Рӯзи 8 август мусалмонони сокини Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех дар ду макони алоҳида намози иди Фитрро барпо карданд.
Ба гуфтаи шоҳидон, тақрибан 200 нафар ҳанӯз соати шашуними субҳи 8 август барои адои намози ид дар масҷиди кӯчаи Пивоварска, маъруф ба “масҷиди туркҳо” саф кашиданд.
Аммо аҳли ду масҷиди дигари Прага – яке воқеъ дар наздикии истгоҳи метрои “Черний мост” ва дувумӣ дар як манзил дар маркази пойтахти Чехия, ки дар байни мусалмонони муқими ин ҷумҳурӣ ҳамчун “масҷиди арабҳо” маъруфанд, соати ҳаштуним барои намоизи иди Фитр саф кашиданд.
Масъулони ин ду масҷиди “арабҳо” соли дувум аст, ки барои анҷоми намозҳои иди Рамазону иди Қурбон варзишгоҳҳои бузургро иҷора мегиранд. Имсол намози иди онҳо бо ширкати садҳо нафар дар варзишгоҳи “Арена Спарта”, дар минтақаи Либени Прага доир шуд. Масъулони масҷиди марказии Прага шумори намозгузорон дар “Арне Спарта”-ро то 1000 нафар баршумурданд.
Ба фарқ аз Тоҷикистон, ки ширкати занону ноболиғон дар намозҳои масоҷидро манъ кардааст, дар ҳарду намози иди доиршуда дар Прага занон ҳаққи ширкат доштанд. Аксари хонаводаҳо ба намоиз ид кӯдакони худро ҳам оварданд.
Дар Ҷумҳурии Чех таъсиси масҷидҳои мусалмонӣ расман иҷозат дода нашудааст, вале масҷидҳо тақрибан дар ҳамаи шаҳрҳои асосии ин кишвар дар зери чатри “марказҳои исломӣ” вуҷуд доранд ва амал мекунанд. Нахустин чунин масҷид соли 1998 дар Брно – дувумин шаҳри бузурги Чехия – боз шуд. Соле баъд чунин масҷидҳо дар Прага ва баъдан дар Теплитсаву чанд шаҳри дигари Ҷумҳурии Чех таъсис ёфтанд.
Бо онки дини суннатии роиҷ дар Ҷумҳурии Чех масеҳият ба шумор рафта, дар ин кишвар таърихан равияи католикии дини масеҳӣ роиҷтар будааст, бино ба назарсанҷиҳо, “бехудотарин” кишвар дар қораи Аврупо ба шумор меравад. Дар назархоҳиҳо то 55 дарсади сокинонаш худро дар назархоҳиро “атеист” муаррифӣ мекунанд.
Бино ба ҳисобҳо, феълан дар ин кишвар то 27 000 мусалмон зиндагӣ мекунад. Аммо шумори аҳолии мусалмони Чехия асосан аз ҳисоби муҳоҷират аз кишварҳои мусалмоннишини Ховари Миёнаву Африқо пайваста меафзояд.Тайи солҳои охир шумори мусалмонони сокини Ҷумҳурии Чех аз ҳисоби мардумоне, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бештар аз Қазоқистону Узбакистон ба инҷо барои мардикорӣ ё зиндагии доимӣ меоянд, низ афзоиш меёбад..
Шумори андаке аз аҳолии маҳаллӣ низ ба Ислом гароидааст. Инҳо асосан занону духтаронеанд, ки ба арабҳо ё дигар ақвоми мусалмон шавҳар мекунанд.
Вале даҳҳо нафар чеху словак ҳам ҳаст, ки ақидатан ба Ислом пайвастаанд. Аз ҷумла муовини имомхати масҷиди марказии Прага Владимир Санка зодаи Чехия ва миллаташ ҳам чех аст, ки баъди қабул кардани Ислом номи Умарро гирифтааст.
Аммо аҳли ду масҷиди дигари Прага – яке воқеъ дар наздикии истгоҳи метрои “Черний мост” ва дувумӣ дар як манзил дар маркази пойтахти Чехия, ки дар байни мусалмонони муқими ин ҷумҳурӣ ҳамчун “масҷиди арабҳо” маъруфанд, соати ҳаштуним барои намоизи иди Фитр саф кашиданд.
Масъулони ин ду масҷиди “арабҳо” соли дувум аст, ки барои анҷоми намозҳои иди Рамазону иди Қурбон варзишгоҳҳои бузургро иҷора мегиранд. Имсол намози иди онҳо бо ширкати садҳо нафар дар варзишгоҳи “Арена Спарта”, дар минтақаи Либени Прага доир шуд. Масъулони масҷиди марказии Прага шумори намозгузорон дар “Арне Спарта”-ро то 1000 нафар баршумурданд.
Дар Ҷумҳурии Чех таъсиси масҷидҳои мусалмонӣ расман иҷозат дода нашудааст, вале масҷидҳо тақрибан дар ҳамаи шаҳрҳои асосии ин кишвар дар зери чатри “марказҳои исломӣ” вуҷуд доранд ва амал мекунанд. Нахустин чунин масҷид соли 1998 дар Брно – дувумин шаҳри бузурги Чехия – боз шуд. Соле баъд чунин масҷидҳо дар Прага ва баъдан дар Теплитсаву чанд шаҳри дигари Ҷумҳурии Чех таъсис ёфтанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад