Маркази "Шифобахш" дар ҳудуди бемористони Қарияи Болои Душанбе аз чанд утоқ, аз ҷумла як хонаи бозии кӯдакон иборат аст. Марказ бо фанновариҳои нав муҷаҳҳаз аст. Муштариёни ин марказ онҳое мешаванд, ки ба муолиҷаву ғамхории баъди амалиёти ҷарроҳӣ эҳтиёҷ доранд.
Наргис Воҳидова, мудири ин марказ гуфт, дар як вақт дар ин муассиса то 12 нафар имкони муолиҷа гирифтанро доранд.
Ба Амина Эрдуғон, ки дар ҳама маъракаҳои ҷамъиятии дохилу хориҷи кишвар бо рӯсариаш ҳозир мешавад, хабарнигорон суолҳои зиёд омода карда буданд, вале ӯ нахост сӯҳбат кунад. Танҳо дар суханронии мухтасараш аз минбар гуфт, ба Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ орзу мекунад ва "мехоҳам, ҳар муштарии ин марказ табассум кунад".
Маркази офиятбахшӣ ба афроди имконияташон маҳдуд аз ҷониби ТИКА – оҷонси ҳамкории Туркия маблағгузорӣ шудааст, ки то имруз дар Тоҷикистон ҳудудан 300 тарҳро амалӣ кардааст.
Туркия як шарики сиёсиву тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад