Азизаи 11-сола ҳанӯз чанд калимаи соддаи англисиро балад аст, аммо хушҳолиаш ба ҳаддест, ки тасаввур мекунад, бо ин забон солҳо боз ошност. Ин хушҳолӣ ҳам сабаб дорад. Баъд аз солҳои зиёди интизорӣ ба мактаби онҳо, мактабе дар деҳаи Одилии дараи Ромит муаллими забони англисӣ омад ва як сол боз 500 хонанда бошавқ ва бо нақшаҳои бузург A, B, C... меомӯзанд.
Афсия Тулибоева аз сӯи Вазорати маориф аз зодгоҳаш ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон барои кор ба ноҳияи Ваҳдат фиристода шудааст ва роҳбари мактабу сокинони деҳ ҳам омӯзгори ҷавонро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекунанд, то дур аз волидону зодгоҳ азият накашад ва фарзандони онҳоро тарк накунад. Афсия Тӯлибоева мегӯяд, ки “ман соли аввал аст омадаам. Забони англисӣ барои инҳо як забони нав аст, барои хонандаҳо хеле шавқовар аст. Бисёр кӯшиш мекунанд, ки ин забонро омӯзанд. Аз ман дар бораи Англия Амрико мепурсанд.”
Майсара Назарбекова, муовини сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат мегӯяд, имсол онҳо тавонистанд 11 мактаби деҳоти ноҳияро бо омӯзгорони забони англисӣ, ки аксараш аз Бадахшон омадаанд, таъмин кунанд. Аммо ба гуфтаи хонум Назарбекова, ҳанӯз ҳам бархе аз макотиби деҳоти дурдасти ноҳия ба мутахассисони ин забон ниёз доранд. Вай бо таассуф мегӯяд, на ҳама муттахассисони ҷавон барои кору таълим дар шароити русто омода мешаванд.
Ба гуфтаи хонум Назарбекова, дар маҷмӯъ имсол аз Бадахшон ба ноҳия 70 муаллими фанҳои мухталиф омаданд: “Мо аксари онҳоро ба деҳоти дурдасти Ромит сафарбар намудем, вале мутаассифона ҷавонони имрӯз дар минтақаҳои дурдаст, ҳам шароити шаҳрро талаб мекунанд ва баъди як муддати кор омада мегӯянд, ки мо он ҷо кор карда наметавонем ва мераванд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳамасола донишгоҳҳои Тоҷикистонро беш аз 1000 нафар бо ихтисоси омӯзгорӣ забони англисӣ хатм мекунанд, аммо аксари ин муттахассион ба кор дар созмону ширкатҳои байналмиллалӣ ва хусусӣ тарҷеҳ медиҳанд то ба мактабҳои деҳоти дурдаст. Дар зимн, донандагони забони англисӣ дар Тоҷикистон аз камтарин афроде ҳастанд, ки дар бозори меҳнат талаботи зиёд ва имкони интихоби васеи ҷойи кор дар дохилу хориҷи кишварро доранд.
Ин ҳам як омили аслиест, ки шурӯъ аз кӯдакони рустоҳои дурдасти Тоҷикистон то ҷавонони шаҳрнишин ҳама талошу орзӯи омӯхтани забони Шекспирро доранд. Аксарият медонанд, ки бе донистани забони англисӣ орзуи таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ ҳамчунон рӯъё боқӣ мемонад.
Як пажӯҳиши Парвона Ҷамшедов, профессор ва раиси Анҷумани омӯзгорони забони англисӣ муайян кардааст, ки танҳо дар пойтахти Тоҷикистон 45 дар сади аҳолӣ, майл ва талоши аз худ кардани забони англисиро доранд: “Соли 2014 мо дар асоси маркази омӯзиши худамон ин пажӯҳишро гузаронидем. То 20 фоизи мардум дар тамоми кишвар хоҳиши омӯхтани ин забонро доранд. Ин пурсиш миёни 10 ҳазор нафар аз минтақаҳои мухталифи кившар гузаронида шудааст. Ба гуфтаи мутахассисон, ба фарқ аз 5 соли пеш воқеан муносибат ба омӯзиши забони англисӣ хеле беҳтар шудааст. Забони англисӣ як шанси хубе барои ёфтани ҷойи кори хуб шудааст.”
Ба гуфтаи Парвона Ҷамшедов, аз 9 ҳазор нафаре, ки давоми 10 соли ахир маркази омӯзишии онҳоро хатм кардаанд, 80 дарсад дар зиндагӣ мавқеъ ва ҷои худро пайдо кардаву муваффақ шудаанд. Дар зимн, дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 45 маркази омӯзиши забони англисӣ фаъолият доранд. МБО – яке аз марказҳои маъруфи забономӯзӣ миёни ҷавонон аст. Дар ин маркази беш аз 1000 нафар ба забономӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Баҳодур Табаров, раҳбари маркази мазкур мегӯяд, идеяи таъсиси ин марказ дар соли 2006 баъди бозгашти ӯ аз Амрико пайдо шудааст. Ӯ мегӯяд, ки "баъди бозгашт бисёриҳо аз ман роҳи сафару таҳсил дар Амрикоро мепурсиданд ва ман ҳам машварат медодем ва дидем, ки ниёзу хоҳишмандон зиёданд тасмим гирифтем ин марказро кушоем. Ҳоло аз кӯдакон сар карда то кормандони сохторҳои давлатӣ аз ин курсҳои мо баҳра мебаранд."
Масъулини ин марказ мегӯянд, бартарии кори онҳо ҳам истифода аз шеваи соддаву ҷолиби омӯзиши забони англисӣ барои тоҷикон аст. Дарсҳои назариявӣ дар ин марказ аз ҷониби омӯзгорони тоҷик ва дарсҳои амалӣ бештар аз сӯйи муаллимони хориҷӣ роҳандозӣ шудааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба майли зиёди сокинони кишвар барои омӯзиши забони англисӣ, сар аз соли 2014 шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ҳам ба пахши филм бо забони англисӣ ва дарсҳои телевизионӣ шурӯъ карданд. Вале бо вуҷуди таваҷҷӯҳи зиёди мардум ва густариши он дар кишвар, мутахассисони забони англисӣ аз кам будани соатҳои дарси ин забон дар мактабҳои миёна, усули мураккаби омӯзиши он нигаронӣ мекунанд.
Парвона Ҷамшедов, профессор раҳбари Анҷумани омӯзгорони забони англисӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ду соат дар як ҳафта муайн шудани дарси англисӣ дар мактабҳои миёна кам аст ва “бояд ҳади аққал дар як ҳафта 4 соат дарс пешбинӣ шавад. Аммо барои як соат зиёд кардани англисӣ дар як сол якуним миллион доллар зарур аст. Албатта ин мушкил танҳо хоси Тоҷикистон нест ва ҳамсоя кшварҳои Тоҷикистон ҳам ба ин мушкил рӯ ба рӯянд”
Вале барои Азизаи наврас, ки дар рустои дурдасте дар дараи Ромит тоза соҳиби омӯзгори англисӣ шудаву бо шавқ ин забонро меомӯзад, ҳоло фақат ин муҳим аст, ки ҳарчӣ зудтару бештар ин забонро аз худ кунад ва сӯйи орзуву нақшаҳои бузурги худ гом ниҳад.
Вай мегӯяд, ки “дар оилаи мо чандон кори духтарро қабул надоранд, аммо ман бо вуҷуди ин ҳама англисӣ мехонам ва орзу дорам ба кишварҳои дигар мисли Бритониё ё Амрико сафар кунаму дунёро бинам.”