Охирҳои моҳи март Радиои Озодӣ матлаберо нашр карда буд, ки аз роҳи дарози мактаббачаҳои деҳаи Чилтории ҷамоати деҳоти Сарихосор ҳикоят мекард. Ин мактабиён ҳар рӯз барои дарс хондан дар мактаб 7 километр роҳро тай мекунанд ва дар рӯзҳои барфу борон аз мактаб маҳруманд. Дар 10 соли таҳсил онҳо маҷбуранд, ба камияш 14 000 киолметр роҳро пиёда тай намоянд. Камшумории хонандагон сабаб гаштааст, ки дар худи деҳа мактабе сохта нашавад.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар посухи худ мегӯяд, "дар ҳақиқат аз сабаби дур будани муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ аз маҳалли зист ҳамасола як қисми кӯдакон ба таҳсил фаро гирифта намешаванд", аммо вазорат дар пайи ҳалли ин мушкилот ҳаст ва барномаеро омода кардааст, барои чунин хонандагон мактабҳои хурд ё хобгоҳҳо дар маҳалли мактабҳое, ки аз манзили онҳо дуранд, сохта шаванд. Дар зер матни посухи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешкаш мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷавоб ба мақолаи «14000 километр роҳи пиёда барои хатми мактаб» (Маҳмудҷони Раҳматзода, радиои «Озодӣ», 22.04.2015)
Вобаста ба мақолаи «14000 километр роҳи пиёда барои хатми мактаб», ки журналист Маҳмудҷони Раҳматзода дар радиои «Озодӣ» нашр намуд, иттилоъ бояд дод, ки мувофиқи моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ваколатдор аст, ки барномаҳои маҳаллии рушди соҳаи маорифро бо назардошти хусусиятҳои миллӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, демографӣ ва дигар махсусиятҳо таҳия намуда, онро амалӣ гардонад.
Ҳамчунин, шароити мусоидро барои инкишофи заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф таъмин намояд.
Барои аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ дур нашудани хонандагон тадбирҳо андешида, ҷалби онҳоро ба зинаҳои минбаъдаи таҳсилот назорат намояд.
Ҳамзамон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз таҳсил дур мондани кӯдакони синни мактабӣ изҳори нигаронӣ менамояд ва барои ба таҳсил пурра фаро гирифтани кӯдакони синнимактабӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.
Ба иттилои Шумо мерасонем, ки дар ҳақиқат аз сабаби дур будани муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ аз маҳалли зист ҳамасола як қисми кӯдакон ба таҳсил фаро гирифта намешаванд. Дар ин замина мактубҳои вазири маориф ва илм аз 25.07.2013, № 06/1-800, аз 05.06.2014, №06/1-396, аз 01.03.2015, №06/1-211 ҷиҳати табдил додани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ба миёнаи умумӣ ва пурра ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон, ба унвони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ирсол гардида буданд, ки дар натиҷа 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ба таҳсилоти умумии асосӣ ва 34 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ба миёнаи умумӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Балҷувон 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ба асосӣ ва 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ба таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуданд ва ин имконият медиҳад, ки хонандагон баъд аз хатми зинаи якуми таҳсилот дар маҳалли зисташон ба зинаи дуюм ва сеюми таҳсилот ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Дастгирии иқдоми мазкур аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буд, ки дар ҷумҳурӣ шумораи хонандагони аз таҳсил берунмонда аз 2630 нафари соли хониши 2012-2013 дар соли хониши 2014-2015 ба 275 нафар расид.
Дар доираи амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.08.2008, №436 «Дар бораи Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд», дар давоми солҳои 2009-2014 аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосии ба Вазорати маориф ва илм пешбинигардида, барои аз хонаҳои шахсӣ баровардани мактабҳо дар ноҳияи Балҷувон 6 мактаб сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла:
- 4 синфхона барои 96 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таҳсилоти умумии №27, деҳаи Дашти Кулукои ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон;
- 3 синфхона (72 ҷойи нишаст) барои филиали муассисаи таҳсилоти умумии №43-и деҳаи Резгаии ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон;
- 4 синфхона барои филиали муассисаи таҳсилоти умумии №3-и деҳаи Ғулаки Заррини ҷамоати деҳоти Саталмуши ноҳияи Балҷувон;
- 4 синфхона барои филиали муассисаи таҳсилоти умумии №4-и деҳаи Калтачинори ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон;
- 4 синфхона барои филиали муассисаи таҳсилоти умумии №14-и деҳаи Дашти Гулҳои ҷамоати деҳоти Саталмуш;
- 4 синфхона барои филиали муассисаи таҳсилоти умумии №19-и деҳаи Сияҳтути ҷамоати деҳоти Сари Хосор.
Илова ба ин, соли 2009 мактаб барои 640 ҷойи нишаст дар маркази ноҳияи Балҷувон сохта ба истифода дода шуд.
Соли равон дар ноҳияи Балҷувон сохтмони бинои маъмурии шӯъбаи маорифи ноҳия ва сохтмони бинои хобгоҳ барои 450 кат дар назди муассисаи таҳсилоти умумии № 1 идома дорад. Қобили тазаккур аст, ки бинои хобгоҳ барои кӯдакони синни мактабие пешбинӣ шудааст, ки дар маҳалли зисташон муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти умумии асосӣ ва ё миёнаи умумӣ надоранд ва барои идомаи таҳсил дар муассисаи таълимии ҳамсоядеҳа масофаи зиёдеро тай мекунанд. Хонандагони аз таҳсил дурмонда бо хобгоҳ таъмин ва ба муассисаи таҳсилоти умумӣ ҷалб мегарданд.
Инчунин, сохтмони муассисаи таҳсилоти умумии №2 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Чорбоғ, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, аз ҳисоби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли равон оғоз карда мешаванд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати кишвар мушкилоти ҷойдошта роҳи ҳалли худро меёбад.
Дафтари матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон