Мактаби нав дар Исфара бо кӯмаки ИМА. ВИДЕО

Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон аз бинои нави як мактаби миёнаи шаҳри Исфара, ки бо маблағи ИМА сохта шудаааст, дидан ва бо хонандагон сӯҳбат кард. Вай нахустин сафире буд, ки ба саволҳои гуногуни хонандагони Исфара посух дод. Элизабет Миллард дар сӯҳбат бо ҷавонон ба зарурати таълим ва нақши илму ҳунар дар зиндагии онҳо таъкид кард. Вай гуфт, “Хеле шодам, ки бинои нави мактаби шумо бо ёрии ҳукумат ва сафорати Амрико сохта шуд. Чунки шунидам, ки шумо то сохта шудани ин бино ба мактабҳои дигар ба ҷои дуртар ба дарсхонӣ мерафтед. Барои сохтмони бинои нави мактаб барои шумо ним миллион доллар маблағи халқи Амрико масраф гардид.”

Саволҳои хонандагон гуногун буд: «сафири Амрико дар Тоҷикистон чиро меписандад?», «кадом навъи варзишро дӯст медорад?», «ба кадом забонҳо сӯҳбат мекунад?» ва ғайра. Сафир Миллард дар сӯҳбат бо ҷавонҳо гуфт, ки ИМА ба ҳангоми расонидани ёриҳо ба сохтмони мактабу дармонгоҳҳо ва он иншооти иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ мекунад, ки мушкили бештар доранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

ИМА мактаби навро барои кӯдакони Исфара бунёд кард

Таборак Файзуллоева муовини раиси шаҳри Исфара гуфт, бинои нави дуошёнаи мактаби рақами 67-и шаҳри Исфара 5 сол пеш барои 460 хонанда сохта шуда, вале ба сабаби тангии ҷой талабаҳо дар ду баст таҳсил мекарданд ва бархе ҳам ба мактабҳои дуртар мерафтанд. Ҳоло бо сохта шудани бинои нави дорои 9 синфхонаи барҳавою замонавӣ ин мушкил бартараф шуда, дар соли таҳсили нав ҳамаи хонандагони ин мактаб дар як баст таҳсил мекунанд.

Дар Исфара яке аз ҳафт “Гӯшаи амрикоӣ” – як муассисаи маърифатӣ ҷойгир аст, ки махсус барои ҷавонҳои маҳаллӣ дар бораи вижагиҳои таҳсил, фарҳанг ва зиндагии амрикоиҳо маълумот медиҳад.

Боздид аз Исфара дар доираи нахустин сафари панҷрӯзаи сафир ба вилояти Суғд баъди ба ин вазифа таъйин шудани ӯ дар моҳи январи соли равон анҷом гирифт. Ноҳияи Исфараи ҳаммарз бо Қирғизистону Ӯзбакистон яке аз манотиқи муҳофизакор дар шимоли Тоҷикистон аст. Аввалин ҷавонҳои тарафдори ақидаҳои ифротии гурӯҳи «Давлати исломӣ» аз ҳамин ноҳия ба Сурияву Ироқ сафар кардаанд. Соли 2015 дар омори додситони шаҳри Исфара таъкид шуд, ки аз миёни 40 сокини Исфара дар ҷангҳои ДИИШ 5 нафар кушта шудаанд.