Эълони деринтизори натиҷаҳои интихоботи баҳсбарангези Афғонистон умедвориҳоеро дар заминаи рафъи номуайяниҳои тӯлонӣ ваъда медод, вале бар хилофи интизориҳо, интихоби дубораи Ашраф Ғанӣ боиси эҷоди як бӯҳрони сиёсӣ шуд. Ҳоло ин вазъият метавонад сабаби ба хушунат печидани кишвар ва қатъи созиши сулҳи Амрико ва Толибон шавад.
Бо ин ки Ғанӣ барандаи ниҳоии интихоботи 28-уми сентябри соли 2019 эълон шуд, раиси ҳукумат Абдуллоҳ Абдуллоҳ ин натиҷаҳоро рад кард ва гуфт, ӯ баранда аст ва ҳушдор дод, ки ҳукумати худро таъсис хоҳад дод.
Ӯ баъд аз ин натиҷаҳои интихоботро “як кудато” номид ва ҳушдор дод, ки як “ҳукумати фарогир” таъсис хоҳад дод. Абдуллоҳ Абдуллоҳ инчунин мақомоти Кумисюни марказии интихоботро ба пуштибонӣ аз Ғанӣ гунаҳкор кард.
Муовини президент Ғанӣ фармондеҳи бонуфуз Абдуррашид Дӯстум рӯзи 19-уми феврал аз тарафдоронаш даъват кард, ки ба хиёбонҳо бароянд ва аз он чи ки ӯ ҳамчун пирӯзии Абдуллоҳ номид, таҷлил кунанд.
Баъди нашри натиҷаҳои ниҳоии интихобот рӯзи 18-уми феврал, бо вуҷуди сарф шудани миллионҳо доллар маблағ барои ҷараёни интихобот, ҷомеаи байналмилалӣ ба таври ғайримаъмулӣ ором буд. Маълум нест, ки оё Амрико хостори миёнҷигӣ дар ҳалли ихтилофи баамаломада миёни ду номзади калидӣ ҳаст, ё не.
Соли 2014, замоне ки ҳам Ғанӣ ва ҳам Абдулло дар бораи тақаллуби сартосарӣ шикоят карданд, Вашингтон созиши тақсими қудратро пешниҳод кард.
Дар ҳоле ки Ғаниву Абдулло ҷомеаҳои ба ҳам рақиби ақаллиятҳои миллиро намояндагӣ мекунанд, номзадии Ғаниро бисёр аъзои ҷомеаҳои тоҷикон, узбекҳо ва ҳазораҳо бо шубҳа пазируфтанд. Майкл Кугелман, пажӯҳишгари Маркази таҳқиқотии Вудроу Вилсон дар Вашингтон мегӯяд, “Афғонистон метавонад вориди як давраи нави бӯҳрони сиёсӣ шавад, дар ҳоле, ки дар роҳ ба сӯи сулҳ ин кишвар ба ваҳдати миллӣ эҳтиёҷ дорад”.
“Ҳама имкониятҳо аз даст рафтанд”
Ихтилофҳои сиёсӣ дар Кобул инчунин ба созиши сулҳи ИМА ва Толибон оид ба хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон таҳдид мекунад, ки қадами муҳим дар амри хатми ҷанги 19-сола дар Афғонистон ба ҳисоб меравад. Дар пайи 18 моҳи музокираҳои хастакунанда, Амрико ва Толибон ба тавофуқ расиданд, ки дар марҳилаи имзои созиш, ки қарор аст охири моҳ баргузор шавад, ҳафт рӯзи хатми хушунатҳоро ҷорӣ кунанд.
Вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи 18-уми феврал гуфт, ки созиши муваққатӣ дар панҷ рӯзи баъдӣ шурӯъ мешавад.
Як бахши созиши оташбаси доимӣ мегӯяд, ки Толибон бояд аз пайи барпо кардани музокироти мустақим бо ҳукумати Кобул бошанд, ки мавриди пуштибонии Ғарб ва дигар гурӯҳҳои маҳаллӣ аст.
