Оё парлумон ин бор пешниҳоди эътилофро мепазирад?

Нишасти эътилоф барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Эътилоф барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон, аз се пешниҳоди қаблӣ, танҳо якеро ба парлумон пешниҳод мекунад.
Муҳиддин Кабирӣ, намояндаи ҲНИТ дар Маҷлиси намояндагон мегӯяд, Кумитаи тадорукоти Эътилоф ниҳоят тасмим гирифтааст, ки аз се нуктаи асосие, ки парлумон напазируфт ва барои бозбинӣ баргардонд, якеро дигарбора пешниҳод кунад:

«Пешниҳоди асосӣ ин аст, ки дар қитъаҳои интихоботӣ намояндагони аҳзоби сиёсӣ ворид карда шаванд. Пешниҳодҳои дигарро ба вақти дигар гузоштем. Зарурати ин пешниҳод ин аст, ки вақте дар бораи шаффофияти интихобот сухан меравад, маҳз ширкати намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ замонати ин буда метавонад.»

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ.

Кумитаи тадорукоти Эътилофи аҳзобу созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли гузашта ба фаъолият шурӯъ кард, ба парлумон се пешниҳод карда буд.

Инҳо -- шомил кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба комиссияҳои интихоботӣ, аз 5 ба 2 дарсад кам кардани теъдоди имзоҳо барои пешбарии номзад, пур шудани протоколи шумориши оро «бо худкори ранга», ворид кардани калимаи «протокол» ба қонун, се нусха будани он ва насб шуданаш дар даромадгоҳи қитъа буд. Парлумон моҳи феврал ин пешниҳодҳоро рад накард, балки барои бозбинӣ ва такмил ба Кумита баргардонд.

Дар ҳамин ҳол, Эътилоф боз ҳамон пешниҳод дар бораи ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар кори ҳавзаву қитъаҳои интихоботиро ироа мекунад, ки дар гузашта аз сӯи парлумон ба се далел рад шуда буд. Аввал, дар лоиҳаи пешниҳодӣ гуфта мешуд, ки намояндагони аҳзоб аз ҳисоби созмонҳои ҳудудӣ интихоб мешаванд, аммо дар Қонуни аҳзоби сиёсӣ мафҳуми «созмонҳои ҳудудӣ» вуҷуд надорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пешниҳоди Эътилофи интихоботӣ




Дуввум далели парлумон ин буд, ки на ҳама аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар тамоми навоҳии ҷумҳурӣ намоянда доранд ва дар ин ҳол, ҳаққи онҳо нақз мешавад. Далели сеюми парлумон ин буд, ки қонуни ҷорӣ ҳамин талаботи ҳизбҳоро баён мекунад, зеро ҳавзаву қитъаҳои интихоботӣ аз сӯи Кумитаи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон ташкил мешаванд ва он аз намояндагони тамоми аҳзоби сиёсӣ иборат аст.

Галия Рабиева, муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.

Галия Рабиева, муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки пешниҳодҳои Эътилофро шарҳ медод, мегӯяд: «Пешниҳодҳо нодуруст буданд. Маълум буд, ки мақсад чӣ аст, аммо қонунгузорӣ ва воқеиятҳоро ба назар нагирифта буданд. Ба қонуни ҳизбҳои сиёсӣ ва амалияи фаъолияти имрӯзаи аҳзоби сиёсӣ. Ҳоло мебинем, ки боз аҳзоб чӣ далелҳо доранд.»

Аммо Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, далоиле, ки парлумони дафъаи гузашта барои рад кардани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон оварда буданд, сиҳат надоштанд, зеро ҳоло 5 ҳизбе, ки ҳар яке дар парлумон ду намоянда дорад, аз зарфияти таъмини тамоми қитъаҳои интихоботӣ бо нозирон бархӯрдор ҳастанд. Вай афзуд, ҳар ҳизб агар дар интихоботи парлумонӣ 10 дарсади оро, яъне ҷонибдории 340 ҳазор нафарро ба даст оварда бошад, сипас таъмини 3200 қитъаи интихоботӣ мушкиле пеш намеорад.

Зоҳиран, аҳзоби мухолифи Тоҷикистон пешниҳоди худро хеле содда кардаанд ва ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, ҳадаф аз ин иқдом беҳбуди қонун аст, то шароит барои як интихоботи демократӣ фароҳам гардад. Ҳоло навбати порлумон хоҳад буд, ки аз нав ба ин пешниҳоди акнун ягона, посух диҳад.