Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, бори панҷум барои курсие сабқат мекунад, ки ба гуфтаи мухолифонаш қариб сӣ соли охир онро "монополия" кардааст ва ҳар гуна талош барои соҳиб шудан ба ин курсӣ фишору таъқиб дар пай хоҳад дошт. Ҷонибдоронаш ӯро ивазнопазир мешуморанд ва дастовардҳои кишварро ба хираду заҳматдӯстияш рабт медиҳанд. Ин ду тарафро як ақида ба ҳам меорад, ки дар интихоботи 11-уми октябр ӯ рақиб нахоҳад дошт.
Дар барномаи интихоботии худ, Эмомалӣ Раҳмон ваъда додааст, ки дар ҳафт соли оянда Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ё ММД-и кишварро ду баробар зиёд мекунад, бунёди нерӯгоҳи Роғунро ба поён мерасонад, зербинои иҷтимоиро тақвият медиҳад ва ҳадафҳои дигари стратегии Тоҷикистонро амалӣ менамояд. Вале мухолифонаш мегӯянд, дар тӯли тақрибан сӣ соли ҳукмронии худ Эмомалӣ Раҳмон натавонист мудирияти муассир нишон диҳад ва дар як навбати дигар низ чизи зиёдеро тағйир нахоҳад дод.
"Агар ба ҳафт соли охир нигаред, мебинед, ки ҳаҷми ММД-и кишвар амалан дар ҳамон сатҳ мондааст. Вай на танҳо натавонист сармоягузорони ҷиддиро ба кишвар ҷалб кунад ва ҷойҳои нави корӣ созад, балки сармоягузорони ватаниро ҳам ҳимоят накард," - гуфт Шарофиддин Гадоев, яке аз мухолифони ҳукумати Раҳмон.
Ҳокимияти тӯлонӣ, ба гуфтаи ӯ, шумораи пайвандони президентро дар идораи давлат боз ҳам зиёд ва онро аз мардум дур мекунад.
Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон бар инанд, ки набояд хидматҳои ӯро нодида гирифт. Онҳо мегӯянд, президент акнун ба "синни камолоти сиёсӣ" расид ва касест, ки ҷанги шаҳрвандиро хотима ва давлатдории миллиро созмон дод, кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ баровард, иқтисодро рушд бахшид.
Ба гуфтаи Ғайбулло Афзалов, раиси пешини вилояти Хатлон, Раҳмон дар паҳлӯи Афғонистони ҷангзада "давлате сохт, ки дар он мову Шумо ва фарзандонамон орому осуда зиндагӣ мекунем. Ин қадар роҳу бино сохт, ин қадар ободоние, ки кард, дар ягон давру замон дар Тоҷикистон нашуда буд."
Вале Муҳиддин Кабирӣ, вакили пешин ва раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯяд, "Раҳмон натавонист давлатро ба маънои муосири калима бисозад, балки моҳияти онро дар як хиёбони Душанбе ва мафҳуми миллатро бо як оила маҳдуд кард". Ба иддаои ӯ, Эмомалӣ Раҳмон "миллатро ба сиёҳу сафед, ватандӯсту хоин ва худиву бегона тақсим намуд."
Як мақомдори собиқи ҳукумат, ки ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон кор мекард, бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт: "Раҳмон то солҳои 2008‑2010 бовар дошт, ки дар кишвар гуногунандешиву гуногунҳизбӣ [мавҷуд] бошад. Ба ҳарфи ҳама гӯш медод, ҳарчанд, хулосаро худаш мебаровард. Лекин оҳиста‑оҳиста мушовирони расмиву ғайрирасмӣ ба ӯ овардани наздиконашро ба ҳукумат, бастани ҳизбу рӯзномаҳоро маслиҳат доданд. Онҳое, ки ба ин фикр розӣ набуданд, дигар тарсиданд, ки бигӯянд, ин роҳи хатост."
Будани фарзандонаш дар ҳукумат ва набудани мухолифони сиёсияш дар кишварро бисёриҳо аз нуқсҳои мудирияти Раҳмон мешуморанд. Ҳоло Рустами Эмомалӣ, писари 33-солаи ӯ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ ё амалан нафари дуюми кишвар ва Озода Раҳмон, духтари калонияш, раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент аст. Расонаҳо аз он менависанд, ки домодҳои президент риштаҳои сердаромади иқтисоди Тоҷикистонро дар қабзаи худ гирифтаанд ва аз имтиёзҳо бархӯрдоранд.
Эмомалӣ Раҳмони 68-сола, бино бар маълумоти расмӣ, омӯзишгоҳи миёнаи касбиро бо ихтисоси устои барқ ва инчунин шӯъбаи ғоибонаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Вай ҳамчун барқчии корхонаи рӯғани Қӯрғонтеппа, котиби колхоз дар ноҳияи Данғара, инчунин директори совхози ҳамон ноҳия шуда кор кардааст. Соли 1990 вай вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шуда, соли 1992 муддати кутоҳе ба минтақаи Кӯлоб роҳбарӣ кард.