Кугелман гуфт: “Натиҷаи бӯҳрони тоза эҷодшуда ва ҳам бӯҳрони сулҳ дар кишвар ба он бастагӣ дорад, ки то куҷо Абдуллоҳ таҳдиди худро дар заминаи таъсиси ҳукумати ҷудогона иҷро мекунад”.
Ӯ афзуд, “агар ӯ қарор кунад, ки ба хотири сулҳу субот бояд ақибнишинӣ кунад, хисороти ин тасмим маҳдуд мешавад. Вале агар қарор кунад, ки аз нияташ даст намекашад, пас, ҳама имкониятҳо аз даст меравад”.
Ба андешаи ин таҳлилгар, бо назардошти ин ки Абдулло дар гузашта се дафъа паи ҳам иддао кардааст, ки солҳои 2009 ва 2014 дар интихобот пирӯз шудааст, эҳтимол ӯ ин дафъа аз нияташ нагардад. Вале Эндрю Воткинс, таҳлилгари аршади масоили Афғонистон дар Гурӯҳи байналмилалии бӯҳронҳо бовар дорад, ки бӯҳрони сиёсӣ пеши роҳи ҷараёни сулҳро намегирад.
Ӯ мегӯяд, “чунин дарке вуҷуд дорад, ки ҷониби рӯ ба ҳукумат дар музокираҳои дохилии Афғонистон аз бархе шахсиятҳои мухолифони сиёсӣ ва ҳам мақомоти ҳукумати Афғонистон иборат мешавад”.
Воткинс мегӯяд, “шахсиятҳои сиёсӣ метавонанд чунин ҳисоб кунанд, ки маҳдуд кардани вокуниши онҳо ба натиҷаҳои интихобот ва таъмини пешрафти музокираҳои дохилӣ дар Афғонистон дар асл роҳи беҳтари таъмини манфиатҳои тарафдорон ва ҷомеаҳои онҳо мебошад”.
Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки нияти миёнҷигӣ дар ҳама гуна баҳсҳои интихоботӣ дар Афғонистонро надоранд. Бархе таҳлилгарон мутмаин нестанд, ки маъмурияти Трамп дар ин вазъият хоҳиши барпо кардани миёнҷигӣ бо масъулияти хеле баланд бошанд.
Вале шаҳодати он вуҷуд дорад, ки Вашингтон ба нигарониҳои раҳбарони гурӯҳҳои муҳими сиёсӣ гӯш медиҳад, чунки ахиран мақомоти амрикоӣ бо Абдулло ва муттафиқи калидии ӯ Дӯстум мулоқот барпо карданд.
Соли 2014 интихоботи пуршиддат ва олуда ба тақаллуби президентӣ Афғонистонро дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дод ва собиқ котиби давлатии Амрико Ҷон Керрӣ дар пайи татбиқи созиши тақсими қудрат миёни Ғанӣ ва Абдулло шуд.
Ин созиш боиси пайдо шудани мақоми нави раҳбари иҷроияи ҳукумат шуд ва Абдуллоро водор кард, ки аз шубҳаҳояш дар баробари натиҷаҳои интихобот дур шавад. Воткинс мегӯяд, “маълум нест, ки то куҷо Амрико миёнҷигӣ ё дахолат мекунад, вале маълум аст, ки ин кишвар дар ин ҷараён дигар мисли соли 2014 боз ва рӯшан иштирок намекунад”.
Саркӯб ё ҷобаҷогузорӣ?
Кумисюни мустақили интихоботӣ рӯзи 18-уми феврал гуфт, Ғанӣ бо 50,64 дарсади раъй, ки каме бештар аз меъёри ҳадди ақали пирӯзӣ аст, ғолиби интихобот номида шуд. Абдулло дар ин сабқат бо 39,52 дарсади овозҳо нафари дуюм дар интихобот номида шуд. Ин раъйдиҳӣ ҳамроҳ бо тақаллуб, мушкилоти фаннии дастгоҳҳои санҷиши санадҳои биометрӣ ҳангоми овоздиҳӣ ва ҳам ҳамлаҳои ҷангҷӯён гузашт.
