Дар вилояти Панҷшери Афғонистон афсарони собиқи пулис ва сарбозон, ки пас аз омадани Толибон корашонро аз даст доданд, дар кӯҳҳои Ҳиндукуш қалби кӯҳро мешикофанд ва зумуррад ҷустуҷӯ мекунанд, то фурӯшанду зиндагӣ кунанд.
Ин мард садҳо кило сангу шағалро мебезад, то аз дохилаш зумурради сабз пайдо кунад, ки он баъдан дар маҳсулоти гаронбаҳои ороишӣ истифода мешавад.
Дар кӯҳҳои Ҳиндукуш, воқеъ дар водии Мукунӣ, ки дар 130-километрии шарқи Кобул ҷойгир аст, аз солҳои 1970-уми асри гузашта бархе сокинон ба истихроҷи зумуррад машғул мешаванд.
Яке аз кӯҳканҳо ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, ки ӯ қаблан раҳбари бахши мубориза бо терроризми пулиси Афғонистон буд. Вақте ҳукумати Ашраф Ғанӣ суқут кард, ӯ кушиш кард, кӯҳнафурӯшӣ кунад, вале бо ин роҳ натавонист зиндагӣ кунад. Баъдан ӯ ба ҷустуҷӯи зумуррад ба кӯҳ баромад.
Дар ин ҷо зумуррадро арзон мефурӯшанд, вале дар бозорҳои кишварҳои ғарбӣ он нархи гароне дорад.
Бисёре аз афсарони собиқ моҳҳо боз дар кӯҳҳои Ҳиндукуш зиндагӣ мекунанд, то барои зиндагӣ маблағ дарёфт кунанд.