Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як изҳороти тоза ба сокинон дастур (супориш) додааст, ки аз таҳияи дастархони, ба қавли ӯ, серхарҷи идона худдорӣ кунанд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми июн ва баъд аз чанд лаҳзаи эълони санаи дақиқи Иди Фитр дар Тоҷикистон дар вебсайти расмиаш хитоб ба мардум гуфт, “дастархони хоксорона ороста, ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд, сарфаю сариштакор ва босабру таҳаммул бошанд.”
Бар пояи тасмими Шӯрои уламо, Иди Рамазон рӯзи душанбеи 26-уми июн таҷлил шуда, замони баргузории намози ид дар ҳамаи масҷидҳои кишвар соати шаши субҳ будааст.
Қаблан мақомоти расмӣ дар суҳбат бо сокинон дар гӯшаҳои кишвар хоста буданд, ки дастархонаи идонаи худро хоксорона оро дода, барои худнамоишдиҳӣ зери бори қарз намонанд. Ҳатто аз сокинон дархост шудааст, ки махсусан аз харидани қандҳои гаронбаҳо ва писта, ки нархи як килои он то сад сомонӣ ва аз он болост, худдорӣ намоянд.
Ин машварат баҳси гармеро дар бораи “идгардак”, яке аз анъанаҳои маъмул дар Тоҷикистон, ба вуҷуд овард. Баъдан мақомоти Кумитаи дин гуфтанд, ки “идгардак” манъ нашуда, балки даъвати онҳо барои камхарҷ кардани дастархонаи идонаи сокинон аст. Бархе аз мардум аз ин иқдом тарафдорӣ карда, баъзеи дигар инро дахолат ба умури хонавода номидаанд, ки ҳар кас мувофиқи хост ва тавоноиаш дастархони идонаро оро медиҳад.
26 июн – Санаи дақиқи Иди Фитр дар Тоҷикистон
Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, санаи дақиқи Иди Фитр дар кишварро эълон кард. Бар пояи тасмими Шӯрои уламо, Иди Рамазон рӯзи душанбеи 26-уми июн таҷлил шуда, замони баргузории намози ид дар ҳамаи масҷидҳои кишвар соати шаши субҳ будааст.
Ҷаласаи аъзои шӯрои уламо рӯзи 22-юми июн баргузор шуд ва ин ҳайат мизони садақаи фитр барои ҳар нафарро 5 сомонӣ муқаррар кардааст.
Рӯзи гузашта Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон низ эълон карда буд, ки Иди Рамазон дар кишвар рӯзи 26-уми июн фаро мерасад. Баъзе аз кишварҳои дигари мусалмонӣ, аз ҷумла Қирғизистони ҳамсояи Тоҷикистон, гуфтанд, ки рӯзи якшанбеи 25-уми июн Иди Фитрро таҷлил мекунанд.
Видеоро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Соли гузашта пеш аз Иди Фитр тамоми мансабдорони Тоҷикистон муваззаф шуда буданд, ки садақаи фитрашонро ба эҳтиёҷмандону ятимон бидиҳанд.
Хурсанд Ибоддинов, раиси Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, бино ба ҳисоби онҳо "25-уми июн рӯзи охири рӯзадорист". Ибоддинов мегӯяд, дар аввалу охири ҳар моҳ дидану мушаххас кардани моҳ каме мушкил аст ва, аз ин рӯ, баъзан ҳангоми таъини рӯзу иди моҳи Рамазон миёни кишварҳо ихтилофи назар пеш меояд.
Шӯрои уламо дар тақвими моҳи шарифи Рамазон, ки як моҳи пеш нашр карда буд, 25-уми июнро рӯзи охири Рамазон таъин кардааст. Бино ба ин тақвим, рӯзи Иди Рамазон ба 26-уми июн рост меояд.
Дар гузашта низ дар таъини оғозу охири моҳи Рамазон дар Тоҷикистон ихтилофи назар вуҷуд дошт. Баъзе аз сокинон як рӯз пеш ва бархеи дигар як рӯз қафо рӯза гирифта, ҳамин тавр, дар таҷлили Иди Фитр мушкил доштанд. Баъдан мақомот гуфтанд, ки сокинон бояд аз тақвими Шӯрои уламо итоат карда, дар рӯзҳои таъиншуда рӯза доранд ва идро таҷлил кунанд.
Иди Рамазон, яке аз ду иди мусалмонист, ки дар тақвими Тоҷикистон бо хатти сурх ишора шуда, истироҳати расмист. Дар ин рӯз сокинон ба хонаи якдигар рафта ва ба дармондаҳо дасти кумак дароз мекунанд. Аммо шодии ин ид пеш аз ҳама насиби кӯдакон аст, ки ба қавле, ҳанӯз чашми рӯз накафида ба пушти дари ҳамсояҳо ва хешовандони наздики худ рафта, ҳадя мегиранд.
Соли гузашта пеш аз Иди Фитр тамоми мансабдорони Тоҷикистон муваззаф шуда буданд, ки садақаи фитрашонро ба эҳтиёҷмандону ятимон супурда, дар ин бора гузориши расмӣ пешниҳод кунанд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ бо амри расмӣ хоста буд, ки садақаи фитр ба ҳеҷ ваҷҳ ба рӯҳониёну афроди сарватманд дода нашавад. Ӯ ҳамчунин аз раҳбарияти Шӯрои уламо ва Кумитаи дин хост, дар рӯзи Иди Рамазон ба хонаи афроди доро нарафта, беҳтараш аз ҳоли сокинони дастнигар хабар гиранд.