Ҷоизаи "Spelling bee"-и сафорати Амрикоро кӣ бурд? ВИДЕО

Як озмуни созмондодаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон 11 нафар ҷавононро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ гирди ҳам овард. Барои аввалин бор 15-уми август дар толори "Гӯшаи амрикоӣ"-и шаҳри Душанбе озмуни “Имло”(Spelling Bee) - сабқати маъруф дар Амрико ҷамъбаст гардид.

“Spelling bee” ё озмуни “Имло”-и забони англисӣ, дар Амрико як чорабинии маърифатӣ дониста мешавад.

“Имло” сабқатест, ки аз довталабони ин озмун талаффузи ҳарф ба ҳарф ва навиштани калимаҳо бо забони англисиро талаб мекунад. Ин 11 ҷавон ғолибони озмун дар кишварҳои худ ҳастанд, ки ба давраи минтақавӣ роҳ ёфта ба Тоҷикистон омаданд.

Алинур Раҳматулин, ғолиби сабқати имлои забони англисӣ аз Қазоқистон, ки миёни 11 нафар дар Тоҷикистон ғолиб шуд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ гоҳ тасаввур намекард, ки иштирок дар як озмун дар кишвараш ӯро ба Тоҷикистон меорад. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, ба омӯзиши забони англисӣ майли зиёд дорад ва ҳамин буд, ки бо ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ рақобат карда ғолибиятро ба даст биёрад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Озмун ва ҷоизаи сафорати Амрикоро кӣ бурд?

Ба гуфтаи Алинур, агарчӣ дар назари аввал озмуни “Имло” сода ба назар мерасад, аммо аз ҳар довталаб малакаи хуби ҳозирҷавобӣ ва ҳам донистани имлои забони инглисиро талаб мекунад. Вай гуфт, "албатта, иштирок дар озмун, ки забони модарии ман нест, мушкил буд, аммо ман ғолиб омадам. Ташаккур ба сафорати Амрико, ки моро даъват кард. Ин барои ман як таҷриба буд ва шояд ин роҳи маро ба озмунҳои дигар мекушояд”

"Spelling bee" - ё озмуни "Имло"-и забони англисӣ, дар Амрико як чорабинии маърифатӣ дониста мешавад. Чунин озмунҳо ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки маҳорати худро дар омӯзиши забони англисӣ сайқал дода бо донишҷуёни кишварҳои мухталифи дунё рақобат кунанд.

Тоҷикистонро дар ин озмун се ҷавон, Шӯҳрат Насруллоев, Мавзуна Юлдошева ва Муҳаммад Менгиқулов намояндагӣ карданд, ки моҳи апрели соли равон дар озмуни ҷумҳуриявӣ ғолиб ва ҳаққи ширкат дар озмуни минтақавиро пайдо карданд.

Муҳаммад Менгиқулов, ки донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аст, омӯзиши забони англисиро аз синфи ҳафтум оғоз кардааст. Вай мегӯяд, аз он, ки ғолибият насибаш нашуд, нороҳат нест ва ӯро дилозурда намекунад ва баракс дар озмунҳои баъдӣ омодагии ҷиддӣ хоҳад гирифт. Муҳамад мегӯяд, ӯ дар риштаи физика таҳсил мекунад, аммо забони англисиро худомӯзӣ карда, вақтҳои холигӣ ба толори “Гӯшаи амрикоӣ” меояд.

"Гушаи амрикоӣ барои мо кӯмаки хуб мекунад, адабиётҳоро бо забони англисӣ инҷо дастрас кардан мушкил нест. Боз дар ин ҷо бо бачаҳое, ки ба омӯзиши ин забон машғуланд, гуфтугӯ мекунем, ки ин барои сайқал додани суханронии мо бо забони англисӣ кӯмак мешавад"-гуфт Муҳаммад.

Моҳинав Муталоваро ин озмуни сафорати Амрико аз Узбакистон ба Тоҷикистон овард. Ӯ мегӯяд, дар баробари ширкат дар ин озмун, аз сафар ба кишвари ҳамсоя ва ошноӣ бо табиати зебову маконҳои таърихӣ хушҳол аст. Вай гуфт, маҳз ҳамин озмуни созмондодаи сафорати Амрико барои ӯ ва ҳамроҳонаш имкони дӯстӣ пайдо кардан бо ҳамсолони худ аз кишварҳои мисли Қирғизистону Қазоқистон ва Тоҷикистонро фароҳам кард.

Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Душанбе, ки дар ин чорабинӣ ба ҳайси раҳбари ҳакамон бо иштирокдорон суолу ҷавоб мекард, баргузории чунин озмунҳоро муҳим донист. Вай гуфт, ҷавонон метавонанд бо ширкат дар ин озмунҳо роҳи муваффақиятҳоро дар оянда боз кунанд.

Сафир ҳамчунин афзуд, "барои онҳое, ки забони англисӣ забони асосии гуфтугӯи онҳо нест ва инҳо тавонистанд, ки аз ӯҳдаи ин кор бароянд, бисёр тасхиркунанда буд. Ин нишон медиҳад, ки онҳо ба забони англисӣ таваҷҷӯҳ доранд ва ин забонро бештар мехонанд. Баргузории ин гуна сабқатҳо аз сӯи Амрико танҳо омӯзиши забон набуда, балки ҷавонони кишварҳои гуногунро бо ҳам муттаҳид мекунад. Ва имрӯз ман ба ин ҷавонон нигоҳ мекунам ва мебинам, ки онҳо алакай малакаи лидерӣ доранд."

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон тасмим дорад, ки ҳар сол ин озмунро дар ҳашт “Гӯшаи амрикоӣ” дар саросари кишвар баргузор кунад. Сафорат ғайр аз ин озмун тавассути барномаҳои дигар, барои омӯзиши забони англисӣ ва барномаҳои мубодилаи донишҷӯён омӯзиши забони англисиро ташвиқу тарғиб мекунад. Дар 25 соли ахир ҳукумати Амрико 4000 ҷавони тоҷикро ба Амрико фиристода, маблағи сарфу харҷи онҳоро пардохт кардааст.

Донандагони забони англисӣ дар Тоҷикистон аз камтарин афроде ҳастанд, ки дар бозори меҳнат талаботи зиёд ва имкони интихоби васеи ҷойи кор дар дохилу хориҷи кишварро доранд. Аксаран медонанд, ки бе донистани забони англисӣ орзуи таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ ҳамчунон рӯъё боқӣ мемонад.

Ҳамчунин бисёриҳо таҷриба кардаанд, ки донистани забони англисӣ рохи онхоро барои сохтани кариера ва сафару зиндаги ба хориҷ аз чумла ба Амрико осонтар мекунад ва орухояшонро ба хакикат табдил медиҳад.