Муҳоҷирони тоҷик дар Русия худро мусулмони ботақво мешуморанд, вале бино бар сангинии кор наметавонанд, ҳамаи фарзу суннатҳоро ба ҷо оранд. Як қисми онҳо мегӯянд, намоз намехонанд, зеро барои ин вақт надоранд, аммо 31 дарсади онҳо ба камияш ҳафтае як бор -- ҷумъаҳо барои намози ҷамоа ба масҷидҳо мераванд.
Тақрибан 18 % муҳоҷирон ё ҳар нафари 5-уми онҳо бовар дорад, ки “муборизаи мусалмонҳо барои эътиқод як амри зарурист”. Онҳо афзудаанд, ки ҳарчанд шароит надоранд, худ ба ҷанг раванд, зеро бояд зиндагии хонаводаҳои худро таъмин намоянд, аммо омодаанд, “ҷиҳод”-ро сармоягузорӣ кунанд.
Ин маълумот дар натиҷаи як пажӯҳише ба даст омад, ки Маркази назарсанҷии «Шарқ» соли равон дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Екатеринбург ва дар миёни 725 шаҳрванди Тоҷикистон анҷом дод. Дар ин назарсанҷӣ намояндагони қишрҳои мухталифи муҳоҷирон – аз коргарони мавсимӣ (асосан сокинони рустоҳои Тоҷикистон - 61 % пурсидашудаҳо) сар карда, то аъзои созмонҳои муҳоҷирон, ҳамчунин насли хурдсоли муҳоҷирон, ки аз 10-12-солагӣ ба Русия рафтаанд, ширкат кардаанд.
Саодат Олимова, муҳаққиқи тоҷик мегӯяд, ҳадафи назарсанҷӣ рӯшан кардани мавқеи дини Ислом дар зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва ҳам нақши масҷид дар ташаккули ҳувияти мазҳабии онҳо буд. Ба гуфтаи Олимова, ин далел, ки муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бо ҳадафҳои иқтисодӣ сурат мегирад, ба тамоми шароити зиндагиву кори онҳо таъсиргузор шудааст.
Бинобар натиҷаҳои таҳқиқот, 48% муҳоҷирон 5 бор дар рӯз намоз мехонанд ва зарур бошад, дар маҳалли кори худ ҳам ин фаризаи диниро иҷро мекунанд. Саодат Олимова таъкид мекунад, ки мавзӯи эътиқоду дин муҳимтарин мавзӯест, ки зеҳни муҳоҷирони кориро машғул мекунад ва ба ҳама паҳлӯҳои зиндагии онҳо таъсир дорад. Ӯ мегӯяд, чунин тасаввуре ҳосил мешавад, ки назар ба Тоҷикистон, шаҳрвандон дар муҳоҷират бештар мазҳабӣ мешаванд:
«Азбаски зиндагии онҳо дар байни ду кишвар асту мавқеи имрӯзаашон ба таври пурра ба қонунгузории Русия ва ё Тоҷикистон мутобиқат намекунад, барояш шариати исломӣ ҳамон қонуне шудааст, ки ҳаёти иҷтимоиашонро танзим мекунад. Аз ҳамин хотир, масҷид муассисаи муҳими адаптатсия ё мутобиқшавии тоҷикон ба зиндагӣ дар Русия шудааст. Ин масҷидҳо барояшон ҳам дар ташкили иртибороти иҷтимоӣ мусоидат карда ва ҳам ба гунае нақши як бунгоҳи иттилоотиро барои пайдо кардани ҷавоб ба саволҳои марбут бакору манзил ё суғуртаи тиббӣ мебозад».
Ба ин суол,ки то куҷо нақши масҷид барои ҷалби шаҳрвандон ба ҷангҳои Сурия муҳим аст, Саодат Олимова гуфт, ин андеша ғалат аст, зеро ҳама муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо дар Русия таҳти назорат қарор доранд. Онҳое, ки ба ҷангҳо ҷалб мешаванд, бештар аз роҳи шабакаи ҷаҳонии Интернет ин ақидаҳоро пайдо ва сафари худро ба Сурия тавассути мубаллиғони ҷиҳод танзим мекунанд:
«Азбаски мавзӯъ хеле ҳассос аст, мо ин масъаларо эҳтиёткорона омӯхтем. Бардошти мо ин шуд, ки ин масъала ду тараф дорад: як тараф ба истилоҳ таблиғгарони касбӣ ҳастанд, ки дар ҷангҳои Чеченистон иштирок карданд ва дар ҷангҳои хориҷӣ ҳам таҷриба андӯхтаанд. Инҳоро қотилони касбии ҷангӣ (военные киллеры) номидан мумкин аст, ки шуморашон чандон зиёд нест. Тарафи дигар гурӯҳи сершумори пайравони равияи Салафия ҳастанд, ки аз исломи суннатӣ канор рафтаанд.”
Мушоҳидаи дигари пажуҳишгоҳи “Шарқ” ин будааст, ки ҷаҳонбинии мазҳабии 48 % пурсидашудаҳо баъди зиндагӣ дар Русия дигар ва бештар глобалӣ шудаст. Саодат Олимова мегӯяд, мизони пуштибонии муҳоҷирон аз ақидаҳои ифротӣ нисбати ин раванд дар Тоҷикистон бештар аст. Инҳо асосан мардҳои ҷавононанд ва ин далел, ки ҷавонмардҳо аз мазҳаби худ даст кашида ба ҷараёнҳои дигар, мисли салафия ҳамроҳ мешаванд, заминаҳои воқеӣ дорад.
Саодат Олимова меафзояд, “вақте бачаҳо, масалан, аз Чорқишлоқи Исфара ба Русия мераванд, мебинанд, ки масҷидҳо афроди комилан мухталифро сарҷамъ меоранд. Дар масҷиди Чорқишлоқ онҳо танҳо бо хешу ақрабо, ҳамсояҳо ва муллову имоми шиноси худ сару кор доштанд. Дар Маскав, дар масҷиди марказии Хиёбони Сулҳ, масалан, онҳо мебинанд, ки дар зери як шифт озарбойҷониҳои шиамазҳаб, дар ҷои дигар, бадахшониҳои исмоилӣ, шофеиҳо, ҳанбалиҳо намоз мехонанд. Онҳо мебинанд, ки ҳама бо шеваҳои мухталиф намоз мехонанд. Аввал онҳо дар ҳайрат мемонанд, баъд одат мекунанд. Ва ниҳоят, худи ҳамин ҷараёни муҳоҷират маҷбур мекунад, ки аз локализм ё тафаккури маҳдуди худ даст кашида, рафтори худро мутобиқ ба меъёрҳои ин маҳал дигар кунанд. Дар ниҳоят,ин тағйироти зеҳнӣ, ки ба дину мазҳаб ҳам таъсир мегузорад, онҳоро ба як раванди ҷаҳонии Ислом шомил мекунад. Асос ин аст, ки ҳамаи онҳо ба китоби муқаддаси Қуръон эътиқод доранд”.
Дар солҳои охир шаҳру вилоятҳои Русия маҳалли аслии кор барои наздики 2 миллион сокини Тоҷикистон шудааст. Дар миёни онҳо, муҳоҷирони кории ботаҷрибае ҳастанд, ки бо фарорасии баҳор тарки ватан мекунанд ва то мавсими зимистон дар он ҷо зиндагӣ мекунанд. Аксар муҳоҷирони тоҷик дар риштаҳои сохтмону тиҷорат кор ва дар шароири сарҷамъ зиндагӣ мекунанд.