Ин варзишгари 22-солаи тоҷик, ки дар мусобиқаи ҷудо дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум Баруч Шмаилови 29-соларо аз Исроил дар “замони тиллоӣ” (golden sсore) бо имтиёзи “ваза-aри” шикаст дода, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Вале Эмомалӣ дар чорякфинал аз қаҳрамони олимпӣ Ҳифуми Абеи 26-сола аз Ҷопон бо ду “ваза-aри” шикаст хӯрд ва дасташ осеби сахт дид. Бинобар ин, ӯ рақобатро дар даври тасаллобахш идома дода наметавонад. Рақибаш Бунчич Страҳинҷа аз Сербистон бидуни рақобат бо Эмомалӣ ғолиб шуда, ба ҳаққи ширкат дар мубориза барои медали биринҷӣ даст ёфт.
Дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар Париж аз байни 14 варзигари тоҷик аввалин шуда Баҳодур Усмонов ба рақобат пардохт. Ӯ дар мусобиқаи бокс ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.
Рақобати Усмонови 26-сола муқобили Радослав Симеонов Росенови 20-сола аз Булғористон дар даври аввал дар вазни то 63,5 кило шоми шанбеи 27-уми июл доир гардид. Дар ин қувваозмоӣ муштзани ҷавони аврупоӣ, ки дар ҳарсе раунд маҳорати баланд нишон дод, бо қарори якдилонаи ҳакамон бо ҳисоби 5:0 пирӯз гардида, ба даври баъдӣ роҳ ёфт.
Дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки дар Париж то рӯзи 11-уми август идома меёбад, Тоҷикистонро боз 12 варзишгар намояндагӣ мекунад.
Шаби 28-уми июл муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило байни мардон ба рақобат мепардозад. Рақобати Болтаеви 25-сола бо Георгий Кушиташвилии 28-сола аз Гурҷистон дар даври муқаддамотӣ соати 23:48 бо вақти Душанбе дар назар аст.
Муштзани дигари тоҷик Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило миёни занон 31-уми июл вориди рақобат мешавад.
Дар мусобиқоти ҷудо боз панҷ паҳлавони тоҷик иштирок мекунад. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило дар даври аввал 29-уми июл бо Артур Маргелидон аз Канада нерӯсанҷӣ хоҳад кард.
Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дувум 30-юми июл бо Фарес Бадавии фаластинӣ қувва меозмояд.
Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило 31-уми июл дар даври аввал бо Тристани Мосахлишвили аз Испания нерӯсанҷӣ мекунад.
Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило 1-уми август дар даври аввал бо Диессеи фаронсавӣ қувваозмоӣ хоҳад кард.
Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило, ки дар даври аввал озод аст, 2-юми август дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Эрик Абрамов (Олмон) ва Одхуу (Муғулистон) қувва меозмояд.
Даванда Фаворис Музрапов дар Олимпиадаи Порис дар риштаи варзиши сабук 3-юми август аввалин рақобаташро дар давидан ба масофаи 100 метр баргузор мекунад.
Фахриддин Мадкамов дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 100 метр миёни мардон рӯзи 2-юми август вориди рақобат мешавад.
Екатерина Бордачёва дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон 3-юми август ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Виктор Рассадин ягона намояндаи Тоҷикистон аз риштаи гуштии озод дар Олимпиадаи Порис мебошад. Вай, ки зодаи Ёқутистони Русия аст, соли гузашта шаҳрвандии Тоҷикистонро пазируфт ва 9-уми август аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис дар вазни то 74 кило баргузор мекунад.
Мунира Абдусаломова ягона намояндаи Тоҷикистон аз риштаи таеквондо дар Олимпиадаи Порис мебошад. Вай 10-уми август дар аввалин рақобаташ дар Бозиҳои олимпӣ дар вазни беш аз 67 кило иштирок хоҳад кард.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Париж қариб 10 ҳазор варзишгар аз 200 кишвари ҷаҳон ширкат меварзад. Варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 32 намуди варзиш мубориза мебаранд.
Дар ҳамин ҳол дувоздаҳ варзишгари тоҷик дар Деҳаи олимпии Париж қарор доранд. Ду варзишгари дигари тоҷик - Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо ва Виктор Рассадин дар намуди гуштии озод, ки сабқаташон дертар баргузор мешавад, рӯзи 31-уми июл ба Париж мераванд.
Дар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло мегиранд, ба маблағи 300 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқраи олимпӣ ҷоизаи молӣ ба маблағи 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Порис-2024 барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.
Дар зимн, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат варзида, чор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Аммо дар Олимпиадаи Токио-2020 варзишгарони тоҷик натавонистанд медал бигиранд.