Моҳи ноябри соли 1992, ҳамчун як чеҳраи барои ҳамаи тарафҳо муносиб роҳбари Шӯрои Олии Тоҷикистон шуд ва аз он вақт гирифта, дар ҳамаи интихоботҳои президентии Тоҷикистон ғолиб эълон шуд, ҳарчанд баъзе рақибонаш ин пирӯзиҳоро натиҷаи тақаллуб номидаанд.
Дар соли 1997 Эмомалӣ Раҳмон бо тарафи дигари ҷанг ‑‑ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин сулҳ кард ва акнун ӯро расман Асосгузори сулҳу ваҳдат меноманд. Мухолифонаш ин сулҳро натиҷаи фишори Русия, Эрон ва пешрафти ИНМ дар ҷабҳа медонанд. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари яке аз ҷиноҳҳои ИНМ-и пешин ин сулҳро “фиреби назар” барои бартараф кардани рақибон номид. Вай гуфт, "Раҳмон ба касе раҳм накард, на ба рақиб ва на ба дӯсте, ки каме фикри дигар дошт. Чунин бераҳмии ӯ натиҷаи тарсаш аст. Раҳмон нуқтаҳои заъфи худро аз ҳама бештар медонад ва ин заъфҳо боис мешавад, ки ҳама инсонҳои аз ӯ як каме қавитар, беҳтар ва равшантарро нобуд кунад."
Лекин мақомдори собиқ, ки намехоҳад номаш зикр шавад, мегӯяд, “берун кардани рӯҳониёни тундгӯ кори дуруст буд, вале намебоист ки ӯ озодандеширо дар кишвар ба ин андоза мешикаст. Ман тарафдорам, ки пеши роҳи муллоҳои ҷомеаро ба ифротгароӣ мебурдаро гирифт, вале ба фикри ман, набояд, мухолифонашро аз кишвар хориҷ мекард ва ба ин андоза иҷозат медод, ки ӯро тавсифу таъриф кунанд.”
Ин ҳамсуҳбати мо решаи баъзе аз амалкардҳои Раҳмонро ба даврони ҷавонӣ ва наврасии ӯ рабт дод. “Ҳоло мебинед, ки дар вохӯриҳояш ҷавонеро зан доданӣ мешавад ва ё нони гармро бо дуғ мехӯрад, ин нишонаи гузаштааш ҳаст. Дар давраи ӯ зан гирифтан мушкил буд ва ҳарчанд шӯравӣ ҳам буд, то солҳои 70‑ум мардум пурра сер набуд. Ҳоло ҳам зан гирифтанро як кори мушкил медонад ва фикр мекунад, ки касеро зан додан бисёр кори калон аст. Ё сари танур нон хӯрдану шакароб хӯрданаш аз ҳамон замони зиндагиаш мондааст. Маддоҳони имрӯзааш танҳо ҳамин хислати ӯро барояш ёдоварӣ мекунанд ва дигар хислатҳояшро, кӯшиш мекунанд, ки фаромӯш кунад”,‑ гуфт ин мақомдори собиқ.
Иззатулло Куганов, раҳбари синфи Эмомалӣ Раҳмон дар як мактаби ноҳияи Данғара мегӯяд, ӯ хотираи қавӣ дорад. Ба гуфтаи Куганов, шогирди собиқаш аз фаъолони мактаб буд ва хислати раҳмдиливу дилсӯзиаш аз ҳамон замон боқист. “Соли 2013 вақте ба Кӯлоб омад, ман Ҷаноби Олӣ гуфта гапро сар кардам, ки манъ кард ва гуфт, ки шогирд гуфта муроҷиат кун. Бисёр хотираи қавӣ дорад, ҳатто ҳолатҳоеро ба ёд дорад, ки ман фаромӯш кардаам. Гуфтам, шуморо ба Донишгоҳи Кӯлоб даъват карданиам. Гуфт, устод, боз мехоҳӣ дарсам диҳӣ. Аммо ваъда дод ва бинои ҳаштошёна дар Донишгоҳи Кӯлоб сохт. То имрӯз ҳар вақте Кӯлоб ояд, ҳатман бо ман вомехӯрад. Қадршинос аст”,‑ гуфт ӯ.
Мунтақидон ислоҳи чандкаратаи Констутитусияи Тоҷикистонро ба он бастагӣ медиҳанд, ки Раҳмон омода нест, аз қудрат биравад ва пайомади онро барои худу наздиконаш хуб намешуморад. Ин Конститутсия ба ӯ мақоми Пешвои миллатро дод, ки метавонад умрбод дар интихоботҳо иштирок кунад ва ҳатто дар сурати канор рафтан аз мақоми президентӣ ҳам шахси аввали давлат бимонад.