Замоне ки натиҷаҳои пешакии интихобот моҳи декабр эълон ва Ғанӣ барандаи интихобот номида шуд, Абдулло натиҷаҳои 300 ҳазор раъйро зери суол бурд. Дар ин интихобот 1,8 миллион нафар, яъне камтарин шумори мардум иштирок карданд. Дар миёни баргаҳои мавриди шубҳаи Абдулло, тахминан 100 ҳазор пеш ва ё баъди соатҳои овоздиҳӣ партофта шудааст ва мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки ин иштибоҳ аст ва бо гуноҳи инсон рух додааст. Абдулло гуфт, ин овозҳо тақаллуб буда, ба манфиати Ғанӣ ҳисоб шудааст.
Бунёди интихоботи шаффофи Афғонистон, як созмони мадании воқеъ дар Кобул, ки аз интихобот назорат мекунад, гуфт, ки кори Кумисюни мустақили интихоботӣ шаффоф набуд ва кумисюн “ҳама меъёрҳоро нақз кардааст”.
Ин созмон гуфт, “эълони натиҷаҳои ниҳоии интихоботӣ як қарори комилан бофта аст” ва ҳамоно шумори зиёди шикоятҳо баррасиношуда мемонад.
Бунёди интихоботи шаффофи Афғонистон гуфт, Кумисюни мустақили интихоботӣ аз натиҷаҳои муқаддамотӣ 453 баргаро хориҷ кард, дар ҳоле ки тахминан 300 ҳазор раъйи дигар мавриди суол мемонад.
Одил Одилӣ, як муҳаққиқи шабакаи таҳлилгарони Афғонистон, ки як муассисаи таҳқиқотӣ дар Кобул аст, мегӯяд, баъди ин вазъ метавонад аз рӯи ду сенария пеш биравад: Ғанӣ метавонад “ҷиноҳи Абдуллоҳро, ки бо назардошти ширкати гурӯҳҳои азим дар дохили он хатарнок мебошанд, саркӯб кунад ваё баръакс, барои ҷиноҳи Абдуллоҳ дар ҳукумати нав ҷой диҳад”.
“Иштибоҳҳо”
Абдулло аз ҷониби ҳизби “Ҷамъияти исломӣ”-и иборат аз аксар тоҷикон, ҳизби “Ваҳдат”, ки аксар аъзояш ҳазораҳо мебошанд ва ҳизби “Ҷунбиш”-и Дӯстум, генерали бонуфузи узбактабор, ки дар поймолшавии ҳуқуқи инсон гунаҳкор мешавад, пуштибонӣ мешавад. Ҳамаи ин се ҳизб рӯзи 19-уми феврал Абдуллоҳро бо “пирӯзӣ” табрик карданд.
Ҳатто пеш аз эълони натиҷаҳои интихобот, Дӯстум таҳдид карда буд, ки агар нигарониҳои ӯ ба эътибор гирифта нашавад, ҳукумати ҷудогонае таъсис медиҳад.
Таҳлилгарон гуфтанд, ин таҳдидҳо на фақат фирқаҳои сиёсӣ, балки қавмӣ дар Афғонистонро таъкид мекунад.
Одилӣ гуфт, паёмадҳои сиёсии танишҳои қавӣ дар натиҷаҳои интихобот ҳам ба чашм расид. Ӯ гуфт, аз 34 минтақаи Афғонистон “18 вилоят ҳамагонӣ барои Абдулло ва 16 минтақа ба ҷонибдории Ғанӣ овоз додаанд”.
Кугелман гуфт, Абдулло бештар ба пуштибонии ғайрипаштуҳо умедвор аст ва бӯҳрони идомаёбанда дар масоили қавмӣ собит мекунад, ки татбиқи ҷараёни ҳамагонии тавофуқи миллӣ дар кишвар бо мушкилӣ пеш меравад.