Заъфҳо ва қувватҳои артиши Тоҷикистон

Суханронии Э.Раҳмон

Дар Тоҷикистон рӯзи 23 феврал солгарди 22-юми таъсиси Артиши миллиро таҷлил мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз хостори бунёди як артиши замонавӣ ба хотири муқобила бо таҳдидҳои муосир шудааст.

Тоҷикистон рӯзи 23 феврал солгарди 22-юми таъсиси артиши миллиашро, ки соли 1993 асосан аз ҳисоби нирӯҳоли Фронти халқӣ таъсис ёфта буд, таҷлил мекунад. Бо гузашти 22 сол, артиши Тоҷикистон танҳо артиши соҳиби таҷрибаи ҷангӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад, вале ин артиши 16 000-нафарии мусаллаҳ бо силоҳҳои кӯҳнаву фарсудаи асосан сохти Шӯравӣ аз нигоҳи таъминоташ бо таслиҳоти замонавӣ ва ҳамин тавр, аз лиҳози теъдоди силоҳҳои вазнин аз нирӯҳои мусаллаҳи 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ ақиб мемонад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 феврал дар як ҷаласаи ботантана ба муносибати солгарди 22-юми таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон гуфт, шароити ҳассоси имрӯза аз нирӯҳои мусаллаҳи кишвар омодагии фавқулодда ва бунёди як артиши замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо силоҳҳову донишҳои муосири ҳарбиро тақозо мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъмини артиш бо силоҳҳои замонавӣ ва афсарону аскарони таълиму тамриндида, аз байн бурдани зуҳуроти манфие, чун “облава” ба ҳангоми даъвати ҷавонон ба хидмати низомӣ ва “муносибатҳои ғайриоинномавӣ” дар ҷараёни хидматро барои омодагии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба муқобила ба чолишҳое, чун таҳдиди гурӯҳҳои тундрав, муҳим номид.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш гуфт, “таҳаввулоту ҳодисоти вақтҳои охир дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон баамаломада моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ба талаботи замонаи ҳассосу ноором мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат тадбирҳои ҷиддӣ андешем, доир ба таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву технологияҳои замонавӣ ва лавозимоти муосири ҷангӣ чораҳои иловагӣ андешем ва иқтидори мудофиавии мамлакатро тақвият бахшем.”

Ӯ дар ин росто бахусус “раванди торафт вусъат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгаро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, содиршавии ҳодисаҳои даҳшатноку фоҷиабор аз ҷониби онҳо ва қувват гирифтани ҷалби ҷавонони ноогоҳро ба сафҳои чунин гурӯҳу созмонҳо” , "торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ" ва ҳатто рӯз ба рӯз афзудани мавридҳои "бо роҳи тавсеаи муборизаҳои иттилоотӣ кӯшиши дахолат намудан ба корҳои дохилии давлатҳои мустақил"- ро зикр кард.

Оқои Раҳмон гуфт, ин “вабои аср” ва “ҷараёни азнав тақсим кардани ҷаҳонро, ки беш аз ду даҳсола инҷониб идома ёфта истодааст”, бахусус дар шароити мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1370 километр марзи тӯлонӣ дорад, “ҳамаи кормандони сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар масъулиятшинос ва ҳушёру зирак бошанд.”

Яке аз воҳидҳои артиши Тоҷикистон ҳангоми гашти низомӣ

Эмомалӣ Раҳмон дигарбора ёдовар шуд, ки Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои дигари пасошӯравӣ ҳаққашро аз тақсими мероси Артиши Шӯравӣ ба даст оварда натавонист ва “мо артишро дар ҷойи воқеан холӣ таъсис додем”.

Ӯ ҳамчунин гуфт, дар зарфи 23 сол дар худи Тоҷикистон беш аз 12 000 ва дар мактабҳои низомии кишварҳои хориҷӣ қариб 3 000 афсари дигар барои нирӯҳои мусаллаҳи кишвар тарбия кардаанд: “Яъне дар маҷмӯъ 15 ҳазор нафар мутахассисони ба талаботи меъёрҳои замона ҷавобгӯй тайёр кардем. Ҳоло дар муассисаҳои олии ҳарбии хориҷӣ зиёда аз 700 нафар хизматчиёни ҳарбӣ таҳсил доранд. Инчунин, дар донишкадаи ҳарбии вазорати мудофиа 771 нафар ва дар литсейи ҳарбӣ 369 нафар курсантҳо таҳсил карда истодаанд.” Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар миёни ин донишҷӯёни мактабҳои низомӣ 166 нафараш ятимонанд, ки бо амри ӯ ба таҳсил фиристода шудаанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, барои нирӯҳои мусаллаҳи кишвар дар шароити ҳасосси имрӯза лозиим аст, ки “ҳолати омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо, хусусан ҷузъу томҳои дар минтақаҳои ҳассос ҷойгиршуда таҳти назорати доимӣ қарор дода, баланд бардоштани сатҳи малакаву маҳорати ҷангӣ ва тайёрии касбии ҳайати шахсӣ, омодагии ҳамаҷонибаи техника ва муҳиммоти ҳарбӣ барои амалҳои гуногун дар ҳолати тағйирёбии вазъият ба ҷумлаи афзалиятҳои аввалиндараҷа дохил карда шаванд.”

Ӯ ҳамзамон барои таъмини омодагии артиш барои муқобила ба чолишҳову таҳдидҳои муосир ба нақши муҳими аз байни бурдани зуҳуроти манфие, чун даъвати иҷбории ҷавонон ба хидмати низомӣ, ки дар байни мардум бо номи “облава” маъруф аст, ва ҳам маҳви муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар қисмҳои низомӣ таъкид кард.

