Нашри исми 17 гумонбари ҳамлаи Истамбул

Матбуоти Туркия менависад, 11 тан аз 17 нафаре, ки дар Туркия дар робита ба ҳамлаи хунин ба фурудгоҳи Отатурки Истамбул ба ҳабс гирифта шудаанд, шаҳрвандони Русия мебошанд. Дар бораи зода ё зодагони боздоштшудаи Тоҷикистон то ҳанӯз хабарҳо мухталифанд.

Хабаргузории туркии DHA рӯзи 6 июл исми 17 нафареро, ки бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи рӯзи 28 июн дар фурудгоҳи Отатурки Истамбул дастгир шудаанд, нашр кард. Бино ба гузориши ин расона, додгоҳи минтақаи Боқиркейи Истамбул рӯзи 5 июл ин 17 нафарро бо иттиҳоми “узвият дар созмони террористӣ ба ҳабс гирифт.

DHA менависад, аз ин шумор 11 нафараш бо исмҳои Мурад М., Смаил М., Билол М., Рамазон И., Адам Р., Смаил А., Гулмаҳмад С., Комил Д., Смаил А., Гаҷимад А. ва Эделхон И. - шаҳрвандони Русияанд. Ин хабаргузорӣ исми аввали 6 нафари дигари ҳукми ҳабсашон содиршударо низ нашр кардааст, вале гуфта намешавад, ки Сейҳун Алӣ А., Аҳмет К., Чингизхон Ч., Халил Д., Аҳмет Д. ва Айюб Д. аҳли кадом кишваранд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 6 июл гуфт, ки ҷониби Туркия дар бораи бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи Истамбул дастгир шудани ду зодаи ин кишвар ба Бишкек то ҳол иттилои расмие надодааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ рӯзе пеш гуфта буд, ки хабарҳо дар бораи бо айни иттиҳом дар Туркия боздошт шудани зода ё зодагони Тоҷикистонро таҳқиқ мекунад.

Рӯзи 5 июл раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар робита ба ҳамлаи Истамбул алакай 30 нафар боздошт шудаанд ва дар байни онҳо зодагони Тоҷикистон, Қирғизистон ва ҷумҳурии Доғистони Русия ҳастанд. Эрдуғон афзуд, ки “муттаассифона, мо бо кишварҳои ҳамсоя ва наздик сару кор дорем.”

Рӯзи 28 июн се маргталаб дар даромадгоҳи фурудгоҳи Отатурки Истамбул, яке аз пуриздиҳомтарин фурудгоҳҳои дунё, аз автоматҳои Калашников болои раҳгузарон оташ кушода, сипас худро мунфаҷир карданд. Бар асари он ҳамла 45 нафар, аз ҷумла 19 хориҷӣ, ба ҳалокат расида, беш аз 200 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Нашрияи туркии “Milliyet” рӯзи 30 июн навишт , ки гӯё маргталабоне, ки ба фурудгоҳи Отатурк ҳамла карданд, аз Тоҷикистон будаанд. Аммо мақомоти расмии Туркия то ҳол ин хабарро расман тасдиқ накардаанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ худи ҳамон рӯз ба расонаҳо гуфт, хабари даст доштани зодагони Тоҷикистон дар ҳамлаи Истамбул тасдиқ нашуд.

Аммо вазири корҳои дохилии Туркия Афкон Ало дар парлумон гуфт, яқин шуда, ки ҳамла ба фурудгоҳро шаҳрвандони хориҷӣ анҷом додаанд. Расонаҳо аз қавли вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар доданд, ки мақомоти Туркия шахсияти ду тан аз се маргталаб дар ҳамла ба фурудгоҳи Отатуркро маълум кардаанд ва онҳо Раҳим Булгаров ва Вадим Османов дошта, ҳарду гӯё шиносномаҳои Русияро доштаанд. Дар бораи ширкати Булгаров ва Османов дар ҳамлаи Истамбул матбуоти Туркия низ бо такя ба манобеи худ дар мақомоти амниятӣ гузоришҳои зиёде нашр кардаанд.

Аҳмад Чатаев

Ҳамин тавр, дар матбуоти Ғарб ва Туркия Аҳмад Чатаев – як ҷангҷӯи зодаи ҷумҳурии Чеченистони Русияро созмондиҳандаи ҳамлаи Истамбул ном мебаранд. Чатаев соли 2012 дар Гурҷистон бо иттиҳоми иртибот бо созмонҳои террористӣ боздошт шуда буд, вале ӯро ба далели камбуди далоили кофӣ озод карданд. Чатаев соли гузашта дар як навори видеоӣ аз Сурия зоҳир шуд ва ба тарафдорӣ аз "Давлати исломӣ" таблиғ мекард.

Мақомоти Туркия билофосила масъулияти ҳамлаи хунин ба фурудгоҳи Отатуркро ба дӯши созмони тундрави “Давлати исломӣ” гузоштанд. Ин созмон масъулияти даҳҳо ҳамлаи хунини террористӣ дар Ховари Миёна ва Аврупову Амрико ва ҳамлаи ҳафтаи гузашта дар Бангладешро ба дӯш гирифтааст. “Давлати исломӣ” то ҳол дар мавриди бар дӯш гирифтани масъулияти ҳамлаи Истамбул изҳороте пахш накардааст.

Вале мақомоти Туркия мӯътақиданд, ки маҳз ҷангҷӯёни ҳамин гурӯҳ дар пушти ҳамлаи рӯзи 28 июн истодаанд ва он як навъ талоши интиқом аз Туркия буд, ки бо афзоиши тадбирҳои амниятӣ имкони истифодаи қаламраваш барои равуои ҷангҷӯёнро тангтар кардааст. Афкон Ало, вазири дохилаи Туркия гуфт, мақомоти ин кишвар танҳо дар соли ҷорӣ 1654 нафарро бо гумони иртибот бо “Давлати исломӣ” дастгир кардаанд ва 663 нафар аз ин шумор, ки нисфашро хориҷиҳо ташкил медиҳанд, то ҳол дар боздошт қарор доранд.