо шибҳинизомиёни курд аст ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" низ дар Сурия ва Ироқ ҳузур дорад, чунин қонуне зарурӣ мебошад.
Эрдуғон дар қисмати дигар аз суханронии худ хостори баргузории ҳарчӣ зудтари раъйпурсӣ барои тағйири Қонуни асосии ин кишвар ва эҷоди низоми президентӣ дар Туркия шуд. Вай гуфт, ки низоми президентӣ, Туркияро қавитар ва босуботтар аз гузашта мекунад. Ин изҳороти танҳо як рӯз пас аз канорагирии Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия ва раҳбари Ҳизби адолат ва тараққӣ баён мешавад.
Тибқи гузоришҳо, Аҳмад Довудоғлу тамоюли зиёде ба тағйири низомӣ парлумонӣ ба низоми президентӣ надорад ва акнун бо канор рафтани вай аз мақоми нахуствазирӣ, интизор меравад шахсе ба ин мақом интихоб шавад, ки ҳамназари Эрдуғон бошад.