Ӯ аз ҷумла гуфт: “Яке аз шартҳои муҳимми баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омодабошии Қувваҳои мусаллаҳ мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ ва тарбияи сиёсиву маънавии ҳайати шахсӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро зарур аст, дар баробари тарбияи кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ба масъалаи риояи беченучарои муқаррароти қонунгузорӣ, ойинномаҳои ҳарбӣ ва умуман интизоми қатъии ҳарбӣ, инчунин пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҳайати шахсӣ тамоми чораҳоро амалӣ гардонанд.”

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханрониаш бори дигар ба ин масъала баргашт ва акидан гуфт: “Бори дигар таъкид менамоям, ки риояи бечунучарои интизоми ҳарбӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳамчун қисми муҳимми омодабошии ҷангӣ бояд дар маркази диққати роҳбарони ҳамаи сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифта, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан, садоқат ба савганди ҳарбӣ, донистан ва дарк кардани сиёсати давлатӣ, зиракии сиёсӣ, иҷрои ҳатмии талаботи Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ойинномаҳои умумиҳарбӣ дар байни афсарону сарбозон боз ҳам фаъол карда шавад.”

Эмомалӣ Раҳмон як сол пеш низ дар мулоқот бо як гурӯҳи комиссарҳои низоми тозатаъйин ба зарурати аз байн бурдани “облава” ҳангоми даъвати ҷавонон ба сафи артиш таъкид карда буд, вале гузоришҳои расида аз ду мавсими ахири баҳорӣ ва тирамоҳии даъват ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳокист, ки ин шева ба хотири таъмини нақшаи даъват ҳамчунон ба таври фаровон аз сӯи мақомоти маҳаллӣ истифода мешавад.

Меросбари Фронти халқӣ ва заифтарин артиш дар минтақа

Артиши Тоҷикистон дар оғози соли 1993 дар пайи пирӯзии Фронти халқӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ ва ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби ҷанговарони ҳамин Фронт ташкил шуд. Рӯзи 23 феврали соли 1993 дар маркази Душанбе нахустин паради ҷанговарони Фронти халқӣ таҳти парчами артиши давлатӣ доир шуд ва санаи таъсиси нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро ба ҳамин далел аз ҳамон рӯз ҳисоб мекунанд. 23 феврал дар замони Шӯравӣ низ ҳамчун рӯзи таъсиси Артиши Сурх ботантана таҷлил мешуд.

Артиши Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои дигари пасошӯравӣ аз мероси Артиши Шӯравӣ чизе ба даст наовард ва аз нигоҳи шумори нирӯҳо ва таъминаш бо силоҳҳову мошинҳои низомӣ заифтарин артиш дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Тоҷикистон дар гузориши "Тавозуни низомӣ-2015"

Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стротегӣ (IISS) , мақараш дар Лондон, рӯзи 11 феврал дар гузориши солонааш бо номи “Тавозуни низомӣ-2015” (The Military Balance 2015), ки хароҷоти низомӣ ва иқтидори ҳарбиву ҷангии 171 кишвари дунёро дар бар мегирад, навиштааст, артиши Тоҷикистон ҳамагӣ 30 тонки Т-72, 7 тонки Т-62, 23 БТР, 23 тӯп, 1 ҳавопаймои ТУ-134, 4 ҳавопаймои Л-39, чанд ЯК-52, 4 чархболи МИ-24 ва 11 чархболи МИ-8 доштааст, ки аксар сохти замони Шӯравӣ буда, хеле кӯҳнаву фарсуда шудаанд. Нирӯҳои мусаллаҳи Узбакистон, барои муқоиса, 70 тонки Т-72, 100 тонки Т-64 ва 170 тонки Т-62, 19 БРДМ, 120 БМД, 270 БМП, 309 БТР, 487 тӯп ва 135 ҳавопаймо, бо шумули 30 ҳавопаймои МИГ-29 ва 76 ҳавопаймои навъи СУ, ҳамчунин 29 чархболи МИ-24, 29 МИ-6 ва 52 МИ-8 дар ихтиёр доштаанд.

Ҳамин тавр, ҷамъи нирӯҳои низомиву ниманизомии Тоҷикистон беш аз 16 000 ва ҷамъи хароҷоти низомиаш 946 миллион сомонӣ, муодили 186 миллион доллар бо қурби соли гузашта будааст. Боз ҳам барои муқоиса, шумори нирӯҳои мусаллаҳи Узбакистон ҳудуди 75 000 ва буҷаи низомии он кишвар 1,6 миллиард доллар баровард мешавад, ки аз лиҳози теъдоди нирӯҳо қариб 5 баробар ва аз нигоҳи масрафоти низомӣ нисбат ба Тоҷикистон 9 маротиба бештар аст.

Бар илова, Амрико ахиран эълон кард, ки аз ҳисоби захираҳояш дар Афғонистон ба артиши Узбакистон 328 мошини зиреҳпӯши муосир медиҳад.

Дар чунин шароит, ба гуфтаи як афсари собиқадори тоҷик, мақомоти низомии Душанбе худро бо як байти Фирдавсӣ таскин медиҳанд ки гуфтааст, "дусад марди ҷанги беҳ аз сад ҳазор." Аммо ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, "санъати пешбурди ҷангҳо дар ин 1100 соли гузашта аз замони таълифи "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ он қадар тағйир ёфтаанд, ки 200 марди ҷангӣ дар муқобили ҳатто 1000 нафар аз дасташон коре намеояд, чӣ расад ба 100 000."