Таносуби 20 ба 80: пули нақд дар дасти мардум мемонад

20 бар 80. Аз ҳаҷми умумии пули нақде, ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, ҳамагӣ 20 дарсади он дар хазинаи бонкҳову ташкилоти молиявӣ маҳфуз буда, боқӣ 80 дарсади дигари маблағҳои мардум дар кунҷи сандуқ, ҷилди болишту дохили ҷӯробҳо нигоҳ дошта мешудаанд.

Маоше, ки ман дарёфт мекунам барои захира кардан намерсад. Корманди кироякор ҳастам, дар сохтмон кор мекунам. Як ҳаҷми корро буд мекунем, ҳақамонро мегирем, ки барои ҳамин хароҷоти рӯзгор мерасаду тамом. Дар фикри пасандоз кардан ҳам нестем

Бонки ҷаҳонӣ дар як пажӯҳиши тозаву фарогире, ки ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон ихтисос ёфтааст, муайян кардааст, ки 80 дарсади маблағҳо берун аз системаи молиявии кишвар нигоҳ дошта мешаванд.

"Ҳаҷми маблағҳое, ки мардум берун аз системаи молиявӣ нигоҳ медоранд, хеле зиёд буда, 80 дарсади кулли пулҳои нақди вуҷудоштаро ташкил мекунанд (денежная масса). Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеа бо худ нигоҳ доштани пулро аз амонат гузоштан дар бонкҳо бартар медонанд",- навиштаанд муаллифони ин гузориш.

Нобоварӣ ба бонкҳо пулҳоро зери болишт мекунад

Боварии ночизи аҳолӣ ба амнияти пасандозҳояшон дар бонкҳо ва хавфи ин, ки дар ҳолати бӯҳронӣ беҳимоят мемонанд, онҳоро водор мекунад, ки пулҳои худро дар дасти худ нигоҳ доранд, мегӯянд иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳонӣ.

Пасандозҳоро дар куҷо нигоҳ медоред? (ВИДЕО)

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вокс-поп: Пасандозҳоро дар куҷо нигоҳ медоред?

"Як вижагии Тоҷикистон, ин аст, ки иқтисоди кишвар аз интиқоли пулии муҳоҷирони корӣ аз хориҷ бисёр вобаста аст. Дар миёни давлатҳои ҷаҳон кишварҳое бо чунин иқтисод кам нестанд",- мегӯяд ин гузориш. Аммо вижагии Тоҷикистон, ки иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳониро дар ҳайрат гузоштааст, ин хеле кам будани мизони пасандозҳои мардум дар бонкҳо мебошад. Манзури мутахассисони БҶ ҳолати пеш аз бӯҳрони бонкӣ дар Тоҷикистон аст, ки баъди соли 2014 ба ин тараф ҷараён дорад.

T

Ба мисли Тоҷикистон кишварҳое мисли Ҳаитӣ, Непал ва Молдова низ аз интиқолҳои пулии муҳоҷиронашон вобаста ҳастанд. Аммо мизони пасандозҳои аҳолии ин кишварҳо дар бонкҳо аз 15 дарсади ММД (маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) бештар аст.

Пасандозҳои мардум дар Тоҷикистон ҳамагӣ ба 0,4 дарсади ММД баробар будааст. Иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳонӣ гуфтаанд, то ба ҳол ба фаҳми он нарафтаанд, ки чаро "мизони пасандозҳо дар Тоҷикистон то ба ин ҳад поин аст".

Пул набошад, аз куҷо пасандоз кунем?

Аммо бархе сокинони Тоҷикистон, ки мо ба онҳо бо суоли "пасандозатонро дар куҷо нигоҳ медоред?" муроҷиат кардем, гуфтанд, даромади онҳо ба зӯр хароҷоташонро мепӯшонад ва барои пасандоз кардан кифоя намекунад.

“Маоше, ки ман дарёфт мекунам барои захира кардан намерсад. Корманди кироякор ҳастам, дар сохтмон кор мекунам. Як ҳаҷми корро буд мекунем, ҳақамонро мегирем, ки барои ҳамин хароҷоти рӯзгор мерасаду тамом. Дар фикри пасандоз кардан ҳам нестем”, мегӯяд, устои сохтмон Исо Раҳимов.

Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, дар шароити ҳозира ба устувории бонкҳо чандон боварӣ нест ва маблағҳои изофиашонро на барои рушд ва сармоягузорӣ ба ояндаи худу фарзандон, балки барои ҳалли мушкилотии имрӯзаашон, мисли хариди хона, тилловорӣ ва ё маблағгузорӣ ба тиҷорати хурде равона мекунанд.

Ҷалолиддин Аҳмадов, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, бонкҳо дар Тоҷикистон эътимоди мардумро аз даст доданд ва аз ин рӯ ӯ ният дорад, маблағҳои пасандозашро ба бизнес равона кунад. "Корхона мекушоям ва онро фаъол мекунам, то ҳам ман пул кор кунаму ҳам барои мардум ҷои кор пайдо шавад",-афзуд Аҳмадов

Ҷилди болишт аз бонкҳо амнтар аст?

Проффессор Нуриддин Қаюмов мегӯяд, онҳое ҳам, ки дар Тоҷикистон пасандоз доранд, кӯшиш мекунанд, ин пулҳоро дар дасти худ нигоҳ доранд, чун дар ду даҳсолаи охир бонкҳо ду дафъа амонатдоронро фиреб доданд.

"Бори аввал соли 1990. Бори дуввум соли 2015, ки якбора 4 бонки тиҷоратӣ пардохтнопазир шуд. Амонати шахсан худи ман соли 1991 сӯхт. Ман дигар амонат нагузоштам дар бонк. Ва хато ҳам накардам, чун чанде аз дӯстонам, ки дар "Тоҷиксодиротбонк" амонат гузоштаанд, наметавонананд пулҳояшонро бозпас бигиранд".

Қаюмов гуфт, ҳоло қонугузории марбут ба соҳаи бонкӣ бештар аз манфиати давлат ҳимоят мекунад, ҳол он, ки тибқи Конститутсия нахуст амонатгузорон бояд, пулҳои худро аз бонк бигиранд, баъдан дигарон.

Ин иқтисоддони тоҷик мегӯяд, барои барқарории эътимоди мардум бонкҳо бояд солҳо боз заҳмат кашанд, ки ин ба иқтисоди кишвар бетаъсир намемонад.

“Пул бояд дар гардиш бошад, на ин ки дар кунҷи сандуқ хобад. Аммо мардум ба бонкҳо, ки бовар надоранд, сандуқро авлотар медонанд”.

Қаюмов гуфт, пул ва молия хуни иқтисодиёт аст ва дар сурати аз даст рафтани эътимод, он аз гардиш мемонад. Аз рӯ давлат барои бозгардони эътимоди мардум ва ба гардиш даровардани сармоҳо бояд сареъ амал кунад.